Ҳикояте дар “Чаҳор мақола”-и Арӯзӣ дар бораи Бӯалӣ
Низомии Арӯзии Самарқандӣ, адиб ва нависандаи маъруфи порсигӯй, ки дар замоне наздик ба замони Абӯалӣ ибни Сино зиндагӣ кардааст, дар рисолаи “Чаҳор мақола”-и хеш ҳикоятеро дар бораи Ибни Сино нақл мекунад, ки нишондиҳандаи гӯшае аз маҳорату тахассуси ин абармарди таърих дар риштаи табобати равондармонӣ аст.
Хулосаи достон ин ки: яке аз наздикони Қобус, подшоҳи Гургон, сахт бемор мешавад ва табибҳо тамоми талоши худро ба харҷ медиҳанд, то ӯро дармон кунанд, вале комёб намешаванд. Яке аз дарбориён ба подшоҳ дар бораи Ибни Сино ва ин ки табибе ҳозиқ будааст мегӯяд ва подшоҳ Бӯалиро мехонад. Ибни Сино бо дидани бемор, дастур медиҳад, ки касеро пеши вай биёваранд, ки бо тамоми кӯчаву паскӯчаҳои Гургон ошност.
Вақте шахси мутталеъ ҳозир мешавад, Бӯалӣ дасташро рӯи набзи ҷавони бемор мегузорад ва аз он шахси огоҳ мехоҳад, ки номи кӯчаҳову маҳаллаҳоро яке-яке бихонад. Вақте номи яке аз маҳаллаҳоро мехонад, ҳаракати набзи бемор дигаргун мешавад.
Он гоҳ Бӯалӣ касеро мехоҳад, ки тамоми одамонеро, ки дар он маҳалла зиндагӣ мекунанд бишносад. Вақте чунин касеро ҳозир мекунанд, Бӯалӣ дастур медиҳад, ки номи ҳамаи одамҳои сокин дар ин маҳалларо яке-яке бигӯяд. Вақте номи яке аз духтарони он маҳалларо ба забон меоварад, ҳолати бемор дигаргун шуда ва набзаш тағйир меёбад.
Ин ҷо буд, ки Бӯалӣ мегӯяд, дарди ин ҷавон ишқ аст ва ӯ ба ҳамин духтар ошиқ аст ва дармонаш ҳам висоли ӯст бо ин духтар. Ба подшоҳ, ки ин воқеаро мерасонанд, подшоҳ ҳамон мекунад, ки Бӯалӣ дастур дода ва ҷавон ҳам аз ин беморӣ раҳоӣ меёбад.
Ҳол, беҳтар аст насси гуфтори Арӯзиро биёварам, ки аз назари насри порсӣ ҳам бисёр ширин аст:
“Яке аз ақрибои (1) Қобус Вашмгирро, ки подшоҳи Гургон буд, оризае (2) падид омад ва атиббо (3) ба муолиҷати ӯ бархостанд ва ҷуҳд карданд (4) ва ҷидде тамом намуданд, иллат ба шифо напайваст, ва Қобусро азим дар он дилбастагӣ буд, то яке аз худдом (5) Қобусро гуфт, ки дар фалон ҷо ҷавоне омадааст азим табибу бағоят муборакдасту чанд кас бар дасти ӯ шифо ёфт.
Қобус фармуд, ки: “Ӯро талаб кунед ва ба сари бемор баред, то муолиҷат кунад, ки даст аз даст муборактар бувад.” Пас Абӯалиро талаб карданд ва ба сари бемор бурданд. Ҷавоне дид бағоят хубрӯю мутаносибаъзо (6), хат асар карда ва зор уфтода. Пас (Бӯалӣ) бинишасту набзи ӯ бигирифту тафсира бихост (7)-у бидид, пас гуфт: “Маро марде мебояд, ки ғуруфоту маҳаллоти Гургонро ҳама шиносад.” ( 8 ) Биёварданд ва гуфтанд: “Инак!”
Абӯалӣ даст бар набзи бемор ниҳод ва (ба шахсе, ки бо кӯчаву паскӯчаҳои Гургон ошно буд) гуфт: “Баргӯю маҳаллатҳои Гургонро ном бардеҳ!” (9) Он кас оғоз карду номи маҳаллатҳо гуфтан гирифт, то расид ба маҳаллате, ки набзи бемор дар он ҳолат ҳаракате ғариб кард.
Пас Абӯалӣ гуфт: “Акнун касе мебояд, ки номҳои аҳли сарой ба тамом донад ва бардиҳад.” Биёварданд. Бардодан гирифт, то омад ба номе, ки ҳамон ҳаракат ҳодис шуд (10). Он гаҳ Абӯалӣ гуфт: “Тамом шуд.”
Пас рӯй ба мӯътамидони (11) Қобус кард ва гуфт: “Ин ҷавон дар фалон маҳаллат ва дар фалон кӯй ва дар фалон сарой бар духтаре фалон ва фалон ном ошиқ аст ва доруи ӯ висоли он духтар асту муолиҷати ӯ дидори ӯ бошад.” Пас бемор гӯш дошта буд ва ҳар чи Хоҷа Абӯалӣ мегуфт мешунид, аз шарм сар дар ҷомаи хоб кашид.
