Ҳифзи нишоту оромиш ва шодӣ дар хонавода
Сабки зиндагӣ
Гоҳе мумкин аст ин савол пеш ояд, ки мо ба унвони сарпарасти хонавода, ба унвони падари хонавода ё модари хонавода чӣ гуна ва бо чӣ равишҳое конуни хонаводаро гарм нигаҳ дорем?
Дар посух бояд гуфт, ки барои гарм нигаҳ доштани конуни хонавода, нишоту оромишро дар манзил ҳифз кунед, бо фарзандон ва ҳамсари худ бо табассум ва дар айни ҳол, бо виқор бархурд кунед ва изтиробу нигарониро аз муҳити хона дур кунед.
Ҳангоми рӯбарӯ шудан бо мушкилот ва ғаму ғуссаҳои беҷо, бояд қотеона бархурд кунед ва бедиранг онҳоро аз байн бибаред.
Бидонед, ки агар ғаму ғусса ва бенишотиро аз байн набаред, онҳо саранҷом шуморо аз байн хоҳанд бурд.
Мабодо бо захми забон, самимият ва сафову гармиро аз хонаи худ дур бирезем.
Ҳаргиз дили ҳамсар ва фарзандон ва дӯстонатонро нашиканед.
Ба ҳамсар ва фарзандонатон муҳаббат кунед.
Бо калимоти оташин ва муҳаббатомез қалби ҳамсаратонро ба худ ҷазб кунед.
Расули Акрам(с) фармудаанд:
“Сухани мард ба ҳамсараш, ки бигӯяд: “ман туро дӯст медорам!” – ҳеч гоҳ аз қалби ӯ зудуда намешавад” – ва асароти меҳрофарин ва бисёри он ҳамеша боқӣ мемонад.
Бо гуфтани ҳамин як ҷумлаи кӯтоҳ метавон тамоми хастагӣ ва мушкилоту сангинии бори зиндагӣ ва масъулияти занро ҷуброн намуд то зан бонишот ва бо омодагӣ ва нируи бештар ба зиндагӣ ва тарбияти фарзандон идома диҳад.
Бидонед, асоси истеҳком ва тасбити низоми хонаводагӣ бар пояи муҳаббат ва эҳтироми дутарафаи зану мард аст.
Шӯълаҳои пурфурӯғи раъфату меҳрубониро дар дилҳои якдигар рӯшан нигаҳ доред.
Фарзандон он қадар, ки аз ихтилофоту бенишоӣ ва набудани маънавият ва меҳрубонию утуфат ва сафову самимият ранҷ мебаранд, аз камбуд ва фақри моддӣ ранҷ намебаранд, меҳрубонӣ ва раъфат ҳатман ҷои фақр ва камбудҳои моддиро пур хоҳад намуд.
Агар дӯстию рафоқат ва самимияти зану мард дар зиндагӣ ва дилсӯзии онҳо нисбат ба фарзандон ва муҳаббати афроди башар ба якдигар намебуд, башарият ва ҷомеаи инсонӣ суқут мекард ва нобуд мешуд.
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: