Ҳизбуллоҳ мақарри фармондеҳии артиши Исроилро ҳадаф қарор дод

Ҳизбуллоҳ мақарри фармондеҳии артиши Исроилро ҳадаф қарор дод

Ахбори байналмилал

Муқовамати исломии Лубнон дар посух аввалия ба шаҳодати Висом Ҳасан Тавил, яке аз фармондеҳони аршади ин ҷунбиш, мақарри фармондеҳии артиши Исроил дар шаҳри Сафадро ҳадаф қарор дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, расонаҳои исроилӣ зуҳри имрӯз (сешанбе, 9 январ), аз фаъол шудани ожирҳои хатар дар шимоли Фаластини ишғолӣ хабар доданд.

Ба дунболи интишори ин гузориш, манобеъи исроилӣ гузориш доданд, ки садои ожирҳои хатар дар чанд минтақа бахусус шаҳри Сафад ба муддат чанд дақиқа дар шимоли сарзаминҳои ишғолӣ ба гӯш расид.

Лаҳазоте баъд, расонаҳои исроилӣ хабар доданд, эҳтимолан чанд паҳподи интиҳорӣ ё мушак ба самти мақарри фармондеҳии артиши Исроил дар шаҳри Сафад шиллик шудааст.

Дақоиқе баъд, муқовамати исломии Лубнон дар баёнияе эълом кард, ки дар посух ба терури шаҳид Солеҳ ал-Орурӣ, муовини раиси дафтари сиёсии Ҳамос ва ҳамроҳони ӯ ва ҳамчунин дар посух ба шаҳодати Висом Ҳасан Тавил, мақарри фармондеҳии артиши режими саҳюнистро бо чанд паҳподи интиҳорӣ ҳадаф қарор додааст.

Ҳизбуллоҳи Лубнон рӯзи гузашта дар баёнияе эълом кард, ки шаҳид Висом Ҳасан Тавил мулаққаб ба Ҳоҷӣ Ҷавод, яке аз фармондеҳони аршади ин ҷунбиш ба шаҳодат расидааст.

Шаҳид Ҳоҷӣ Ҷавод дар ҳамлаи паҳподии артиши режими саҳюнистӣ дар минтақаи ХарбаСалам дар ҷануби Лубнон, зуҳри рӯзи гузашта, ба шаҳодат расид.

Farsnews

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз бахшҳои мухталифи бурҷи Милод ва расадхонаи Теҳрон
Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Шикасти Исроил дар ҳоли таҳаққуқ аст”

Матолиби пурбоздид