Ҳаниа: “Душман бо терури ноҷавонмардона, ба дунболи фирор аз шикасти худ аст”

Ҳаниа: “Душман бо терури ноҷавонмардона, ба дунболи фирор аз шикасти худ аст”

Ахбори байналмилал

Irna

Раиси дафтари сиёсии ҷунбиши муқовамати исломии Ҳамос гуфт, ки душмани саҳюнистӣ бо терури ноҷавонмардона ва буздилонаи шаҳид Солеҳ ал-Орурӣ ва ёронаш дар Бейрут, қасди фирор аз шикасти худро дорад.

Ба гузориши Ирно, Исмоил Ҳаниа дар изҳороташ дар маросими ташйеъи пайкари Солеҳ ал-Орурӣ дар Зоҳияи Бейрут тасреҳ кард, терури шаҳид Ал-Орурӣ дар қалби Бейрут, далеле бар зеҳнияти ҷинояткорона ва ваҳшиёнаи душман ва рӯйкарди он тайи даҳаҳост.

Вай идома дод, шаҳид Ал-Орурӣ ба унвони яке аз раҳбарони ҷунбиши Ҳамос ва дар раъси раҳбарони каронаи Бохтарӣ, амонатро ба дӯш ва парчамро ба даст гирифт ва масирҳои стратегӣ барои он тарсим кард.

Вай афзуд: “Фаластин ва уммат имрӯз бо диловармардоне видоъ мекунанд, ки муҷоҳидона дар майдонҳо ва арсаҳои мухталиф вориди набард шуданд.”

Ҳаниа таъкид кард, ки каронаи Бохтарӣ аз сӯйи душманон бо чолишҳо ва таҳдидоти мутаъаддиде мувоҷеҳ буд ва шаҳид Ал-Орурӣ тавонист муқоваматро дар онҷо зинда кунад.

Вай хотирнишон кард, терури шаҳид Ал-Орурӣ дар қалби Бейрут, далеле бар зеҳнияти ҷинояткорона ва ваҳшиёнаи душман ва рӯйкарди он тайи даҳаҳост.

Ҳаниа таъкид кард, душман агар гумон кунад, ки метавонад аз тариқи терур миллати Фаластинро ноумед ва таслим кунад, комилан ба иштибоҳ рафтааст.

Раиси дафтари сиёсии Ҳамос гуфт, ки муқовамат бо вафодорӣ ба хуни шуҳадои Ғазза, каронаи Бохтарӣ, Лубнон ва тамоми ҷабҳаҳои муқовамат, ки ҳомӣ ва пуштибони миллати мо ва Ғазза буданд, ин роҳро идома хоҳад дод.

Irna

Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Панҷ нукта дар бораи ҳодисаи теруристии Кирмон
Паёми таслияти Путин ба раҳбар ва раиси ҷумҳури Эрон дар пайи инфиҷорҳои Кирмон

Матолиби пурбоздид