Ҳикматнома

Адаб

Ҳикматнома

Офтоб ба гиёҳе ҳарорат мебахшад, ки сар аз хок берун оварда бошад. (Толстой)

***

Андӯҳи гузаштаро набояд хӯрд, ки бемории содаро кушанда мекунад. (Ҳаким Уруди Бузург).

***

Ҳашт бор, ки афтодӣ, барои ҳаштӯмин бор бархез! (Зарбулмасали чинӣ).

***

Аз одамиёне, ки дунболи ғам ҳастанд, бояд ҳаросид. (Ҳаким Уруди Бузург).

***

Инсоният ниёзманди ҳақиқат аст.

***

Танҳо зиндагие арзишманд аст, ки сарфи дигарон шавад. (Энштейн).

***

Нақшҳо ва ролҳое, ки дар саҳнаи зиндагӣ ба ӯҳдаи мо гузошта шудааст, ба ихтиёри худи мо набуда ва танҳо вазифаи мо ин аст, ки онҳоро ба хубӣ бозӣ кунем. (Эпиктет).

***

Чораи тарс, рӯбарӯ шудан бо чизи тарсовар ва тамошои он аст. (Рутер Фурд).

***

На чандон нармӣ кун, ки бар ту далер шаванд ва на чандон дуруштӣ кун, ки аз ту сер шаванд. (Саъдӣ).

***

Чӣ хуб аст фурўтании сарватмандон дар баробари фақирон, барои ба даст овардани подоши илоҳӣ ва хубтар аз он, худдории фақирон дар баробари сарватмандон дар роҳи таваккул ба Худо. (Наҳҷулбалоға, ҳикмати 406).

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ду ҳайат аз Осиёи Миёна аз Исроил боздид карданд
Эй дил зи ҷон гузар кун…

Матолиби пурбоздид