Ҳар ки бедор аст, ӯ дар хобтар
Мавлоно дар Маснавӣ достон ва ҳикоятҳоро, ки меоварад, ҳадафаш худи достон нест, балки дар лобалои он, маорифи баландеро ёдовар мешавад ва асосан ҳадафаш, зикри ҳамин маориф аст.
Дар лобалои як ҳикоят Мавлоно дар бораи хаёл ва ин ки мо инсонҳо дунболи хаёлем ва онро ҳақиқат меангорем ва дар пайи он умри худро ба ҳадар медиҳем, баҳсҳои бисёр судманде кардааст, ки ҳайф аст наёварам. Ҳоло хулосаи онро бо азизони хонанда дар миён мегузорам.
Мегӯяд:
Ҳар ки бедор аст, ӯ дар хобтар,
Ҳаст бедориш аз хобаш батар.
Дар ин ҷо баҳси Мавлоно дар ин мавзӯъ аст, ки мо инсонҳо он чиро дар хоб мебинем, онро хаёл гумон мекунем, вале он чиро дар бедорӣ бо он рӯ ба рӯ ҳастем, ҳақиқат меангорем. Аммо оё чунин аст? Албатта манзур на ҳамаи инсонҳост, ҳисоби инсонҳои комил, ки ба ҳақиқат расидаанд ҷудост, мурод одамҳои оддӣ аст. Ҳоло тавзеҳ медиҳам.
Мо, ғолиби инсонҳо, дар дунё ба дунболи чӣ ҳастем? Ба дунболи оромиш ва саодати худ. Ҳамаи мо бидуни истисно. Он касе, ки масалан ба дунболи сарвати зиёд аст ва дӯст дорад милёрдер шавад, агар пурсед, ки ҳадафи ту аз ин чист, мегӯяд, саодат ва оромиш! Ва гумон мекунад, вақте милёрдер шуд, оромиш ба ӯ даст медиҳад ва саодати ӯ дар он аст. Ва ё он касе, ки ба дунболи қудрат аст ва мехоҳад ба мақому ҷоҳе бирасад, ҳарчанд мегӯяд, ҳадафам хидмат ба мардум аст, аммо воқеаш ин аст, ки ӯ гумон мекунад, мақом доштан ва ин ки амру наҳй кунӣ ва дигарон лаббайгӯи ту бошанд ва таърифу тамҷиданд кунанд, гумон мекунӣ, ин як саодат аст ва бо он ту ба оромиш мерасӣ яъне саодат ва хушбахтии худро дар он мебинӣ.
Хуб, асли ин ки одамҳо ба дунболи оромиш ҳастанд ва мехоҳанд, саодатманд ва хушбахт бошанд, ин фитрист, ин дар ҳама ҳаст, одам фитратан чунин офарида шуда, аммо ин ки фикр мекунад, саодат ва хушбахтии ӯ дар коху қаср доштан аст, дар сарват аст, дар ин ки соҳиби мақому ҷоҳ шавад ва ғайра, ин ҷо дигар хато мекунад, ин як хаёл аст. Хаёл мекунад, ки агар дорои коху қасри ончунонӣ шавад, оромиш ба ӯ даст медиҳад ва хушбахт мешавад. Хаёл мекунад, ки агар фалон сарзаминро, масалан сарзамини кишвари ҳамсяяро тасарруф кунад, хушбахт мешавад. Ин ки мебинем, сиёсатмадорон ҳамеша ба дунболи ин ҳастанд, ки нуфузашон бештар бошад, иллаташ ҳамин аст, яъне хаёл мекунанд, ки вақте нуфузашон бештар шуд ва одамҳои бештаре дар хидмати онҳо қарор гирифтанд, саодатманд мешаванд. Инҳо ҳама хаёл аст.
Ин аст, ки Мавлоно мегӯяд: “Ҳар ки бедор аст, ӯ дар хобтар”. Зеро дар бедорӣ ба дунболи хаёлҳои худ аст, на дунболи ҳақиқат. Фарқи хаёл бо ҳақиқат ин аст, ки хаёл яъне чизе, ки фақат дар зеҳни ту вуҷуд дорад, дар берун аз зеҳн мавҷуд нест, аммо ҳақиқат он чизе аст, ки дар хориҷ ҳаст ва асар дорад.
Хуб, ҳоло мо, ки дар бедорӣ ҳамеша ба дунболи он чизҳое ҳастем, ки арз шуд, яъне ба дунболи хаёлҳо ҳастем ва хоб, ки гумон мекунем хаёл аст, он бедории мо аз хоб ҳам бадтар аст. Бинобар ин Мавлоно мегӯяд:
Хуфта он бошад, ки ӯ аз ҳар хаёл
Дорад уммеду кунад бо ӯ мақол.
Баъд мисол мезанад ва чӣ мисоле зебо! Мегӯяд, ҳоли моҳо, ки ба дунболи хаёлот ҳастем, ба он касе мемонад, ки дар аснои хоб шайтонро ба сурати зане зебо бинад ва шаҳваташ барангехта шавад ва он гоҳ мӯҳталим гардад.
Девро чун ҳур бинад ӯ ба хоб,
Пас зи шаҳват резад ӯ бо дев, об.
Чунки тухми насли ӯ дар шӯра рехт,
Ӯ ба хеш омад, хаёл аз вай гурехт.
Яъне вақте, ки тухми насли худ яъне нуфтаашро беҳуда аз даст дод, ҳамин ки ба худ меояд, мебинад, ки ҳамаи он саҳнаҳо хаёле беш набудааст.
Заъфи сар бинад аз ону тан палид,
Оҳ аз он нақши падиди нопадид!
Ин шахс вақте ки ба худ меояд, аз эҳтиломе, ки бар ӯ ориз шуда эҳсоси сардард мекунад ва танашро нопок ва наҷис мебинад. Баъд Мавлоно хулоса мегирад ва мегӯяд: оҳ аз он нақше, ки ба эътибори хаёл, зоҳир ва мавҷуд аст ва ба эътибори ҳақиқат, маъдум ва нобуд.
Баъд мисоле мезанад бисёр зебо. Мегӯяд, парандае дар осмон ба парвоз дармеояд ва сояаш рӯйи замин меафтад. Сайёди нодоне, ки ҳамвора чашм бар замин медӯзад ва ба паҳнаи осмон наменигарад, сояи ин парандаро бар рӯйи замин мебинад ва хаёл мекунад, ки ин соя парандаи ҳақиқӣ аст ва ба дунболи он соя шитобон медавад, то ба домаш дароварад. Ин сайёди нодон ҳар қадр, ки дар пайи он соя медавад ва ба сӯяш тир меафканад, наметавонад сайдаш кунад. Саранҷом ҳамаи тӯшу тавонашро бар сари ин кор нобихрадона ба ҳадар медиҳад ва тирдонаш аз тир холӣ мешавад.
Мо, ки дар ин дунё ба дунболи хаёлоти худ ҳастем, дуруст мисли ҳамин сайёдем. Сояро ҳақиқат гумон мекунем. Камоли ҳақиқӣ, ки дар осмон аст чашмамон ба он нест ва сояи онро, ки камолнамост, на худи камол, камол хаёл мекунем ва тамоми умри худр сарфи сайди он мекунем.
Мурғ бар боло парону сояаш
Медавад бар хок паррон, мурғваш.
Аблаҳе сайёди он соя шавад,
Медавад чандон ки бемоя шавад.
Бехабар, к-он акси он мурғи ҳавост,
Бехабар, ки асли он соя куҷост.
Тир андозад ба сӯйи соя ӯ,
Таркашаш холӣ шавад аз ҷустуҷӯ.
Таркаши умраш тиҳӣ шуд, умр рафт
Аз давидан дар шикори соя тафт.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн