Ҳаққи падар бар фарзанд

Ҳаққи падар бар фарзанд

Рисолаи ҳуқуқи Имом Саҷҷод

Имом Зайнулобидин Алӣ ибни Ҳусейн (саломи Худо бар онон бод) дар “Рисолаи ҳуқуқ” дар бораи ҳаққи падар бар фарзанд мефармояд:

وَ أَمَّا حَقُّ أَبِيكَ فَتَعْلَمُ أَنَّهُ أَصْلُكَ وَ أَنَّكَ فَرْعُهُ وَ أَنَّكَ لَوْلَاهُ لَمْ تَكُنْ فَمَهْمَا رَأَيْتَ فِي نَفْسِكَ مِمَّا يُعْجِبُكَ فَاعْلَمْ أَنَّ أَبَاكَ أَصْلُ النِّعْمَةِ عَلَيْكَ فِيهِ وَ احْمَدِ اللَّهَ وَ اشْكُرْهُ عَلَى قَدْرِ ذَلِكَ وَ لا قُوَّةَ إِلَّا بِاللَّهِ

Ва аммо ҳаққи падарат, ин аст ки бидонӣ ӯ аслу решаи ту аст ва ту шохаи ӯ ҳастӣ ва бидонӣ, ки агар ӯ набуд ту ҳам набудӣ.

Пас ҳар гоҳ дар худ чизе дидӣ, ки аз он хушат омад, бидон, ки дар ҳақиқат падарат асли он неъматест, ки ту дорӣ.

Ва Худоро ба хотири ин неъмат ҳамду ситоиш кун ва Худоро ба ҳамон андоза шукр бигӯ.

Ва нест қуввату тавоне барои адои ҳамду шукри Худо ва адои ҳаққи падар ҷуз ба қуввату тавони Худо.

(Рисолаи ҳуқуқ – Имом Саҷҷод)

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дину мазҳаб, ҷаҳонбинӣ ва мактаб аст, на мероси фарҳангӣ
Пешгуфтори Имом Ғаззолӣ бар рисолаи “Файсалут тафриқа байнал исломи ваз зандақа”

Матолиби пурбоздид