Ҳикояти писари мағрур

Муҳоҷират

Ҳикояти писари мағрур

Нуктаҳои ахлоқӣ

Писари мағрур

Писаре ба модараш гуфт:

Бас аст, Модар, чаро ин қадар намоз мехонед? Шумо, ки ин ҳама солҳо намоз хондед, Худо ба Шумо чӣ дод? Ба ман нигоҳ кунед, ман намоз намехонам, вале ҳарчӣ мехоҳам, онро ба даст меорам, ҳарчӣ дилам хост, ба он мерасам!…

Як рӯз, ки дид, модараш намоз мехонад, пеши худаш гуфт:

Бигзор бубинам, Модарам дар намозҳояш чӣ мегӯяд, аз Худояш чӣ мехоҳад ва чӣ талаб мекунад…

Нишасту ба замзамаҳои модараш гӯш дод.

Модар пас аз ҳамду санои Худованд гуфт:

Худоё, ман барои худам чизе аз ту намехоҳам, фақат танҳо чизе ки мехоҳам ин аст, ки ман як писар дорам, аз ту мехоҳам ҳар орзуе, ки писарам дар дил дошта бошад, онро бароварда кунӣ ва ҳарчи хост, ба ӯ ато бифармоӣ.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Худо аз ангезаҳои мо огоҳ аст…
Исмоил Ҳаниа: “Муқовамати Фаластин дар авҷи тавонмандӣ ва иқтидор қарор дорад”

Матолиби пурбоздид