Ҳаракат ва кору талош дар зиндагӣ

Муҳоҷират

Ҳаракат ва кору талош дар зиндагӣ

Сабки зиндагӣ

Инсон ба унвони ҷузъе аз низоми ҳастӣ, барои идома ва таъмини ҳаёти худ, ниёзманди кору талош ва ҳаракат буда ва дастёбӣ ба ҳадафҳои бузург ва зиндагии ноб, дар гарави ҳаракат ва кору талош хоҳад буд.

Қуръони Карим расидан ба неъматҳои бузурги илоҳӣ ва ҳаёти ҷовидони охиратро вобаста ба амали солеҳ ва саъйи шоиста донистааст ва дар ҷое фармудааст:

“Инсон ҷуз саъю талош баҳрае надорад ва ба зудӣ ба натиҷаи кори худ хоҳад расид”.

Ҳаракат ва иқдом дар ҷиҳати рафъи ниёзмандиҳои зиндагӣ ба монанди риштаест, ки маҷмӯае аз муҳраҳоро ба ҳам пайванд додааст, ки пора шудани он, азҳам пошидани маҷмӯаро дар пай хоҳад дошт.

Бинобар ин, ривоёти зиёде бо таъкиди фаровон ва бо таъбирҳои гуногун бар рӯи кор, ба унвони заруритарин ниёзи зиндагии башар пофишорӣ ва тавсия мекарданд ва ақсоми кор аз кишоварзӣ, тиҷорат парвариши чорво, саноат, ҳунар ва ҳирфаҳои муфид ва мавриди ниёзи ҷомеа, супориш шуда то ҳам халаъҳои ҷомеа пур шуда ва ҳам рафоҳу осоиши шахс ва афроди таҳти кафолати ӯ таъмин гардад.

Аз Расули Акрам(с) ривоят шудааст, ки фармуданд:

“Ҳар кас аз роҳи ҳалол барои ба даст овардани сарвати дунё бикӯшад, то дасти ниёз ба сӯи дигарон накушояд ва эҳтиёҷоти хонаводаашро рафъ кунад ва ба ҳамсояаш аз рӯи меҳрубонӣ кӯмак кунад, Худовандро мулоқот мекунад, дар ҳоле ки чеҳрааш ба сони моҳи шаби чаҳордаҳ медурахшад”.

Ҳамчунин дар сояи кору талош аст, ки зан дар муҳити хона ба вазоифи худ амал мекунад ва бо баҳонаҷӯӣ аз масъулияти худ фирор намекунад, гузашта аз ин ки дар сурати тавон ва вуҷуди заминаи муносиб, барои кӯмак ба иқтисоди хонавода ва ҷомеа, аз пазируфтани коре, ки муносиб бо шаъни зани мусалмон бошад, ҳам дареғ намеварзад.

Расули Акрам(с) мефармоянд:

“Дастгоҳи ресандагӣ дар дасти зани солеҳа ҳамчун найза дар дасти ҷангҷӯест, ки дар роҳи мубориза бархостааст”.

Бархе аз занони хонадор, ки гирифтории камтаре дар манзил доранд, гоҳе вақти изофа доранд, ин гуна бонувони заҳматкаш, шоиста нест вақти гаронбаҳои худро ба батолату бекорӣ гузаронанд ва ё онро бо саргармиҳо ва нишастҳои гуноҳолуд биолоянд. Қатъан ҳеч сармояе боарзиштар аз фурсати умр нест. Дар сояи ҳамин лаҳзаҳост, ки биҳишти илоҳӣ ба даст меояд ва дину дунёи инсон обод гашта ва рӯ ба сомон меравад ва бо баҳрагирӣ аз ҳамин фурсатҳост, ки бузургони дин ва донишмандон қофилаи башариятро ба пеш бурдаанд ва олитарин хадамотро ба ҷомеа арза кардаанд.

Бинобар ҳамин Расули Акрам(с) дар супориши худ ба Маъоз ибни Ҷабал мефармоянд:

Инсони фарзона саъй мекунад вақти худро ба се сурат бигзаронад:

1 – андӯхтани сармояи маънавӣ ва бардошти тӯша барои зиндагии охират;

2 – талош дар роҳи таъмини зиндагӣ ва маишати дунё;

3 – тафреҳи солим ва дур аз фасоду гуноҳ.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Паёми Оятуллоҳ Хоманаӣ ба ҳоҷиён
Оростагии зоҳир – истеҳкоми хонавода

Матолиби пурбоздид