Ҳаниа дар тамоси телефонӣ бо Раисӣ: «Муборизаи мо иншоаллоҳ бо пирӯзии ниҳоии миллати Фаластин комил хоҳад шуд»

Ҳаниа дар тамоси телефонӣ бо Раисӣ: «Муборизаи мо иншоаллоҳ бо пирӯзии ниҳоии миллати Фаластин комил хоҳад шуд»
Ахбори байналмилал
Исмоил Ҳаниа, раиси дафтари сиёсии Ҳамос дар тамоси телефонӣ бо Сайид Иброҳими Раисӣ таъкид кард: «Он чи дар саҳнаи набард бо душмани саҳюнистӣ ҳосил шуда аз баракоти илоҳӣ, ҳимояти уммати исломӣ ва дар садри онҳо Ҷумҳурии Исломии Эрон аст ва иншоаллоҳ бо пирӯзии ниҳоии миллати Фаластин комил хоҳад шуд.»
Ба гузориши хабаргузории Ирно, Сайид Иброҳими Раисӣ, раисиҷумҳури Эрон, баъд аз зуҳри якшанбе дар тамоси телефонӣ бо Исмоил Ҳаниа, раиси дафтари сиёсии ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин (Ҳамос), зимни таҷлил аз амалиёти далерона ва пирӯзмандонаи муҷоҳидони фаластинӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ, иқтидор, иззат ва ифтихорофаринии муқовамати Фаластинро мояи мубоҳоти уммати исломӣ донист.
Раисиҷумҳури Эрон бо баёни ин ки иродаи пӯлодини миллати Фаластин ва муҷоҳидони роҳи Худо, пирӯзии ниҳоии фаластиниён бар режими ғосиби саҳюнистиро навид медиҳад, тасреҳ кард: «Он чи бо амалиёти пирӯзмандонаи муҷоҳидони фаластинӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ иттифоқ афтод, таҳаққуқи интизори 70-солаи миллати Фаластин ва уммати исломӣ буд ва иншоаллоҳ ба зудӣ канори ҳам дар Масҷидулақсо намоз бихонем.»
Исмоил Ҳаниа, раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос низ дар ин тамоси телефонӣ, ба намояндагӣ аз муҷоҳидони фаластинӣ ва миллати Фаластин, аз мавозеъи асил ва исломии Раисӣ ва ҳимоятҳои Ҷумҳурии Исломӣ ва миллати Эрон аз муқовамати Фаластин қадрдонӣ кард.
Раиси дафтари сиёсии Ҳамос бо ироаи гузорише аз абъоди мухталифи амалиёти «Тӯфони ал-Ақсо», таҷовузгарӣ ва тавҳини душмани саҳюнистӣ ба соҳати муқаддаси Масҷидулақсо ва намозгузорони фаластиниро аз ҷумлаи далоили аслии иҷрои ин амалиёт унвон кард ва гуфт: «Дар ин набард бо вуҷуди адами таносуби таҷҳизот ва имконоти нерӯҳои муқовамат ва артиши саҳюнистӣ, муҷоҳидони фаластинӣ тавонистанд бо истифода аз унсури ғофилгирӣ дар як амалиёти густурда, тавозун ва таъодули режими саҳюнистиро барҳам бизананд.»
Ҳаниа таъкид кард: «Он чи дар саҳнаи набард бо душмани саҳюнистӣ ҳосил шуда аз баракоти илоҳӣ, ҳимояти уммати исломӣ ва дар садри онҳо Ҷумҳурии Исломии Эрон аст ва иншоаллоҳ бо пирӯзии ниҳоии миллати Фаластин комил хоҳад шуд.»
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Суханони ҳазрати Паёмбари Акрам (с)
Шаҳракҳои саҳюнистнишин дар ҳоли холӣ шудан аст

Матолиби пурбоздид