Ҳизбуллоҳ аз марги беш аз 100 низомии исроилӣ хабар дод
Ахбори байналмилал
Almayadeen
Муқовимати исломии Лубнон эълом кард, тайи ду моҳи гузашта беш аз 100 низомии исроилиро ба ҳалокат расонда ва садҳо нафари дигарро маҷрӯҳ кардааст.
Ба гузориши Алмаёдин, ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон, зуҳри имрӯз (якшанбе), дар гузорише, аз амалкарди худ дар набард бо артиши режими саҳюнистӣ, эълом кард, ки аз таърих 17-сентябр то кунун ё ба иборате, тайи 60 рӯзи гузашта, 456 шаҳраки исроилиро ҳадафи ҳамла қарор додааст.
Муқовимати Лубнон эълом кард, дар ин муддат 1349 амалиёт анҷом дода, ки тайи он, беш аз 100 низомии исроилӣ кушта ва беш аз 1000 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.
Ҳизбуллоҳ эълом кард, дар ду моҳи гузашта ҳамчунин 361 нуқтаи низомӣ, 164 пойгоҳ ва 127 мавзеи марзиро мавриди таҳоҷум қарор додааст.
Бар асоси ин баёния, нерӯҳои Ҳизбуллоҳ дар 25 амалиёт аз пешравии нерӯи заминии артиши Исроил ҷилавгирӣ кардаанд ва 101 подагони режими саҳюнистиро ҳадаф қарор додаанд.
Муқовимати исломии Лубнон ҳамчунин эълом кард, дар ду моҳи гузашта 58 шаҳри ишғолӣ, 29 паҳпод ва парандаи низомии исроилиро ҳадаф қарор дода ва аз нуфузи нерӯҳои исроилӣ дар 28 амалиёт ҷилавгирӣ кардааст.
Ҳизбуллоҳ хабар дод, 61 худрави низомии артиши Исроил, 53 маркази фармондеҳӣ ва 30 пойгоҳи маҳалли истиқрори тӯпхона ва 17 корхона ва ширкати низомии режими саҳюнистиро мавриди таҳоҷум қарор додааст.
Almayadeen
Қаламонлайн