Ҳикояти Султон Маҳмуд ва пирамарди кишоварз

Адаб

Ҳикояти Султон Маҳмуд ва пирамарди кишоварз

Адабиёт

Дар ривоёти исломӣ ба шукргузорӣ аз неъматҳо зиёд таъкид шудааст, зеро шукргузорӣ боиси афзоиши неъматҳо мешавад.
Аз ҷумла дар ҳадиси мубораке, ки аз Имом Ҷаъфари Содиқ нақл шудааст, мехонем: “Шукргузорӣ боиси фаровонии неъматҳо ва эмин мондан аз фақру тангдастӣ мешавад”.
Ҳикояти зебое ҳам дар ҳамин росто нақл шудааст, ки мехостам онро барои шумо бозгӯ кунам:
Рӯзе Султон Маҳмуд ба вазиронаш дастур дод, ҳар кас ҷумлаи зебову ҳакимонае бигӯяд, ба ӯ сад тангаи тилло ҳадя диҳанд.
Як рӯз, ки султон аз канори киштзоре мегузашт, чашмаш ба пирамарде афтод, ки дар ҳоли коштани дарахти зайтун буд.
Султон наздиктар рафт ва ба пирамард гуфт: Шумо медонед, ки ниҳоли зайтун ба зудӣ мева намедиҳад ва бояд бист сол сабр кунед, то самар диҳад. Шумо бо ин синну сол ба чӣ умеде ин ниҳолро мекоред?
Пирамард лабханде заду гуфт: Мо аз меваҳои дарахтоне хӯрдем, ки дигарон кошта буданд ва ҳоло ҳам, мо мекорем, то дигарон аз мевааш баҳраманд шаванд.
Султон аз ҷавоби пирамард бисёр хушҳол шуд ва гуфт: Шумо сухани ҳакимонае гуфтед! Сипас ба вазираш дастур дод, то ба ӯ сад тангаи тилло ҳадя бидиҳанд.
Пирамард вақте тангаҳои тиллоро гирифт, хушҳол шуду хандид.
Шоҳ гуфт: Эй падарҷон, Шумо барои чӣ механдед.
Пирамарди хирадманд дар ҷавоби вай гуфт: Зайтун баъд аз бист сол самар медиҳад, аммо зайтуни ман ҳамин ҳоло самар дод, барои ҳамин механдаму хушҳолам!
Султон боз ҳам аз суханони пири хирадманд бисёр хушаш омад ва дасту дод, ба ӯ сад тангаи дигар ҳадя бидиҳанд.
Ин дафъа, ки тангаҳои тиллоро ба пирамард доданд, ӯ боз ҳам хандид.
Султон Маҳмуд бо тааҷҷуб пурсид: Эй падари хирадманд, ин дафъа барои чӣ механдед?
Пирамард дар посух гуфт: Дарахти зайтун соле як бор мева медиҳад, аммо зайтуни ман имрӯз ду бор самар дод.
Султон ҳам лабханде заду ба мулозимонаш дастур дод: Ба ин пири хирадманд боз сад тангаи тилло бидиҳед…
(Манбаъ: Фесбук, сафҳаи шахсии М.Ҷавҳаризода)
Сомонаи иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сухан бисёр дону андаке гуй…
Эй бародар, ту ҳамон андешаӣ…

Матолиби пурбоздид