Ҳикояти марди риёкор

Ҳикояти марди риёкор

Ин ҳикоятро марҳуми Ҳидаҷӣ дар ҳошияи “Манзума”-и Мулло Ҳодии Сабзаворӣ овардааст, ки хеле ҳикояти ҷолиб аст. Менависад:
Муқаддасмаобе буд дар маҳаллае, ӯ шабе барои ибодат ба масҷид рафт, масҷид холӣ буд, ду ракъат намоз, ки баҷой овард, садои хиш-хише аз гӯшаи масҷид шунид, бо худ гуфт, пас ман танҳо дар масҷид нестам, каси дигаре ҳам гӯӣ дар масҷид ҳаст.
Сипас шайтон ӯро васваса кард.
Шурӯъ кард бо садои баландтар намоз хондан, ба ин хиёл, ки фардо он ноошно дар деҳу маҳалла мунташир мекунад, ки фалонӣ дишаб дар масҷид то субҳ машғули розу ниёз буд ва намози нофила баҷо меовард.
Ин муқаддасмаоб ба ҳамин хиёл ҳатто шабро ҳам ба манзил нарафт ва то субҳ машғули намозу роз буд.
Субҳ, ки ҳаво равшан шуд, вақте ки хост аз масҷид хориҷ шавад, дид саге наҳиф ва заъиф аз гӯшаи масҷид аз дар берун рафт.
Якбора фаҳмид, ки ҳамаи он хиш-хишҳо аз ин саг буда, ки аз сармои шаб ба дохили масҷид паноҳ овардааст ва ҳамаи намози нофилаҳо ва гиряҳо ва ашкҳои ҷаноби муқаддасмаоб ҳам ба ҷойи тақаррубан илаллоҳ (тақарруб ба Худо), тақаррубан илал-калб (тақарруб ба саг) будааст.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Сомонаи иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ёфтани Худо
Дидори Натонёҳу ва Эрдуғон дар Ню-Йорк

Матолиби пурбоздид