Ҳикояте аз Баҳлул
Сабки зиндагӣ
Овардаанд, ки Шайх Ҷунайди Бағдодӣ (аз урафои машҳури исломӣ) ба азми сайр аз шаҳри Бағдод берун рафт ва муридон аз ақиби ӯ.
Шайх аз муридон аҳволи Баҳлулро пурсид.
Гуфтанд: Ӯ марде девона аст.
Гуфт: Ӯро талаб кунед, ки маро бо ӯ кор аст. Пас тафаҳҳус карданд ва ӯро дар саҳрое ёфтанд. Шайх пеши ӯ рафт ва салом кард.
Баҳлул ҷавоби саломи ӯро дод ва пурсид: Кӣ ҳастӣ?
Арз кард: Манам Шайх Ҷунайди Бағдодӣ!
Фармуд: Тӯӣ Шайхи Бағдод, ки мардумро иршод мекунад?!
Арз кард: Бале!
Баҳлул фармуд: Таом чӣ гуна мехӯрӣ?
Арз кард: Аввал “Бисмиллоҳ” мегӯям ва аз пеши худ мехӯрам ва луқма кучак бармедорам, ба тарафи рости даҳон мегузорам ва оҳиста меҷавам ва ба дигарон назар намекунам ва дар мавқеи хӯрдан аз ёди Ҳақ ғофил намешавам ва ҳар луқмае, ки мехӯрам, “Бисмиллоҳ” мегӯям ва дар аввал ва охир даст мешӯям.
Баҳлул бархост ва доман бар Шайх фишонд ва фармуд: Ту мехоҳӣ, ки муршиди халқ бошӣ, дар сурате ки ҳанӯз таом хӯрдани худро намедонӣ.
Ва ба роҳи худ рафт.
Муридон Шайхро гуфтанд: Ё Шайх! Ин мард девона аст.
Шайх Ҷунайд гуфт: Сухани ростро аз девона бояд шунид.
Ва аз ақиби Баҳлул равон шуд, то ба ӯ расид.
Баҳлул пурсид: Чӣ касе ҳастӣ?
Шайх Ҷунайд ҷавоб дод: Шайхи Бағдодӣ, ки таом хӯрдани худро намедонад.
Баҳлул фармуд: Оё сухан гуфтани худро медонӣ?
Арз кард: Оре!
Баҳлул пурсид: Чӣ гуна сухан мегӯӣ?
Арз кард: Сухан ба миқдор мегӯям ва бе ҳисоб намегӯям ва ба қадри фаҳми мустамеон мегӯям ва халқро ба Худо ва Расул (с) даъват мекунам ва чандон сухан намегӯям, ки мардум аз ман малул шаванд ва дақоиқи улуми зоҳир ва ботинро риоят мекунам… Хулоса, ҳар чӣ тааллуқ ба одоби калом дошт, баён кард.
Баҳлул гуфт: Гузашта аз таом хӯрдан, сухан гуфтанро ҳам намедонӣ.
Пас бархост ва доман бар Шайх афшонду бирафт.
Муридон гуфтанд: Ё Шайх! Дидӣ ин мард девона аст? Ту аз девона чӣ таваққӯъ дорӣ?
Шайх Ҷунайд гуфт: Маро бо ӯ кор аст. Шумо намедонед.
Боз ба дунболи ӯ рафт, то ба ӯ расид.
Баҳлул гуфт: Аз ман чӣ мехоҳӣ? Ту, ки одоби таом хӯрдан ва сухан гуфтани худро намедонӣ, оё одоби хобидани худро медонӣ?
Арз кард: Оре!
Баҳлул фармуд: Чӣ гуна мехобӣ?
Арз кард: Чун аз намози ишоъ (хуфтан) фориғ шудам, дохили ҷомаи хоб мешавам… Пас он чӣ одоби хобидан, ки аз ҳазрати Расул (с) расида буд, баён кард.
Баҳлул гуфт: Фаҳмидам, ки одоби хобиданро ҳам намедонӣ.
Хост бархезад, ки Шайх Ҷунайд доманашро бигирифт ва гуфт: Эй Баҳлул! Ман ҳеч намедонам, ту қурбатан илаллоҳ маро биёмӯз!
Баҳлул гуфт: чун ба нодонии худ муътариф шудӣ, туро биёмӯзам.
Бидон, ки инҳо, ки ту гуфтӣ, ҳама фаръ (шоха) аст ва асл (реша) дар хӯрдани таом он аст, ки луқмаи ҳалол бояд ва агар ҳаромро бо сад ин гуна одоб баҷо биёварӣ, фоида надорад ва сабаби торикии дил шавад.
Ҷунайд гуфт: Ҷазокаллоҳу хайран!
Баҳлул идома дод: Дар сухан гуфтан бояд дил пок бошад ва ният дуруст ва он гуфтан барои ризои Худой бошад ва агар барои ғаразе ё матлаби дунё бошад, беҳуда ва ҳарза бувад, ҳар иборат, ки бигӯӣ, он ваболи ту бошад. Пас сукут ва хомӯшӣ беҳтар ва некӯтар бошад.
Баҳлул афзуд: Дар хоб кардан, инҳо, ки гуфтӣ, ҳама фаръ аст. Асл ин аст, ки дар вақти хобидан, дар дили ту буғз ва кина ва ҳасад нисбат ба мусалмонон набошад.
(Манбаъ: Достонҳои Баҳлул)
Қаламонлайн