Ҳаёт – амри маънавист

Таърих

Ҳаёт – амри маънавист

Муҳаммадҷон Шакурӣ

Бахши аввал

Имрўз тоҷикон дар сари роҳи таърихӣ қарор ёфтаанд. Онҳо ба сари чорраҳаи таърих баромадаанд ва лозим аст, ки яке аз ин роҳҳоро интихоб кунанд. Даврони истиқлол даврони интихобкории таърихист. Чун ба сари худ зиндагонӣ кардан, бапои худ роҳ рафтан мехоҳем, зарур аст, ки тарзу тариқе, марому

маслаке интихоб намоем, то моро ба сарманзили мақсуд бирасонад, ки битавонем чун инсони сарбаланд ба шоистагӣ умр ба сар барем.

Даврони истиқлол аз ҷустуҷўи роҳҳои рушду такомул оғоз меёбад, аммо рушду такомули ҳақиқии инсонии халқе аз таъини ҳадафҳои миллӣ ва идеалҳои ичтимоъиву маънавии вай шурўъ мешавад.

Агар имкон шавад, ки ҳадафҳои миллӣ ва идеалҳои ичтимоъиву маънавӣ аз аввал ба дурустӣ, яъне аз рўи шартҳои инсоният ва арзишҳои ҳамагонии башарӣ, аз рўи вежагиҳои ҳастии таърихии миллат муайян гардад, ёфтани роҳҳои рушди ҳақиқии инсонӣ бомуваффақияти бештаре даст хоҳад дод.

Ҳадафҳои миллӣ ва идеалҳои ичтимоъиву маънавии шахс решаҳои таърихӣ доранд ва дар ҳар шароити нав, дар ҳар давраи тозаи инкишофи ҷомеа тибқи дархостҳои замон дигаргунӣ пазируфта такомул меёбанд. Ҳар дафъа мувофиқи дархости замон аз нав санҷидани ҳадафҳову идеалҳо ва муайян кардани мазмуни онҳо лозим меояд, то ки дар интихоби роҳи сўи фардои ормонӣ саҳву хато рўй надиҳад.

Ҳадафҳову идеалҳо омили асосист, ки чи гуна анҷом ёфтани интихобкории таърихӣ, таъини роҳи фардо вобаста ба он аст.

Мардуми тоҷик ҳоло ба чунин марҳилаи таърихӣ расидаанд, ки дарки амиқи манфиатҳои миллӣ, таъини ҳадафҳо ва идеалҳои иҷтимоъиву маънавӣ зарур аст, то ки устувор кардани пояҳои ҳастии миллӣ ва баромадан ба шоҳроҳи тараққӣ имконпазир ояд.

Дафъаи аввал нест, ки тоҷикон дар сари роҳи нави таърихӣ қарор ёфтаанд. Онҳо пеш аз ин ҳам чанд бор ба дураҳаю чорраҳаи таърих расида, барои гузиниши тариқу равише ба андешаҳои доманадоре пардохтаанд. Аз назар гузаронидани он андешаҳо бешак имрўз басо ибратомўз хоҳад буд. Имрўз бояд бидонем, ки

аҷдоди мо дар давраҳои таърихсози гузашта чи андешаҳо доштаанд, масъалаҳоеро, ки замони нав лаҳза ба лаҳза пеши онҳо мегузошт, чи тавр ҳал кардаанд, дар интихоби роҳҳои инкишофи

минбаъда чи меъёрҳое корбаст овардаанд.

Баррасии таҷрибаи гузаштагон аз шартҳои асосии комёбӣ дар ҳалли масъалаҳои бузурги замон аст.

Яке аз чунин давраҳо, ки андўхтаҳои маънавии он барои имрўз аҳамияти ҷудогона дорад, давраи маорифпарварӣ дар таърихи адабиёт ва фалсафаи иҷтимоъии тоҷикон аст. Чунон ба назар меояд, ки омўзаҳои маорифпарварон қобил аст бисёре аз мушкилҳои имрўзи моро осон кунад. Бино бар ин лозим медонем, ки ҳоло ба ҷустуҷўҳои фалсафии баъзе аз андеша пардозони равшангарии поёни қарни 19 ва оғози қарни 20 як нигоҳи кўтоҳ андозем.

Маорифпарварӣ дар таърихи тоҷикони Осиёи Миёна тахминан панҷоҳ солро дар бар мегирад ва аз охирин сеяки садаи 19 оғоз ёфта, пас аз инқилоби Русияи соли 1905 номи ҷунбиши ҷадидонро гирифта, асосан бо инқилоби Бухоро дар соли 1920 ба поён расидааст.

Агарчи осори Аҳмади Дониш (1826-1897), ки сарвари маорифпарварон ва ба гуфти устод Айнӣ, «дар муҳити Бухоро ба инқилоби илмӣ, адабӣ, иҷтимоъӣ ва сиёсӣ раҳбар ба шумор меравад», аз даҳаи бистуми садаи бистум диққати муҳаққиқонро ба худ кашидааст ва пажўҳишгароне чун С. Айнӣ, Е. Бертелс, 3. Раҷабов, А. Баҳоуддинов, Р. Ҳодизода, Ғ.Ашуров, И. Шарифов хеле ҷидду ҷаҳд ба харҷ додаанд, то ақидаҳои фалсафӣ ва иҷтимоъиву сиёсии ўро бишиносем, эҷодиёти маорифпарварони ибтидои асри бист Мирзо Сирочӣ (Мирзо Сироҷи Ҳаким, дуктур Собир – 1877-1914), Мазмудхоҷаи Беҳбудӣ (1875-1919), Сайид Аҳмадхоҷаи Сиддиқии Аҷзӣ (1865-1927), Абдуррауфи Фитрат(1884-1944), Тошхоҷаи Асирӣ (1864-1915) ва дигарон ҳанўз қариб

тамоман мавриди таҳқиқ қарор наёфтааст. Ин насли дувуми маорифпарварони тоҷик ки дар оғози садаи 20 фаъолият дошта, баъзе аз онҳо дар сафи муассисони ҳизби коммунистии Бухоро буда, дар инқилоб ширкат варзидаанд, бо вуҷуди инҳо дар замони шўравӣ аз охири даҳаи бистум иртиҷоъии аксулинқилобӣ эълом гардиданд. Аз ин рў таҳқиқи осору фаъолияти аксари онҳо манъ буд ва онҳоро дар навиштаҳо фақат бо дашном ном гирифтан имкон дошт.

Идома дорад…

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Фарҷоми нобаҳангоми Ӯлҷабоев
Чехов – нобиғае пушти вожаҳо

Матолиби пурбоздид