Ҳикояти вазир ва Зуннуни Мисрӣ
Яке аз вузаро пеши Зуннуни Мисрӣ (аз урафои номвари қарни севвум) рафт ва ҳиммат хост, ки рӯзу шаб ба хидмати султон машғулам ва ба хайраш умедвору аз уқубаташ тарсон.
Зуннун бигрист ва гуфт:
– Агар ман Худойро азза ва ҷалла чунин парастидаме, ки ту султонро, аз ҷумлаи сиддиқон будаме.
Гар на уммеду биму роҳату ранҷ,
Пойи дарвеш бар фалак будӣ.
В-ар вазир аз Худо битарсидӣ
Ҳамчунон к-аз малик, малак будӣ.
(Гулистон)
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: