Ҳар сухан, ки ҷонон гуфт…
Баҳраи ашъори Ҳофиз аз Қуръон ва аҳодис
Мазан зӣ чуну чаро дам, ки бандаи муқбил,
Қабул кард ба ҷон ҳар сухан, ки ҷонон гуфт.
Талмеҳ аст ба ояти:
قُل لاَّ أَمْلِكُ لِنَفْسِي نَفْعًا وَلاَ ضَرًّا إِلاَّ مَا شَاء اللّهُ
“Бигӯ: ман молики суду зиён барои худ нестам, магар он чиро, ки Худо бихоҳад.” (Аъроф / 188) ва бисёре аз оятҳои мушобеҳи дигар. Ва ҳамчунин талмеҳ аст ба оятҳои бисёре аз ҷумла:
فَآمِنُواْ بِاللّهِ وَرَسُولِهِ النَّبِيِّ الأُمِّيِّ الَّذِي يُؤْمِنُ بِاللّهِ
“Пас, ба Худо ва фиристодаи ӯ, ки паёмбари дарснахондаест, ки ба Худо имон дорад бигаравед.” (Аъроф / 158)
Пири мо гуфт: хато бар қалами сунъ нарафт.
Офарин бар назари поки хатопӯшаш бод!
Талмеҳ аст ба ояти:
ثُمَّ أَنشَأْنَاهُ خَلْقًا آخَرَ فَتَبَارَكَ اللَّهُ أَحْسَنُ الْخَالِقِينَ
“Пас аз он ӯро бозофаридем ба офаринише дигар, пас бартар омад Худо, ки беҳтарин офаридгор аст.” (Мӯъминун / 14) ва ояти:
الَّذِي أَحْسَنَ كُلَّ شَيْءٍ خَلَقَهُ
“Ҳамон зоте, ки ҳар чизеро, ки офаридааст некӯ офарида.” (Саҷда / 7)
Нест дар доира як нуқта хилоф аз пасу пеш,
Ки ман ин доира бе чуну чаро мебинам.
Талмеҳ аст ба оятҳои:
وَمَا خَلَقْنَا السَّمَاء وَالْأَرْضَ وَمَا بَيْنَهُمَا بَاطِلًا
“Ва мо осмону замин ва он чиро, ки миёни он ду аст беҳуда наёфаридем.” (Сод / 27) ва:
وَيَتَفَكَّرُونَ فِي خَلْقِ السَّمَاوَاتِ وَالأَرْضِ رَبَّنَا مَا خَلَقْتَ هَذا بَاطِلًا
“(Бандагони Худо) дар офариниши осмонҳо ва замин меандешанд (ва мегӯянд:) Парвардигори мо! Ин ҳамаро беҳуда наёфаридӣ.” (Оли Имрон / 191)
Дӯш дидам, ки малоик дари майхона заданд,
Гили одам бисириштанду ба паймона заданд…
Ҷанги ҳафтоду ду миллат ҳамаро узр бинеҳ,
Чун надиданд ҳақиқат, раҳи афсона заданд.
Байти аввал талмеҳ ба ҳадиси маъруфи зер аст:
خمرت طینة آدم بیدی اربعین صباحا
“Гили одамро ба дастони хеш чиҳил пагоҳ сириштам.”
Аттор низ дар “Мусибатнома” суруда:
Ин гили одам Худо аз сарнавишт,
Чил сабоҳ аз дасти қудрат месиришт.
Ва байти дуввум ишора аст ба ин ҳадис:
افرقت الیهود علی احدی و سبعین فرقة و تفرقت النصاری علی اثنین و سبعین فرقة
“Ҷуҳудон ба ҳафтоду як фирқа ва тарсоён ба ҳафтоду ду фирқа пароканда шуданд.” Ҳадисро ба суратҳои дигаре низ нақл кардаанд ва бархе дар нақди он сухан дароз кашидаанд. Вале танҳо ба ин нукта таваҷҷӯҳ бояд дошт, ки адади ҳафту ҳафтоду назоири онҳо ишора ба шумораи воқеии худ нест ва ғолибан киноя аз касрат аст.
Солҳо дил талаби ҷоми Ҷам аз мо мекард,
В-он чӣ худ дошт, зи бегона таманно мекард…
Бедиле дар ҳама аҳвол Худо бо ӯ буд,
Ӯ намедидашу аз дур, Худоё мекард.
Байти аввал талмеҳ аст ба абёти зер аз ҳазрати Алӣ (а):
وانت الکتاب المبین الذی
بأحرفه یظهر المضمر
دواؤک فیک ولاتشعر
وداؤک منک ولا تنظر
أتزعم أنک جرم صغیر
وفیک انطوی العالم الاکبر
“Ту китоби равшангарӣ ҳастӣ, ки ба сабаби ҳуруфи он пӯшидаҳо ошкор мешавад.
Дармони ту дар туст, вале дарнамеёбӣ
Ва дарди ту аз туст, вале намебимӣ,
Ту мепиндорӣ, ки ҷирме кучак ҳастӣ?
