Ҳикматҳо ва андарзҳо – 3

Ҳикматҳо ва андарзҳо – 3
Бахши севвум
Муртазо Мутаҳҳарӣ
Бардагон ва озодагон
Алӣ алайҳис салом мефармояд: “Дунё хоҳ нохоҳ манзилгоҳе аст барои башар, ки чанд сабоҳе дар он зиндагӣ мекунад ва меравад.” Баъд мефармояд: “Вале мардум дар ин дунё ду дастаанд:
як даста, ба бозори ин ҷаҳон меоянд ва худашонро мефурӯшанд ва барда месозанд. Дастаи дуввум мардуме ҳастанд, ки худро дар ин бозор мехаранд ва озод месозанд.” (“Наҳҷул-балоға”, ҳикмати 133)
Ин сухан ба қадре амиқ ва муҳкам ва пурмаънӣ аст, ки ҷуз аз руҳе, ки бо нури Худо равшан шуда бошад таровуш намекунад. Оре, маҳсули зиндагии бархе аз афрод — ки мутаассифона ҳанӯз аксарияти афроди башарро ташкил медиҳанд — бардагӣ ва худфурӯшӣ ва шахсияти худро аз даст додан ва ба таъбири Қуръон, худбохтан ва худзиён кардан аст, бандагии шаҳвату ҳирсу хашму кина аст, асорат дар банди одоти ҷоҳилона ва русуми бемантиқ ва номаъқул аст, тақлид аз мӯд ва тобеияти ин асл аст, ки “Хоҳӣ нашавӣ расво, ҳамранги ҷамоат шав”. Баъзе аз мардум чунин мепиндоранд, ки ҳамин ки мамлуки касе дигар набуданд ва ба истилоҳ зархарид набуданд, дигар онҳо озодаанд; дигар намедонанд ҳазор нуктаи бориктар аз мӯ инҷост; намедонанд асорат ва бандагӣ ҳазор навъ ва ҳазор шакл дорад; намедонанд, ки бандагии тамаъ ва оз ҳам бандагӣ аст, асорат дар қайди одоти ҷоҳилона ҳам бандагӣ аст, пулпарастӣ ҳам бандагӣ аст:
Байте аз Унсурӣ биёрам, к-аз вай
Хубтару нағзтар рақам натвон кард.
Донишу озодагиву дину мурувват
Ин ҳамаро бандаи дирам натвон кард.
Юсуфи Сиддиқ солҳо номи бардагӣ дошт, яъне дар бозори хариду фурӯши колоҳо, хариду фурӯш мешуд, монанди як колои беҷон даст ба даст мегашт, аз зери дасти ин хориҷ мешуд ва зердасти дигаре қарор мегирифт, аз ин хона ба он хона мунтақил мешуд, молики ҳеч чиз набуд, ҳатто ғизое, ки мехӯрд ва ё ҷомае, ки мепӯшид, аз они арбобон буд; агар кор мекард ва маҳсуле аз дастранҷи худ таҳия мекард, боз ҳам мутааллиқ ба худаш набуд, зеро банда ва барда ҳар чи касб мекунад, ба арбоб тааллуқ мегирад.
Юсуф аз назари ҷисмонӣ комилан барда буд, вале ҳамин Юсуф собит кард, ки оқотар ва озодтар аз ӯ дар ҳамаи кишвари Миср вуҷуд надорад. Маҳбубу маъшуқи яке аз зеботарин занони Миср воқеъ шуд ва ҳамон Юсуфи ғулому барда ҷавоби рад ба он зани зебои ҷавони муташаххис дод; гуфт, дар айни ин ки аз лиҳози қонуни моликият, тани ман бардаи шумост, руҳам озод аст, бандаи шаҳвату ҳаво нестам: “Ғайри Ҳақро ман адам ангоштам”, ман фақат бандаи як ҳақиқат мебошам ва руҳам дар муқобили як фармон хозеъ аст ва он Худованди Мутаъол аст, ки холиқи ман аст. Ман ҳозирам илова бар бандагӣ, дар чаҳордевории зиндон ҳам ба сар бибарам ва бандаи шаҳвату ҳаво нашавам, ҳозирам ин маҳрумият ва маҳдудияти зоҳириро бипазирам ва он бандро бар гардан наниҳам. Рӯ кард ба даргоҳи Худованди Мутаъол ва гуфт: “Худоё! Зиндон дар назари ман аз он чи инҳо маро ба он мехонанд, маҳбубтар аст.” (Юсуф/33)
Дар таърих шавоҳиди зиёде ҳаст аз касоне, ки аз лиҳози қонуни моликият, ғулому барда ва мамлук буданд, вале аз лиҳози руҳу ақлу фикр, дар мунтаҳои озодӣ буданд. Магар Луқмони Ҳаким, ки Қуръони Карим сурае ба ифтихори ӯ ва номи ӯ ихтисос дода, барда ва банда набуд? Дар айни ҳол аз лиҳози ақлу руҳу ахлоқ, дар мунтаҳои озодманишӣ ба сар мебурд. Ва шавоҳиди зиёдтаре ҳамеша дар ҷилави чашми худ мебинем аз касоне, ки ба ҳасби қонуни моликият озоданд, вале асиру бардаанд, ақлу фикрашон барда аст, руҳу дилашон барда аст, шаҳомату ахлоқашон барда аст. Қуръони Карим мефармояд: “Бигӯ: зиёнкардаи воқеӣ он касоне ҳастанд, ки худашонро бохтаанд ва шахсияти инсонии худро аз даст додаанд.” (Зумар/15) Ин ки касе дар саҳнаи зиндагӣ ҷомаи худро бибозад ё хона ва маскани худро бибозад ё пулу сарвати худро бибозад ё мақоми иҷтимоии худро бибозад, он қадр муҳим нест, ки касе шахсияти маънавӣ ва инсонии худро бибозад, ҳуррият ва шаҳомати худро бибозад, шуҷоати худро бибозад, истиқлол ва маноъати худро бибозад, сафо ва самимияти худро бибозад, виҷдон ва қалби ҳассоси худро бибозад, ақлу имони худро бибозад, руҳи истиғнову футуввати худро бибозад.
Мардум ҳамон тавре, ки Алӣ алайҳис салом фармуд, ду дастаанд: як даста дар бозори ин ҷаҳон худро мефурӯшанд ба пул ва мақом ва ҳаво ва ҳавас ва таҷаммул ва мӯд ва тақлид. Ва дастаи дигар, дар ин бозор худро харидорӣ мекунанд ва шахсияти воқеӣ ва инсонии худро бозмеёбанд, як дунё бузургворӣ ва иззати нафс ва маноъат ва шарофат ва ростӣ ва истиқомат ва адолат ва тақво ва ҳақиқатхоҳӣ ва имон ва маънавият барои худ захира мекунанд; дар ин бозор он нархеро ба расмият мешиносанд, ки Қуръон таъйин кард, ки ҳеч чизе арзиш надорад, ки одамӣ худро ба он бифурӯшад.
Имом Содиқ алайҳис салом дар зимни ашъоре мефармояд: ман ин нафси гаронбаҳоро дар бозори вуҷуд ва ҳастӣ фақат як қимат барояш қоил ҳастам, фақат як гавҳар аст, ки шоиста аст баҳои ин матоъи гаронбаҳо қарор гирад. Он гавҳар ҳамон аст, ки аз садафи кавну макон берун аст. Ман дар миёни тамоми махлуқоти ҷаҳон чизе, ки арзиши баҳои ин колоро дошта бошад суроғе надорам. Агар ман худро ва нафси худро ба як колои дунёӣ бифурӯшам, ба мӯҷиби ин ки колои дунёӣ фонишуданӣ аст, аз байн меравад ва матоъи гаронбаҳои руҳу нафси ман низ ба мӯҷиби ин ки фурӯхта шуд, аз дастам рафтааст, дигар ман дастхолӣ ҳастам, на матоъ дар дастам ҳаст ва на баҳои он.
Ғуломи ҳиммати онам, ки зери чархи кабуд,
Зи ҳар чи ранги тааллуқ пазирад, озод аст.
(Ҳофиз)
Ёди Худо, танҳо мояи оромиши ҷон
Одамӣ, ҳамон тавр, ки дар ноҳияи тану ҷисми худ, мумкин аст ба як ришта аворизи хубу бад дучор шавад, дар ноҳияи руҳу равони худ низ гоҳе мубтало ба як ришта авориз ва ҳаводиси мушобеҳ мегардад, ҳарчанд дар бисёре аз ҷиҳот, тану руҳ бо якдигар тафовут доранд. Масалан, тан ҳаҷму вазн дорад ва руҳ ҳаҷму вазн надорад. Агар андаке ғизо вориди бадан бишавад, бар вазни бадан изофа мешавад ва аммо агар инсон як ҷаҳон донишу маълумот пайдо кунад, заррае бар вазн ва сангинии ӯ афзуда намешавад. Зарфияти тану ҷисм маҳдуд аст ва зарфияти руҳ номаҳдуд. Ҳар як луқмаи ғизо, ки одамӣ бихӯрад, ба ҳамон андоза меъдааш пур мешавад, то тадриҷан ба куллӣ сер мегардад ва аз фурӯ бурдани як луқмаи дигар оҷиз аст. Ва то вақте, ки он ғизо аз меъда нагузарад, ҷойе барои ғизои ҷадид нест. Бар хилофи меъда, зарфияти ғизои маънавии руҳ сер шуданӣ ва пуршуданӣ нест; ҳар андоза бештар маълумот касб кунад, барои касби маълумоти дигар омодатар ва гуруснатар мешавад ва мегӯяд, Худоё! Бар илми ман биафзой! Чунин нест, ки бояд маълумоти аввалии худро фаромӯш кунад ва зарфи руҳи худро аз онҳо холӣ кунад, то битавонад маълумоти ҷадиде фаро гирад. Алӣ алайҳис салом мефармояд: “Ҳар зарфе ба воситаи рехтани чизе дар он, аз вусъаташ коста мешавад, магар зарфи илм, ки ҳар андоза бештар бирезанд, васеътар ва богунҷоиштар мегардад.” (“Наҳҷул-балоға”, ҳикмати 206) Ҳамчунин тан тадриҷан пир ва фарсуда ва заъиф мегардад, вале руҳ ҳаргиз пир ва фартут ва фарсуда намегардад. Тан мемирад ва муталошӣ мегардад ва ҳар заррааш ба ҷойе меравад, вале руҳ мурданӣ нест, муталошӣ шуданӣ нест, боқӣ монданӣ аст. Баъд аз раҳо кардани қишри бадан, ба олами дигар мунтақил мешавад, ҳамон гуна, ки Расули Акрам (с) фармуд: “Шумо барои ҷовид мондан офарида шудаед, на барои фонӣ шудан ва аз байн рафтан.“
Дар айни ин ки ин тафовутҳо байни руҳу бадан ҳаст, як мушобеҳатҳое ҳам байни онҳо вуҷуд дорад: бадан барои ин ки шодобу бонишот бимонад, ба як ришта ғизоҳо ва ошомиданиҳо ва танаввӯъҳо эҳтиёҷ дорад. Руҳ низ ба саҳми худ ғизо мехоҳад. Ғизои руҳ илм аст ва ҳикмат ва имон ва яқин. Ҳамон тавре, ки бадан дар асари нарасидани ғизои кофӣ пажмурда ва афсурда мегардад, руҳ низ пажмурдагӣ ва афсурдагӣ дорад. Он чи сабаби пажмурдагӣ ва афсурдагии руҳ мегардад, ғайр аз он чизҳое аст, ки баданро пажмурда ва афсурда месозад. Алӣ алайҳис салом мефармояд: “Руҳҳо монанди баданҳо хастагӣ ва афсурдагӣ пайдо мекунанд. Дар ин ҳол, ки афсурдагии руҳӣ ба шумо даст медиҳад, бо саргарм шудан ба ҳикматҳои бадеъ ва фикрҳои нағз ва дилпазир, худро машғул бидоред.” (“Наҳҷул-балоға”, ҳикмати 91) Ва ҳамчунин руҳ монанди бадан бемор мешавад, эҳтиёҷ ба муолаҷа ва дору пайдо мекунад. Иллати ин ки бадан бемор мегардад ин аст, ки таъодули мизоҷ баҳам мехӯрад, яъне маҷмӯъи маводде, ки ба нисбати муайян лозим аст дар бадан бошад каму зиёд мешавад; формулаи лозим, ки Худованд табиати инсонро рӯйи он формула сохта баҳам мехӯрад. Ба қавли Саъдӣ:
Чор табъи мухолифи саркаш,
Чанд рӯзе шаванд бо ҳам х(в)аш.
Гар яке з-ин чаҳор шуд ғолиб,
Ҷони ширин барояд аз қолиб.
Ҳамин тавр аст вазъи руҳӣ ва мизоҷи руҳии башар. Руҳ эҳтиёҷ дорад ба муҳаббат дидан ва муҳаббат кардан, эҳтиёҷ дорад ба назми ахлоқӣ, ба фаҳму маърифату дониш, эҳтиёҷ дорад ба имону эътиқод, эҳтиёҷ дорад ба такягоҳи муҳкаме, ки дар корҳо ба ӯ таваккул кунад ва ба ӯ умедвор бошад, ки ӯро дар корҳо иъонат мекунад. Инҳо ҳама ба манзилаи маводди лозиме аст, ки барои мизоҷи руҳ лозим аст ва агар таъодул ва тавозун баҳам бихӯрад, дигар ҳеч чизе наметавонад хушӣ ва оромиш ба инсон бидиҳад.
Баъзе аз мардум дар худашон эҳсоси нороҳатӣ мекунанд, ҳамин қадр мефаҳманд, ки хушнуд нестанд ва оби хуш аз гулӯи онҳо пойин намеравад; мефаҳманд, ки қарору ором надоранд, пажмурда ва афсурда мебошанд. Аммо иллати ин беқарорӣ ва пажмурдагӣ чист, намедонанд. Мебинанд ҳама чиз ва ҳамаи васоили зиндагиро доранд ва дар айни ҳол аз зиндагӣ хушнуд нестанд. Ин гуна ашхос бояд бидонанд, ки қатъан эҳтиёҷоти маънавӣ доранд, ки бароварда нашуда, қатъан каму касре дар руҳи онҳо вуҷуд дорад. Билохира бояд эътироф кунанд ва таслим шаванд ба ин ҳақиқат, ки имон ҳам яке аз ҳавоиҷи фитрӣ ва таквинии мост ва балки болотарин ҳоҷати мост ва ҳар вақт ба сарчашмаи имон ва маъно расидем ва нури Худоро мушоҳида кардем ва Худоро дар руҳи худ ва ҷони худ дидем ва мушоҳида кардем, он вақт аст, ки маънои саодат ва лаззат ва беҳҷатро дарк мекунем. Қуръони Карим мефармояд: “Бидон, ки танҳо бо зикри Худо ва ёди Худост, ки ҷон ором мегирад ва қалб эҳсоси осоиш мекунад.” (Раъд/28) Алӣ алайҳис салом мефармояд: “Худованд зикри худаш ва ёди худашро мояи ҷило ва равшании дилҳо қарор дода. Ба ин васила гӯш боз ва чашм бино ва дил мутеъ ва ором мегардад.”
(“Наҳҷул-балоға”, хутбаи 220)
Идома дорад…
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Зариф: “Иқдомоти Исроил нозигуна аст”
Робитаи раҳбар ва мардум дар баёни Алӣ(а) 

Матолиби пурбоздид