Ҳикоят

Адаб

Ҳикоят

Ҳикояте аз Гулистони Саъдӣ

Яке аз вузаро пеши Зуннуни Мисрӣ (аз урафои номвари қарни севвум) рафт ва ҳиммат хост, ки рӯзу шаб ба хидмати султон машғулам ва ба хайраш умедвору аз уқубаташ тарсон.

Зуннун бигрист ва гуфт:

– Агар ман Худойро азза ва ҷалла чунин парастидаме, ки ту султонро, аз ҷумлаи сиддиқон будаме.

Гар на уммеду биму роҳату ранҷ,
Пойи дарвеш бар фалак будӣ.
В-ар вазир аз Худо битарсидӣ
Ҳамчунон к-аз малик, малак будӣ.

* * *

Дар шарҳи ин ҳикоят гуфтаанд: агар дарвешон фикри осоиш ва сахтиро аз сар берун мекарданд, метавонистанд по ба авҷ бигузоранд. Ҳамчунин агар вазирон ва навкарон, он қадар, ки аз подшоҳ метарсанд, аз Худо метарсиданд, мисли фариштагон мешуданд.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Аҳамияти садақа дар ривоёти исломӣ
Вазири хориҷаи ҷадиди Англис: “Аз тамоми талошҳои диплумотик барои оташбас дар Ғазза истифода мекунем”

Матолиби пурбоздид