Ҳатто дар анҷоми ибодот зиёдаравӣ накунем
Сабки зиндагӣ
Расули Акрам (с) фармояд:
Ин ривоят — ки Байҳақӣ нақл карда ва Аҳмад низ қисмати аввали онро ривоят кардааст — аз пурмуҳтавотарин ривоятҳоест, ки чеҳраи зебои исломро ба ҷаҳониён нишон медиҳад, ки ислом бар ақлу мантиқ ва эътидолу мудоро бунён ниҳода шудааст.
Ҳазраташ мефармояд:
“Ин дин дине устувор ва муҳкамест. Дар ин ойин бо рифқу нармӣ дохил бишав. Дар баҷо овардани ибодот зиёдаравӣ макун ва бар худ сахт магир, ки бароят манфур гардад. Агар ифрот кардӣ ва ба бадани хеш фишор ворид сохтӣ, басони саворае мемонӣ, ки дар ҳангоми сафар маркаби худро аз оғози шаб то субҳгоҳон меронад ва ба ӯ истироҳат намедиҳад. Инчунин шахсе қаҳран на метавонад сафарашро ба поён бирасонад ва на маркабаш солим хоҳад буд.”
Ҳазрати Алӣ (а) низ ба ҳамин мазмун фармояд:
“Қалбҳо гоҳе майлу нишот доранд ва гоҳе бемайлӣ ва берағбатӣ. Ҳангоми рағбат ва нишот, онро бар хондани нофилаҳо ва мустаҳаббот водор кунед. Вале ҳангоми берағбатӣ, бар хондани фарзҳо басанда кунед”.
(Наҳҷулбалоға, ҳикмати 394)
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: