Ҳикматҳо ва андарзҳо – II

Ҳикматҳо ва андарзҳо

Бахши дуввум

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Худошиносӣ, поя ва асоси дин

Амирулмӯъминин Алӣ алайҳис салом мефармояд: “Аввал ва ибтидои дин, Худошиносӣ аст”. Ҳар чизе нуқтае шурӯъ ва поя ва асосе дорад ва ҳангоме ба сурати созмоне муҳкаму побарҷо ва муфид дармеояд, ки аз ҳамон нуқта оғоз шуда бошад ва бар рӯйи ҳамон поя қарор гирифта бошад.

Дин ҳам, ки созмони васеъи фикрӣ ва эътиқодӣ ва ахлоқӣ ва амалӣ аст, як нуқтаи шурӯъ ва як рукни асосӣ дорад, ки агар аз он нуқта оғоз шавад ва бар рӯйи он асос бино шавад, муҳкаму побарҷо ва муфид хоҳад шуд. Он нуқтаи шурӯъ ва он пояи асосӣ, маърифати зоти ақдаси илоҳӣ ва шиносоии ҳазрати Аҳадият аст.

Масалан, ақида ба асли нубувват ва ақида ба асли маъод, аз ҷумлаи ақоиди аслӣ ва зарурии дин аст. Ин ду асл ба манзилаи шохаҳое ҳастанд, ки бар рӯйи ин тана қарор гирифтаанд. Яъне чун асли тавҳид, асле аст собит ва чун “ҷаҳонро соҳибе бошад Худо ном” ва он соҳиб ҷаҳонро тадбир мекунад ва мавҷудотро ба сӯйи камолоташон савқ медиҳад ва ҳидоят мекунад ва аз тарафе башар дар зиндагии фардӣ ва иҷтимоии худ эҳтиёҷ дорад ба як навъ ҳидоят ва роҳнамоии махсус, ки онро “ҳидояти ваҳй ва илҳом” меномем, пас дар маҷмӯъи зиндагонии башар нуқтаҳо ва равзанаҳо ва даричаҳое хоҳад буд, ки аз он нуқтаҳо ва равзанаҳо ва даричаҳо башар ҳидоят ва роҳнамоӣ мешавад. Он равзанаҳо ва даричаҳо иборат аст аз руҳҳои мустаъид ва қалбҳои муназзаҳ ва софии як идда аз афроди башар, ки ба номи “анбиё” ва “пайғамбарон” номида мешаванд.

Ва ҳамчунин ба далели ин ки асли тавҳид собит аст ва мавҷудот ба камоли лоиқашон расонда мешаванд ва аз тарафе дар вуҷуди инсон намунае аз нашъаи дигар вуҷуд дорад, пас инсонҳо савқ дода мешаванд ба сӯйи нашъаи дигар, ки нашъаи олами охират аст. Пас асли тавҳид аст, ки монанди тана ва решаи як дарахт шохаҳо ва баргҳо ва меваҳо ба вуҷуд меоварад.

Дар миёни башар мардумоне пайдо шуданд, ки дар бораи пайғамбарони Худо роҳи иғроқ ва ғулув паймуданд ва онҳоро ба манзилаи худоёни кучак фарз карданд. Бадеҳӣ аст, ки ин фикр ва ақидаи сахиф аз онҷо пайдо шуда, ки пояи аввал яъне асли тавҳид дуруст набуда ва шиносоии Худованд ҳосил нашуда, вагарна чӣ гуна мумкин аст касе андак ошноӣ ба азамати зоти Аҳадият дошта бошад ва он гоҳ башареро — ки ба таъбири Қуръони Карим, молики нафси худ нест ва ихтиёри нафъу зарар ва мавту ҳаёту растохези худро надорад — ба унвони шарики Худо ва ё ба унвони Худои кучак бипазирад?

Ва ҳамчунин аст соири шохаҳо ва баргҳо ва меваҳои дин; ҳар кадом аз онҳо агар бар асли тавҳид устувор бошад, хуб ва муфид ва ширин хоҳад буд ва агар бар ин асл устувор набошад, он фоидаеро, ки бояд бибахшад, намебахшад. Масалан, яке аз шохаҳо ва мутафарреъот, ки дар марҳилаи амал ба ҳукми дин бояд вуҷуд дошта бошад, масъалаи мӯҳтарам шумурдани ҳуқуқ ва ҳудуди худ ва дигарон аст. Асли тавҳид иқтизо мекунад, ки мо Худовандро одил ва ҳаким ва бино бидонем. Худои одили ҳаким ҳаргиз дастури золимона содир намекунад. Худои ҳаким тибқи насси Қуръони Маҷид, амр мекунад ба адл яъне риояти ҳуқуқи дигарон ва амр мекунад ба эҳсон яъне ба гузашт ва фидокорӣ ва фоида расондан ба дигарон. Худои одили ҳаким наҳй мекунад аз корҳои зишт ва палид ва аз корҳое, ки ақл онҳоро қабеҳ ва зишт ва мункар мешуморад. Худои одили ҳаким наҳй мекунад аз зулм ва таҷовуз ба ҳуқуқи дигарон. Вале ҳамеша дар гузашта ва ҳол буда ва ҳастанд ва дар оянда низ ба қиёси гузашта ва ҳол, хоҳанд буд касоне, ки муртакиби фаҳшоҳо ва зиштиҳо ва зулмҳо ва таҷовузҳо мешудаанд ва баъд ҳам иддао мекардаанд, ки Худо ин тавр дастур додааст. Дар сураи муборакаи Аъроф (ояти 28) мефармояд:

“Ва чун кори баде кунанд, узр оваранд, ки падарони хешро инчунин ёфтаем, гузаштагони мо ин тавр амал мекардаанд ва мо бар роҳу равиши онҳо ҳастем”. Узри дигар, ки меоваранд ин аст, ки дастури дин ҳам ҳамин аст, кори мо бар мавозини шаръӣ ва динӣ мунтабиқ аст. Ту эй пайғамбар! Ба инҳо бигӯ, ки Худо ҳаргиз ба кори бад амр намекунад, чаро ҷоҳилона ба Худованд нисбатҳои дурӯғ медиҳед?

Муфоди ин оят ин аст, ки агар асли тавҳиди ин мардум дуруст буд ва агар Худоро ба сифоти улё ва асмои ҳусно шинохта буданд, агар Худоро ба адлу ҳикмату иноят шинохта буданд, агар медонистанд, ки дар файзу лутфи Худо табъизе нест, ҳаргиз ба ин бидъат ва ин хурофа тафаввуҳ намекарданд (яъне лаб ба он боз намекарданд ва онро ба даҳон намеоварданд), ҳаргиз корҳои зишти худро мунтабиқ бо мавозини динӣ фарз намекарданд; агар Худоро мешинохтанд, медонистанд, ки Худо дастури золимона намедиҳад, Худо намегӯяд яке ҳаққи дигареро помол кунад ва маҳсули дастранҷи ӯро бидуни истеҳқоқ бихӯрад ва номи дин ба он бидиҳад; Худо иҷоза намедиҳад, ки фарде бекор дар иҷтимоъ бигардад ва калл (бор) бар соири афрод бошад, боре бар дӯши иҷтимоъ бошад ва худаш боре аз дӯши касе барнадорад ва он гоҳ чунин вонамуд кунад, ки ризои Худо ва дастури Худо ва фармони Худо ҳамин асту бас.

Оре, ҳарфи аввали дин, Худошиносӣ аст. Алифбои дин, Худошиносӣ аст; ҳамон тавре, ки асоси маълумоти як шогирди мадраса ин аст, ки қудрати хондани китоб дар ӯ пайдо шавад. То натавонад бихонад, наметавон дарсҳои мушкили табиӣ ва риёзӣ ва адабиро ба ӯ омӯхт.

Ва пояи аввали хондан, ки шогирд истеъдоди хондан пайдо кунад ин аст, ки шогирд ҳуруфшинос шавад, яъне ҳуруфи забонеро, ки бо он забон таҳсил мекунад тамйиз диҳад. Пас агар шогирд аз аввал ҳуруфшинос нашавад, қудрати хондан дар ӯ пайдо намешавад ва агар қудрати хондан дар ӯ пайдо нашавад, ҳеч дарсеро ёд нахоҳад гирифт.

Дар дарси амалӣ ва тарбиятӣ ва фикрии дин, Худошиносӣ ба манзилаи ҳуруфшиносии дин аст; агар инсон Худошинос шуд, метавонад хатти динро бихонад, ба мақсуди дин огоҳ шавад ва ҳадафи динро бишносад. Агар ҳуруфшинос нашавад, калимоти динро, ки ҳамон дастуроти дин аст, ғалат хоҳад хонд ва ғалат тарҷима хоҳад кард ва кораш ба онҷоҳо хоҳад кашид, ки Қуръони Маҷид нақл мекунад, яъне муртакиби ҳар кори зишт ва ҳар зулму ситам хоҳад шуд ва дар пиндори худ чунин мӯътақид хоҳад шуд, ки он чи ман мекунам, айни ризои Худост ва айни дастури дини Худост. Аз ин рӯ Алӣ алайҳис салом фармуд: “Аввали дин ва оғози дин, Худошиносӣ аст.”

Вале Худошиносӣ нисбат ба дин, дар айни ин ки аввали дин аст, васат ва охири дин ҳам ҳаст, ҳамон тавре, ки худи зоти ақдаси илоҳӣ дар айни ин ки аввали вуҷуд аст, охири вуҷуд ҳам ҳаст, бо ҳамаи мавҷудот ҳаст, муҳит аст бар ҳамаи мавҷудот. Агар инсон муваҳҳиди воқеӣ бошад, кофӣ аст барои ин ки ҳамаи фазилатҳоро ба дунболи худ хоҳад кашонад. Ба гуфтаи шоир:

Дил гуфт: маро илми ладуннӣ ҳавас аст,

Таълимам кун агар туро дастрас аст.

Гуфтам, ки: алиф. Гуфт: дигар? Гуфтам: ҳеч,

Дар хона агар кас аст, як ҳарф бас аст.

(Шайх Баҳоӣ)

Дин, пуштибони саодат

Барои як мавҷуди зинда осоишу хушӣ он гоҳ фароҳам аст, ки бо муҳит ва маҷмӯъи омилҳое, ки ӯро иҳота кардааст ҳамоҳанг ва созгор бошад. Яъне шароити муҳит тавре бошад, ки бо зиндагии махсуси ӯ тавофуқ дошта бошад ва зиндагии махсуси ӯ тавре бошад, ки бо шароити муҳит ва омилҳое, ки ба ӯ иҳота кардааст мутавофиқ ва ҳамоҳанг бошад. Бадеҳӣ аст, ки агар ноҳамоҳангӣ ва носозгорӣ бошад, ба ҳукми он ки он мавҷуди зинда ҷузъ аст ва муҳит кулл, ӯ муҳот аст ва омилҳои хориҷӣ муҳит ва ҳамвора ҷузъ бояд тобеъи кулл ва муҳот тобеъи муҳит бошад, имкони бақо аз он мавҷуди зинда салб мешавад ва хоҳ нохоҳ аз миён меравад. Пас, шарти аввали бақо ва хушбахтии мавҷуди зинда, тавофуқ ва ҳамоҳангӣ бо муҳит аст.

Инсон, ки ба навбаи худ мавҷуди зиндае аст ва маҳкуми ҳамон қонунҳое аст, ки бар ҳамаи ҷондорон ҳукмфармост, хоҳ нохоҳ машмули ин қонун ва тобеъи ин асли куллӣ мебошад. Яъне шарти бақо ва давом ва хушӣ ва хушбахтии инсон дар зиндагӣ ин аст, ки бо омилҳое, ки ӯро иҳота кардааст мутавофиқ ва ҳамоҳанг ва созгор бошад. Болотар ин ки инсон илова бар муҳити табиӣ аз обуҳаво ва нур ва минтақа ва сарзамини солим, ки маразхез набошад, як муҳити махсуси дигар ҳам дорад ва он муҳит ва ҷавви иҷтимоӣ аст, ки дар он зиндагӣ мекунад. Барои ҷондороне, ки зиндагии маданӣ ва иҷтимоӣ надоранд, дигар муҳити иҷтимоӣ вуҷуд надорад, вале барои инсон муҳити иҷтимоӣ вуҷуд дорад.

Албатта баъзе аз ҷондорони дигар низ зиндагии иҷтимоӣ доранд мисли занбӯри асал ва баъзе аз ақсоми мӯрчагон ва бисёре дигар аз ҳайвоноти ваҳшӣ, аммо зиндагии иҷтимоии онҳо чун ба ҳукми ғариза ва ба сурати худкор анҷом мегирад, қаҳран муҳити иҷтимоии онҳо чизе аст шабеҳи муҳити табиӣ, бар хилофи инсон, ки шароити иҷтимоиро ба таври худкор надорад ва бояд бо фикр ва иродаи худ бисозад. Ин ҷост, ки душвории кори зиндагии башар намудор мешавад. Афроди инсонӣ, ки бо мову шумо муошират доранд ва одобу одот ва ахлоқи умумӣ ва қонунҳо ва муқаррарот ва тарзи ташкилоти иҷтимоӣ, ҳама омилҳое аст иҷтимоӣ, ки бар мову шумо иҳота дорад; мебоист ин умур бо хостаҳои мо ва орзуҳо ва эҳтиёҷоти мо ва хулоса бо зиндагии махсуси мо тавофуқ ва ҳамоҳангӣ дошта бошад ва ҳам зиндагии махсус мо бо инҳо мутавофиқ ва созгор бошад.

Аммо он тавофуқ ва инъитофе, ки дар созмони иҷтимоӣ нисбат ба фард бояд буда бошад ин аст, ки ҷомеа манофеъи фардро дар зимни масолеҳи иҷтимоъ ҳифз кунад, яъне ҳадафи аслии як зиндагии иҷтимоӣ наметавонад фард ва манофеъи фардӣ бошад, бояд навъ ва масолеҳи умумӣ бошад; бояд умуре бошад, ки бақо ва давом ва хушии ҷамъро беҳтар тазмин кунад. Ва бадеҳӣ аст, ки маслиҳати ҷамъ ҳамон маслиҳати аксарияти афроди иҷтимоъ аст ва аз ин рӯ ҳамеша дар қонунҳои ҷаҳон, таваҷҷӯҳ аввал ба масолеҳи ҷамъ аст, на ба манофеъи фард ва наводир.

Ва аммо он тавофуқе, ки бояд дар зиндагии хусусии як фард нисбат ба иҷтимоъ бошад, ҳамоно ҳолати таслим ва ризо ва хурсандӣ ба масолеҳи иҷтимоъ аст, ки бо хушвақтӣ дар ҳангоми тасодуми манофеъи шахсӣ бо масолеҳи олии иҷтимоӣ, аз манофеъи шахсӣ чашм бипӯшад ва дар худ эҳсоси нороҳатӣ ва норизоятӣ накунад. Агар иҷтимоъ ба меҳвари адолат бичархад ва қонуни одилона ҳоким бар иҷтимоъ бошад, яъне табъи иҷтимоъ ва омилҳои иҷтимоӣ бо зиндагии аксарият мутавофиқ ва ҳамоҳанг бошад ва аз он тараф ҳам, руҳияи як фард дар мавотини тасодуми манофеъи фардӣ бо масолеҳи иҷтимоӣ, тавофуқ ва созиш ва ҳамоҳангӣ нишон бидиҳад бо масолеҳ иҷтимоӣ, он вақт аст, ки ба саодати воқеӣ бояд умедвор буд.

Ин ҷост, ки лузум ва аҳаммияти дин, ки асосаш тавҳид ва имон ба Худои ягона аст равшан мешавад. Дин дар ҳар ду мақом лозим ва зарурӣ аст: ҳам барои созгор сохтани муҳити иҷтимоӣ бо зиндагонии фард, яъне эҷоди адолати иҷтимоӣ ва созмони мутавофиқ бо масолеҳи умум. Ва ҳам дар эҷоди тавофуқ ва интибоқ дар руҳияи фард бо масолеҳи олии иҷтимоъ.

Тавофуқе, ки мегӯем боист дар руҳияи фард нисбат ба масолеҳи иҷтимоъ бошад, ҳамон аст, ки аз он ба гузашт ва иғмоз ва ҳатто эсор ва фидокорӣ ва некӯкорӣ таъбир мекунем. Чӣ чизе қодир аст монанди дин, ба инсон ҳолати қаноат ба ҳақ ва ризо ба қисмат ва баҳраи худ ва таслим дар баробари муқаррароти иҷтимоӣ ва хушнудӣ нисбат ба дигарон бидиҳад?

Агар дар таърихи башарият фидокорӣ дида мешавад ва ё некӯкорӣ ва хидмат ба халқ дида мешавад ва ё шуҷоат ва шаҳомат дар баробари зӯр ва истибдод дида мешавад ва ё як сари мӯ таҷовуз накардан аз ҳудуд ва мадори худ ба ҳудуд ва мадори дигарон дида мешавад, ҳамаи инҳо дар партави дин ва таваҷҷӯҳ ба Худои ягонаи бинои шунавои алими ҳаким будааст.

Оё нерӯи дигаре ва қудрати дигаре метавонад дар ин ҷиҳат бо дин рақобат кунад ва ё иддао кунад, ки сади яке он чи дин анҷом медиҳад, анҷом диҳад? Худованд моро шоиста гардонад, ки битавонем ба ҳақиқати таълимоти дин ва он чи ҳақиқатан бар пайғамбараш Муҳаммад (с) нозил шуда пай бибарем ва дар партави он таълимот саодатманд гардем!

Идома дорад…

Сомонаи иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Анҷумани кории Тоҷикистон ва Белорус баргузор мешавад
Нигоҳе ба торихчаи Иттиҳоди Иқтисодии Авросиё

Матолиби пурбоздид