Ҳамос: “Ҳамлаи Ҳизбуллоҳ ба манзили Натонёҳу, қасоси одилона аст”
Ахбори байналмилал
Сухангӯи низомии гурдонҳои Қассом зимни тамҷиди ҳамлаи паҳподии Ҳизбуллоҳ ба мақарри нахуствазири режими саҳюнистӣ, ин ҳамалотро дар ростои қасоси одилонаи сарони ҷинояткори ин режим донист.
Ба гузориши Алмаёдин, Абӯубайда, сухангӯи низомии гурдонҳои Қассом (шохаи низомии ҷунбиши Ҳамос), ҳамлаи паҳподии Ҳизбуллоҳ ба иқоматгоҳи Бенёмин Натонёҳу дар Қайсорияро табрик гуфт.
Абӯубайда ин ҳамлаи нерӯҳои муқоваматро паёме ба сарони ҷинояткори режими саҳюнистӣ донист мабнӣ бар ин ки “ҳатто агар битавонед аз дасти адолати байналмилалӣ фирор кунед, нахоҳед тавонист аз чанги қасоси одилонаи озодагон ва нерӯҳои муқовамат фирор кунед”.
Вай ҳамчунин таъкид кард, ки шаҳодати фармондеҳони муқовамат, боиси тазъифи руҳияи нерӯҳои муқовамат нахоҳад шуд, балки ононро барои зарба задан ба душман мусаммамтар мекунад.
Almayadeen
Қаламонлайн