Чун иститлоъ карданд (12), ҳамчунон буд, ки Хоҷа Абӯалӣ гуфта буд. Пас ин ҳолро пеши Қобус рафъ карданд (13).
Қобусро азим омад ва гуфт: “Ӯро ба ман оред!” Хоҷа Абӯалиро пеши Қобус бурданд ва Қобус сурати Абӯалӣ дошт, ки султон яминуддавла (Маҳмуди Ғазнавӣ) фиристода буд (14). Чун пеши Қобус омад, гуфт: “Анта Абӯалӣ?!” (15) Гуфт: “Наъам, ё малики муъаззам!” Қобус аз тахт фуруд омаду чанд гом Абӯалиро истиқбол карду дар канораш гирифту бо ӯ бар як ниҳоле пеши тахт бинишасту бузургиҳо пайвасту некӯ пурсиду гуфт: “Аҷалли афзал ва файласуфи акмал! Кайфияти ин муолиҷа албатта бозгӯяд?” (16)
Абӯалӣ гуфт: “Чун набзу тафсира бидидам, маро яқин гашт, ки иллат ишқ асту аз кетмони сир ҳол бад-инҷо расидааст (17). Агар аз вай суол кунам, рост нагӯяд. Пас, даст бар набзи ӯ ниҳодам, номи маҳаллот бигуфтанд, чун ба маҳаллати маъшуқ расид, ишқ ӯро биҷунбонид, ҳаракат бадал шуд, донистам, ки дар он маҳаллат аст. Бигуфтам, то номи кӯйҳо бигуфтанд. Чун номи кӯйи маъшуқи хеш шунид, ҳамон маъно ҳодис шуд, номи кӯй низ бидонистам. Бифармудам, то саройҳоро ном бурданд, чун ба номи саройи маъшуқ расид, ҳамон ҳолат зоҳир шуд, сарой низ бидонистам. Бигуфтам, то номи ҳамаи аҳли сарой бурданд, чун номи маъшуқи худ бишнид, бағоят мутағайир шуд, маъшуқро низ бидонистам. Пас бад-ӯ гуфтам ва ӯ мункир натавонист шудан, муқир омад.” (18)
Қобус аз ин муолиҷат шигифте бисёр намуд ва мутаъаҷҷиб бимонд, ва алҳақ ҷойи таъаҷҷуб буд. Пас гуфт: “Ё аҷаллли афзали акмал! Ошиқу маъшуқ ҳар ду хоҳарзодагони мананду холазодагони якдигар, ихтиёре бикун, то ақди эшон бикунем.” Пас Хоҷа Абӯалӣ ихтиёре писандида бикарду он ақд бикарданду ошиқу маъшуқро ба ҳам пайвастанд, ва он ҷавони подшоҳзодаи хубсурат аз он чунон ранҷе, ки ба марг наздик буд бираст.
Баъд аз он Қобус Хоҷа Абӯалиро ҳар чи некӯтар бидошту аз он ҷо ба Рай шуду ба вазорати шаҳаншоҳ Алоуддавла уфтод, ва он худ маъруф аст андар торихи айёми Хоҷа Абӯалӣ Сино.”
* * *
Пайнавишт:
1) Ақрибо: хешовандон.
2) Ориза: беморӣ.
3) Атиббо: ҷамъи табиб яъне табибҳо.
4) Ҷуҳд кардан: кӯшидан.
5) Худдом: ҷамъи ходим яъне ходимҳо.
6) Мутаносибаъзо: яъне аъзояш ҳама бо ҳам мутаносиб ва ҳамоҳанг.
7) Тафсира хост: яъне дар бораи вай ва шарҳи ҳолаш пурсид.
8 ) Яъне пеши ман касеро биёваред, ки бо тамоми маҳаллаҳо ва кӯчаҳои Гургон ошно бошад.
9) Бардодан: зикр кардан.
10) Ҳодис шуд: яъне падид омад ва аз нав пайдо шуд.
11) Муътамидон: яъне касоне, ки мавриди эътимоди подшоҳ буданд.
12) Иститлоъ кардан: яъне огоҳӣ ҷустан, суроғ гирифтан.
13) Рафъ кардан: яъне бурдан.
14) Пештар Маҳмуди Ғазнавӣ, ки ба дунболи Бӯалӣ буд, ба тамоми атрофу акноф тасвире аз Бӯалӣ фиристода буд аз ҷумла ба Қобус.
15) Яъне, оё ту Бӯалӣ ҳастӣ?
16) Яъне, эй бузургтарин ва бартарин, оё чигунагии ин дармонро бароям бозмегӯӣ?
17) Яъне ин ҷавон ошиқ буда, вале аз шарм онро пинҳон медошта ва ҳамин пинҳонкорӣ ва нагуфтан ӯро ба ин ҳолат оварда.
18 ) Яъне иқрор кардан.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн