Ҳамосаи ҳусейнӣ

Таърих

Ҳамосаи ҳусейнӣ

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши аввал: Суханрониҳо

Фасли аввал: Ҳамосаи ҳусайнӣ

Ду чеҳраи ҳодисаи Карбало

بسم الله الرحمن الرحیم

الحمد للّه ربّ العالمین بارئ الخلائق أجمعین والصلاة والسّلام علی عبد اللّه ورسوله وحبیبه وصفیّه، سیّدنا ونبیّنا ومولانا أبي القاسم محمّد صلّی اللّه علیه وآله وسلّم وعلی آله الطّیّبین الطّاهرین المعصومین، أعوذ باللّه من الشّیطان الرّجیم

يَا قَوْمِ إِنْ كَانَ كَبُرَ عَلَيْكُمْ مَقَامِي وَتَذْكِيرِي بِآيَاتِ اللَّهِ فَعَلَى اللَّهِ تَوَكَّلْتُ فَأَجْمِعُوا أَمْرَكُمْ وَشُرَكَاءَكُمْ ثُمَّ لَا يَكُنْ أَمْرُكُمْ عَلَيْكُمْ غُمَّةً ثُمَّ اقْضُوا إِلَيَّ وَلَا تُنْظِرُونِ

(Сураи Юнус, ояти 71)

Мавзӯи баҳс “ҳамосаи ҳусайнӣ” аст. Аввал бояд калимаи “ҳамоса”-ро, ки дар забони форсӣ зиёд истеъмол мешавад, барои шумо тавзеҳ бидиҳам.

 

Маънии ҳамоса

Калимаи “ҳамоса” ба маънии шиддат ва салобат аст ва гоҳ ба маънии шуҷоат ва ҳамийят истеъмол мешавад. Уламои шеършинос манзумаҳои шеъриро аз назари муҳтаво яъне аз назари навъи маънӣ ва ҳадафи шеър ба ақсоме тақсим мекунанд; баъзе аз манзумаҳоро манзумаҳои ғиноӣ, баъзеро манзумаҳои ҳамосӣ, баъзеро манзумаҳои ваъзӣ ва андарзӣ, баъзеро манзумаҳои рисоӣ ва баъзе дигарро манзумаҳои мадҳӣ мегӯянд. Девон ва ғазалиёти Ҳофиз, ғазалиёти Саъдӣ ва девони Шамси Табрезӣ, манзумаҳои ғиноӣ аст, яъне агарчӣ ҳадаф дар инҳо ирфон аст, вале лоақал аз назари ташбиб (1) забони ошиқона аст, сухан аз ҳусн ва беэътиноии маҳбуб аст, сухан аз дарди фироқ ва дарозии шаби фироқ ва кӯтоҳии айёми висол аст.

Фикри булбул ҳама он аст, ки гул шуд ёраш,

Гул дар андеша, ки чун ишва кунад дар кораш.

Дилрубоӣ ҳама он нест, ки ошиқ бикушанд,

Хоҷа он аст, ки бошад ғами хидматкораш.

(Ҳофиз)

Ин як шеъри ғиноӣ аст, гарчӣ дар охир ба як маънии ирфонии бисёр латиф ва олӣ мерасад ва Ҳофиз ҳамеша ин тавр аст. Дар охири ҳамин шеър мегӯяд:

Сӯфии сархуш аз ин даст, ки каҷ кард кулоҳ

Ба ду ҷоми дигар ошуфта шавад дастораш.

Ашъори ғиноӣ зиёд аст.

Шеъри рисоӣ ё марсия, ки барои бузургони дин ва соири бузургони дунё ва касоне, ки маншаи хайру баракате будаанд гуфта шудааст, навъи дигари шеър аст. Вақте Баромика мунқариз шуданд, шуарое, ки аз дастгоҳи онҳо истифода мекарданд қасоиде дар рисои онҳо гуфтанд. Худи ҳамин Ҳофиз, фарзанди ҷавонаш, ки мемирад, бо ҳамон забони махсуси худаш марсия мегӯяд:

Булбуле хуни диле хӯрду гуле ҳосил кард,

Боди ғайрат ба садаш хор парешондил кард.

Тӯтиеро ба хаёли шакаре дил хуш буд,

Ногаҳаш сели фано нақши амал ботил кард…

Оҳу фарёд, ки аз чашми ҳасуди маҳу меҳр,

Дар лаҳад моҳи камонабрӯи ман манзил кард.

Ашъори рисоӣ зиёд аст. Мадҳу ситоиш ҳам, ки ило мошоаллоҳ, хусусан тамаллуқу чоплусӣ.

Ашъори ҳамосӣ ашъори дигаре аст, ки маъмулан оҳанги хоссеро мепазирад. Шеъри ҳамосӣ шеърест, ки аз он бӯйе аз ғайрату шуҷоату мардонагӣ меояд; шеърест, ки руҳро таҳрик мекунад ва ба ҳаяҷон меоварад, масалан:

Маро марг беҳтар аз ин зиндагӣ,

Ки солор бошам, кунам бандагӣ.

(Фирдавсӣ)

Ин тақсимбандӣ ихтисос ба шеър надорад, наср ҳам ҳамин тавр аст; насрҳои ҳамосӣ дорем, насрҳои ғиноӣ дорем, насрҳои рисоӣ дорем, анвоъи насрҳо дорем.

Дар ҷанги Сиффин дар аввалин бархӯрде, ки миёни сипоҳи Алӣ алайҳис салом ва сипоҳи Муовия рух медиҳад, Алӣ рӯи ҳисоби худаш ҳозир нест, ки шурӯъкунандаи ҷанг бошад ва тамоми кӯшиши ӯ ин аст, ки то ҳадди мумкин мушкилот ва ихтилофотро ҳал бикунад, балки битавонад Муовия ва ёронашро ба истилоҳ рӯ ба роҳ бикунад, вале як вақт мутаваҷҷеҳ мешавад, ки онҳо пешдастӣ кардаанд ва шариа яъне ҷойеро, ки мешавад аз Фурот об бардошт, гирифтаанд.

Алӣ алайҳис салом саъй мекунад бо музокира масъаларо ҳал кунад, пайғом медиҳад, ки ҳанӯз бинои ҷанг нест ва мехоҳем музокира кунем, балки масъала бо музокира ҳал бишавад, вале тарафи муқобил қабул накард. Бинобар ин ё бояд асҳобаш аз ташнагӣ аз по дарбиёянд ва ё бояд ҷангид; ҷанге, ки душман шурӯъ кардааст.

Дар “Наҳҷулбалоға” аст, ки Алӣ алайҳис салом дар муқобили ҷамъият, нороҳат ва асабонӣ аз ин кор меистад ва як хутбаи чандсатрӣ мехонад; мефармояд:

قَدِ اسْتَطْعَمُوكُمُ الْقِتَالَ

Инҳо гуруснаи ҷанганд ва аз шумо ғизо мехоҳанд, аммо аз дами шамшер.

فَأَقِرُّوا عَلَى مَذَلَّةٍ وَتَأْخِيرِ مَحَلَّةٍ أَوْ رَوُّوا السُّيُوفَ مِنَ الدِّمَاءِ تَرْوَوْا مِنَ الْمَاءِ

Лашкариёнам! Намегӯям биравед биҷангед, биравед яке аз ин ду роҳро интихоб кунед: ё тан ба зиллат бидиҳед, ки обро бибаранд ва шумо нигоҳ кунед, ё ин ки ин теғҳоро аз хуни ин нокасон сероб кунед, то худатон сероб шавед.

فَالْمَوْتُ فِي حَيَاتِكُمْ مَقْهُورِينَ وَ الْحَيَاةُ فِي مَوْتِكُمْ قَاهِرِينَ

(Наҳҷулбалоға, хутбаи 51) Зиндагӣ ин аст, ки бимиред, вале фоиқ бошед ва мурдан ин аст, ки зинда бошед, вале бо сари хам.

Бо ин суханони худ ончунон ҳаяҷон эҷод кард, ки дар камтар аз ду соат душманро ба куллӣ аз канори шариаи Фурот дур карданд, ки дигар душман аз ташнагӣ лаҳ-лаҳ мезад. Вале Алӣ алайҳис салом ба сипоҳиёни худ гуфт: шумо ҳар рӯз иҷоза бидиҳед, ки биёянд ва об бардоранд.

Лашкариён гуфтанд: онҳо ба мо об надоданд, пас мо ҳам ба онҳо об намедиҳем. Вале Алӣ фармуд:

Хайр, ин як кори ғайри инсонӣ аст; об як чизе аст, ки ҳар ҷондоре ҳақ дорад аз он истифода кунад. Ба онҳо об бидиҳед.

Пас маълум шуд сухан метавонад сухани ҳамосӣ бошад ва сухани ҳамосӣ яъне сухане, ки дар он бӯйе аз ғайрат ва шуҷоат ва мардонагӣ бошад; бӯйе аз истодагӣ ва муқовамат бошад.

Агар шеър ё насре дорои ин хусусиёт бошад, онро “ҳамосӣ” мегӯянд.

Саргузаштҳо ва ҳодисаҳо ва таърихчаҳо ҳам ақсоме доранд. Ҳодисаҳое дорем ғиноӣ, ҳодисаҳое дорем андарзӣ, ҳодисаҳое дорем рисоӣ ва ҳодисаҳое дорем ҳамосӣ.

Як саргузашт тамомаш фақат ғиност, бӯйи ғино медиҳад, ишқ аст. Маҷаллотро шояд каму беш мехонед; дар инҳо, чӣ ҳикояти воқеӣ, чӣ афсона, чӣ махлуте аз воқеият ва афсона, ҳама достони ғиноӣ аст. Ҳоло ин ҳама достони ғиноӣ ба гӯши ин миллат биравад чӣ аз об дармеояд, ман намедонам. Достонҳои рисоӣ ва ба истилоҳ трагедияҳо ҳам зиёд аст. Сафаҳоти ҳаводиси рӯзномаҳоро агар бихонед, ағлаб аз ин ҷур қазоё мебинед. Достонҳои андарзӣ ҳам достонҳое ҳастанд, ки дар онҳо панду андарз аст. “Достони ростон” (2) ҳамааш достонҳои андарзӣ аст.

Ҳатто шахсиятҳо ҳам ақсоме доранд. Баъзе аз шахсиятҳо шахсияти ҳамосӣ ҳастанд ва руҳашон ҳамоса аст, баъзе руҳашон ғиноӣ аст, баъзе руҳашон рисоӣ аст, оҳу нола аст, баъзе шакли руҳашон шакли панду андарз ва мавъиза аст.

Ҳоло, ки ба таври иҷмолӣ маънии ҳамосаро фаҳмидем, метавонем дар атрофи ҳамосаи ҳусайнӣ баҳс кунем.

* * *

(1) Ташбиб: овардани байтҳое аз таърифи ишқу ҷавонӣ дар аввали қасида; қисми аввали қасида, ки мазмунаш аз васфи ёр, тасвири табиат ва ғ. иборат аст.

(2) Ишора ба китоби “Достони ростон”, навиштаи устоди шаҳид.

Идома дорад…

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Падару модар – биҳишти фарзандон
Ташвиқи кӯдак ва равишҳои саҳеҳи тарбият

Матолиби пурбоздид