Ҳикояти Мондело ва зиндонбон

Ҳикояти Мондело ва зиндонбон

Пас аз Президент шуданам ман аз муҳофизонам хоҳиш кардам, ки дар шаҳр сайр кунанд. Баъдан ба хӯрокхӯрӣ ба тарабхонае рафтем. Дар яке аз тарабхонаҳои марказӣ нишастем ва аз ҳар кадоми мо пурсиданд, ки чӣ мехоҳед? Баъд аз каме интизор шудан, як пешхидмате пайдо шуд ва руйхати хӯрокҳоро овард, дар он лаҳза ман ҳис кардам, ки дар паси миз як марди танҳое нишастааст, ки дар интизори хизмат буд. Вақте ки ба ӯ хизмат карданд, ман ба яке аз сарбозони худ гуфтам: равед, аз ин мард хоҳиш кунед, ки бо мо ҳамроҳ шавад. Муҳофизам рафта, даъвати маро расонд. Мард аз ҷой хеста, табақро гирифта, ба паҳлӯи ман нишаст. Ҳангоми хӯрокхӯрӣ дастҳояш доимо меларзиданд ва ӯ аз хӯрок ба боло нигоҳ намекард. Вақте ки мо хӯрокро итмом кардем, ӯ ҳатто ба ман нигоҳ накарда, ба ман ишораи хайрбоши кард, ман дасти ӯро фишурдаму рафтам!

Муҳофизам ба ман гуфт:

– Ҷаноб, ба фикрам ин мард сахт бемор аст, чунки ҳангоми хӯрок хӯрдан дастонаш меларзиданд.

– Асло не! Сабаби ларзиши ӯ дигар аст, ҷавоб додам ман. Онҳо ба ман аҷоиб нигаристанд ва ман ба онҳо гуфтам: ин мард нигаҳбони зиндоне буд, ки ман дар онҷо тули бистуҳафт (27) – сол маҳбус будам. Вақте пас аз шиканҷа, ки ба ман мекарданд, ман дод мезадам ва об мехостам ӯ омада ба ман зулм карда ба ҳолам ханда мекард ва ба ҷои об додан ба сари ман пешоб мекард. Вай бемор нест, метарсиду меларзид, шояд дар фикри он буд, ки акнун, ман президент ҳастам, ӯро ба зиндон меандозам ва ҳамон тавре ки бо ман рафтор карда буд, шиканҷа ва таҳқираш мекунам. Аммо ман ингуна нестам, ин рафтор ҷузъи хислати ман ва одоби ман нест. Ақлҳое, ки қасос мехоҳанд, давлатҳоро вайрон мекунанд ва онҳое, ки мусолиҳа мехоҳанд, миллатро эҷод мекунанд.

Нелсон Мондело

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

ФОРСИЗАБОНОНИ БЕГОНА ВА ЯГОНА
Пиромуни Эрон ва иттифоқоти ахири он

Матолиби пурбоздид