“Ҳамос омодаи идомаи набард аст”
“Пирӯз хоҳем шуд”
Ахбори байналмилал
Яке аз руасои ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин (Ҳамос) гуфт: “Мо омодаи идомаи набард ҳастем, ҳол ҳар андоза, ки мехоҳад, тӯл бикашад.”
Ба гузориши Алҷазира, Сомӣ Абӯзуҳрӣ, рӯзи шанбе дар нишасти “Тӯфон ал-Аҳрор” дар Истанбули Туркия афзуд: “Исроил воридкунандаи силоҳ аст, аммо муқовамат силоҳҳои худро дар тӯли ҷанг месозад.”
Вай идома дод: “Баъд аз 8 моҳ (аз набард), муқовамат дар навори Ғазза ҳамчунон дасти бартарро дорад.”
Вай изофа кард: “Амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо” сароғоз аст ва мо ба хости Худованд пирӯз хоҳем шуд ва ҳамагӣ дар Қудси шариф гирди ҳам хоҳем омад.”
Қаламонлайн