Ҳизбуллоҳ пойгоҳи ҳавоии Исроилро мушакборон кард

Ҳизбуллоҳ пойгоҳи ҳавоии Исроилро мушакборон кард

Барои бори дуввум Ҳизбуллоҳ пойгоҳи ҳавоии “Мирун”-ро мушакборон кард

Farsnews

Ҷунбиши муқовамати исломии Лубнон дар вокуниш ба терурҳои ахири Исроил дар Лубнон ва Сурия имрӯз (сешанбе, 23 январ) барои дуввумин бор пойгоҳи ҳавоии “Мирун”-ро ҳадафи ҳамалоти мушакии худ қарор дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Ҳизбуллоҳи Лубнон дар баёнияе эълом кард, ки барои дуввумин бор пойгоҳи контроли ҳавоии “Мирун” дар Ҷабалулҷурмуқ воқеъ дар шимоли Фаластини ишғолиро бо теъдоди зиёде мушаки муносиб ҳадаф қарор дода ва мушакҳо ба аҳдоф исобат кардаанд.

Дар идомаи ин баёния омадааст, ки ҳамлаи имрӯз дар вокуниш ба терурҳои ахири Исроил дар Лубнон ва Сурия, ҳамалоти мукаррари ин режим ба ғайринизомиён ва манозили маскунӣ дар рустоҳои ҷануби Лубнон, барои ҳимоят аз мардуми муқовими Фаластин дар Ғазза ва муқовамати далеронаи онҳо сурат гирифт.

Farsnews

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Оятуллоҳ Хоманаӣ: Пирӯзии мардуми Ғазза қатъист
Расонаҳои исроилӣ: Даргирии бисёр сахте доштем

Матолиби пурбоздид