Дар ҳоле, ки ҷаҳони бузург дар ту мундараҷ шудааст.”
Ва байти дуввум ишора аст ба ояти:
وَنَحْنُ أَقْرَبُ إِلَيْهِ مِنْ حَبْلِ الْوَرِيدِ
“Ва мо ба ӯ (яъне инсон) наздиктарем аз раги гарданаш.” (Қоф / 16)
Бо хароботнишинон зи каромот малоф,
Ҳар сухан вақтеву хар нуқта маконе дорад.
Талмеҳ аст ба ояти:
لِّكُلِّ نَبَإٍ مُّسْتَقَرٌّ وَسَوْفَ تَعْلَمُونَ
“Барои ҳар хабаре ҳангом (-и вуқӯъ) аст ва ба зудӣ хоҳед донист.” (Анъом / 67)
Дило, зи таъни ҳасудон маранҷу эмин бош,
Ки бад ба хотири уммедвори мо нарасад.
Талмеҳ аст ба ояти:
مَا عَلَى الْمُحْسِنِينَ مِن سَبِيلٍ وَاللّهُ غَفُورٌ رَّحِيمٌ
“Бар некӯкорон роҳе нест, яъне касро бо эшон коре нест ва маломат ва бадгӯиро бар эшон роҳе набошад ва Худованд омурзандаи меҳрубон аст.” (Тавба / 91)
Дил меравад зи дастам, соҳибдилон, Худоро
Дардо, ки рози пинҳон хоҳад шуд ошкоро…
Осоиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст,
Бо дӯстон мурувват, бо душманон мудоро.
Дар кӯйи некномӣ моро гузар надоданд,
Гар ту намеписандӣ, тағйир кун қазоро.
Он талхваш ки сӯфӣ уммулҳабоисаш хонд,
Ашҳо лано ва аҳло мин қублатил-узоро…
Ҳофиз ба худ напӯшид ин ҳирқаи майолуд,
Эй шайхи покдоман, маъзур дор моро.
Талмеҳи латифест ба сураи Фурқон, оятҳои 63-72:
وَعِبَادُ الرَّحْمَنِ الَّذِينَ يَمْشُونَ عَلَى الْأَرْضِ هَوْنًا وَإِذَا خَاطَبَهُمُ الْجَاهِلُونَ قَالُوا سَلَامًا… وَإِذَا مَرُّوا بِاللَّغْوِ مَرُّوا كِرَامًا
“Бандагони Худо он касонанд, ки бар рӯйи замин ба нармӣ роҳ мераванд ва ҳар гоҳ ҷоҳилон бо онҳо сухан бигӯянд, саломашон диҳанд… Ва замоне, ки ба коре ношоист баргузаранд, каримвор дармегузаранд.”
Ҳиҷоби чеҳраи ҷон мешавад ғубори танам,
Хушо даме, ки аз он чеҳра парда барфиканам.
Чунин қафас на сазои чу ман хушалҳонест,
Равам ба гулшани ризвон, ки мурғи он чаманам,
Аён нашуд, ки чаро омадам, куҷо рафтам?
Дареғу дард, ки ғофил зи кори хештанам.
Чӣ гуна тавф кунам дар фазои олами қудс,
Ки дар сарочаи таркиб тахтабанди танам.
Дар ин ғазали зебо байти дуввум талмеҳ аст ба ояти:
قُلْ مَتَاعُ الدَّنْيَا قَلِيلٌ وَالآخِرَةُ خَيْرٌ لِّمَنِ اتَّقَى
“Бигӯ: матоъи дунё андак аст ва охират барои касе, ки парҳезгор шуд беҳтар аст.” (Нисо / 77)
وَلَلآخِرَةُ أَكْبَرُ دَرَجَاتٍ وَأَكْبَرُ تَفْضِيلًا
“Ва албатта охират ба дараҷот бузургтар аст ва ба фазл азимтар аст.” (Исро / 21)
تِلْكَ الدَّارُ الْآخِرَةُ نَجْعَلُهَا لِلَّذِينَ لَا يُرِيدُونَ عُلُوًّا فِي الْأَرْضِ وَلَا فَسَادًا وَالْعَاقِبَةُ لِلْمُتَّقِينَ
“Хонаи охиратро барои касоне қарор додаем, ки дар дунё бартарӣ намеҷӯянд ва фасод намекунанд. Ва саранҷоми нек аз они парҳезгорон аст.” (Қасас / 83)
Ва байти севвум аз ҳазрати Алӣ (а):
رحم الله امرء علم من أین وفی أین والی أین
“Худованд раҳмат кунад мардеро, ки бидонад аз куҷо омадааст ва дар куҷост ва ба куҷо меравад.”
* * *
Манобеъ:
Дуктур Алиасғари Ҳалабӣ, Таъсири Қуръон ва ҳадис дар адабиёти форсӣ.
Имом Муҳаммади Ғаззолӣ,-Эҳёу улумид-дин.
Розӣ, Тафсири “Равзул-ҷинон ва руҳул-ҷинон”
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн