Ҳимояти аксарияти кишварҳои ҷаҳон аз узвияти комили Фаластин дар Созмони Милал
Ахбори байналмилал
Раъйи мувофиқи 143 кишвар муқобили 9 мухолиф
Намояндаи Исроил маншури Созмони Милалро пора кард
Дар раъйгирии Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид аксарият аз узвияти комили Фаластин дар Созмони Милал ҳимоят карданд.
Ба гузориши Алъолам
Тарҳи ҳимоят аз узвияти комили Фаластин дар Созмони Милали Муттаҳид, бо 143 раъйи мусбат дар муқобили 9 раъйи манфӣ ва 25 мумтанеъ дар Маҷмаи умумии Созмони Милал тасвиб шуд.
Ҳамакнун 137 кишвар аз 193 кишвари ҷаҳон Фаластинро ба унвони кишвар-давлат ба расмият мешиносанд.
Намояндаи режими Исроил дар Созмони Милали Муттаҳид ҳангоми баррасии ин тарҳ, пушти минбар қарор гирифт ва маншури Созмони Милали Муттаҳидро дар дастгоҳи хурдкуни кучак андохт ва пора кард.
Ин иқдом ба нишонаи беаҳаммиятии тасмимоти Созмони Милал барои Исроил анҷом шуд.
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: