Ҳамос: Номи шаҳид Ғуморӣ дар сафаҳоти таърих сабт хоҳад шуд

Ҳамос: Номи шаҳид Ғуморӣ дар сафаҳоти таърих сабт хоҳад шуд

Шохаи низомии Ҳамос: “Номи шаҳид Ғуморӣ дар сафаҳоти ифтихори таърих сабт хоҳад шуд”

Ахбори байналмилал

Ба гузориши Фаластин онлайн, гурдонҳои шаҳид Иззуддин Қассом, шохаи низомии ҷунбиши Ҳамос, шаҳодати раиси Ситоди кулли артиши Яманро ба уммати арабӣ ва исломӣ, миллати Яман ва ҷунбиши Ансоруллоҳ, бавежа Сайид Абдулмалик Ҳусӣ, раҳбари Ансоруллоҳи Яман таслият гуфт.

Дар ин баёния омадааст: “Фармондеҳи ҷиҳодии бузург, сарлашкар Муҳаммад Абдулкарим Ғуморӣ, ба ҳамроҳи ҷамъе аз бародаронаш, дар роҳи Қудс, дар шарифтарини набардҳо, дар дифоъ аз Масҷидулақсо ва Фаластин ва дар чорчӯби набарди мубораки пуштибонӣ аз Ғазза, ки Ямани бузург оғозгари он буд ва то охирин лаҳазот қабл аз таваққуфи таҷовузот дар он идома ёфт, ба шаҳодат расид.

Гурдонҳои Қассом ҳамчунин ёди ҳамаи шуҳадои миллати Яман ва озодагони умматро, ки дар набарди пуштибонӣ аз Ғазза ба шаҳодат расидаанд, гиромӣ дошт ва таъкид кард: “Хуни онҳо бо хуни кӯдакон, шуюух, занон, ҷавонон, муборизон ва раҳбарони Ғазза даромехтааст.”

Шохаи низомии ҷунбиши Ҳамос итминон дод, ки номи ин бузургон ва қаҳрамониҳояшон дар сафаҳоти ифтихор сабт хоҳад шуд ва таърих бо ифтихор аз ҳар кас, ки аз миллати Фаластин ҳимоят карда, ёд хоҳад кард.

Гурдонҳои Қассом, Ямани имон ва ҳикматро, ки мавозее ифтихоромез дар роҳи Худо, дифоъ аз Масҷидулақсо ва пуштибонӣ аз ҳомиён ва марзнишинони савоҳили Асқалон иттихоз карда, мавриди ситоиш қарор дод.

Ин ҷунбиш ҳамчунин ваъда дод: “Ба зудӣ тасовири шуҳадои онҳо дар саҳнҳои Масҷидулақсои муборак, рӯзе, ки фарзандони уммати мо онро озод ва пок аз палидии ишғолгарон мулоқот кунанд, барафрошта хоҳад шуд.”

Гурдонҳои Қассом сиёсати терурҳои буздилонаро шикастхӯрда хонд ва таъкид кард: “Хуни фарзандони миллат ва уммат ва раҳбарони мо: Исмоил Ҳаниа, Яҳё Синвор, Солеҳ ал-Орурӣ, Муҳаммад Зайф, Сайидҳасан Насруллоҳ, Ҳоҷ Рамазон, Муҳаммад Ғуморӣ ва корвони бузурге аз бародаронашон, чароғе хоҳад буд, ки роҳи каромат ва озодиро барои мо равшан мекунад.”

Гурдонҳои Қассом итминон дод, ки ин шаҳодати муборак, ҷуз бар қудрат, сабот, салобат ва азми бародарони содиқ барои идомаи роҳи Қудс то пирӯзӣ ва озодӣ, нахоҳад афзуд.

qalamonline.net

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мероси миллатҳо
Паёми таслияти раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон дар паи шаҳодати Муҳаммад Абдулкарим Ғуморӣ

Матолиби пурбоздид