Ҳикмати Худованд
Ҳикоя
Танҳо бозмондаи як киштии шикаста, ба ҷазираи кучаки холӣ аз сакана уфтод.
Ӯ бо диле ларзон дуо кард, ки Худо наҷоташ диҳад… Аммо касе ба суроғаш намеомад.
Саранҷом, ноумед ва хаста, барои худ аз тахтапораҳое кулбае сохт, то худро аз газанди ҳайвоноти ваҳшӣ муҳофизат кунад ва дороиҳои андакашро дар он нигаҳ дорад.
Аммо рӯзе, ки барои ҷустуҷӯи ғизо берун рафта буд, ба ҳангоми бозгаштан дид, ки кулбааш дар ҳоли сӯхтан аст ва дуде аз он ба осмон меравад.
Аз шиддати хашму андӯҳ фарёд зад:
— Худоё! Чӣ тавр розӣ шудӣ, бо ман чунин коре кунӣ?
Субҳи рӯзи баъд, бо садои буқи киштие, ки ба соҳил наздик мешуд, аз хоб парид. Киштие омада буд, то наҷоташ диҳад.
Марди хаста ва ноумед аз наҷотдиҳандагон пурсид:
— Шумо аз куҷо фаҳмидед, ки ман ин ҷо ҳастам?
Онҳо ҷавоб доданд:
— Мо мутаваҷҷеҳ шудем, ки ту оташе рӯшан кардаӣ ва бароямон паём мефиристӣ.
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: