Ҳишом ибни Муҳаммади Калбӣ

Таърих

Ҳишом ибни Муҳаммади Калбӣ

Машоҳир

Калбӣ Ҳишом ибни Муҳаммад: муаррихи арабе, ки забони форсӣ медонист

Калбӣ Ҳишом ибни Муҳаммад…, муканно ба Абулмунзир соли 738 дар Куфа ба дунё омад. Аз бузургтарин муаррихони давраи исломӣ, олими ансоб (насабшинос) ва ахбори араб. Падараш аз олимони маъруфи рўзгори худ буд ва Калбӣ аз мероси илмии вай баҳраи фаровон бурд.

Ҳавзаи кории Калбӣ бештар ахбори аҳди ҷоҳилияти араб ва ахбори марбут ба Эрону Яман буда, ў маҷмўаҳои азиме дар ин замина гирдоварӣ кардааст. Калбӣ дар бораи ахбори давраи исломӣ низ таълифоте доштааст.

Аҳмад ибни Ҳанбал дар бораи ў гуфта, ки Ҳишом (Калбӣ) соҳиби шеър буда ва дар дониши ансоб табаҳҳур дошт. Таълифоти вай дар дониши мазкур бавуҷудоварандаи осорест, ки баъдҳо дар ин ришта нигошта шудааст. Вусъати кори Калбӣ нишоне аз нубуғи баланди таърихии ў мебошад. Ба қавли муҳаққиқи муосир Ҷавод Алӣ, Калбӣ дар истифода аз манобеи аслӣ ва васоиқ аз мактуб, бавижа дар таърихи Ҳира ва таърихи Форс аз падараш пешӣ гирифтааст. Калбӣ шогирдони бисёреро таълим додааст. Аксар муаллифони таърихнависи он рўзгор шогирдони ў будаанд ва аз ривоятҳоитаърихияш истифода кардаанд.

Ў забони форсиро низ медонист. Калбӣ осори бисёр нигоштааст, ки бештари онҳо аз миён рафтаанд. Ибни Надим дар се сафҳа таълифоти ўро баршумурдааст. Ин осор дар заминаҳои гуногуне чун аҳлоф (паймонҳо), ансоб, ал-авоил, ахбори ҷоҳилӣ, ахбори даврони исломӣ, ахбори шаҳрҳо, ахбори шоирон ва айёми араб мебошанд.

Муҳимтарин асари Калбӣ «Китобу-л-асном» буда, он ҳамроҳи китоби «Насабу- муъадди ва-л-Ямани-л-кабир»-и ў бо чанд тасҳеҳ чоп шудаанд. Осори барҷоймондаи Калбиро Фуат Сезгин (фавт 2018)  феҳрист кардааст.

«Ҷумҳурату-л-ансоб», «Насабу-л-хайли фӣ ҷоҳилия ва-л-ислом», «Буютоту қурайш», «Алқобу-л-Яман», «Ториху ахбори-л-хулафо», «Мулуку-т-тавоиф», «Китобу-н-навофил» ва «ад-Дебоҷ фӣ ахбори-ш-шуаро» аз ҷумлаи дигар осори ўянд.

Ў соли 819 ё 821 дар Куфа аз дунё даргузашт.

Бознашр аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2020. – Ҷ.9. – С. 257 -258.

Муаллиф: Ҳ.Исмоилзода.

Таҳияи Назарова Дилафрўз, корманди шуъбаи библиографияи миллӣ

Қаламонлайн

 

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ман он шамъам, ки механдам…
Ҷавонӣ рафт

Матолиби пурбоздид