Ҳодисаи Карбало (2)

Таърих

Ҳодисаи Карбало (2)

Бахши дуввум

Имом Аҳмад ибни Ҳанбал дар “Муснад”-и худ аз Абдуллоҳ ибни Нуҷай ва ӯ аз падараш ривоят карда: Замоне ки Алӣ ба тарафи Сиффайн ҳаракат мекард, ӯ (падари Абдуллоҳ ибни Нуҷай) дар ин сафар дар канори он ҳазрат (а) буда.

Дар васати роҳ, вақте Алӣ дар баробари дашти Найнаво (Карбалои имрӯз) қарор гирифт, фармуд: диранг кун эй Абӯабдуллоҳ! Диранг кун эй Абӯабдуллоҳ дар канори рӯди Фурот!

Ровӣ гӯяд, пурсидам: Алӣ чӣ гуфт?

Арз кард: Алӣ гуфт: рӯзе ба ҳузури Паёмбари Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) расидам, дидам аз чашмони муборакаш ашк меборанд.

Арз кардам: эй Паёмбари Худо! Оё касе шуморо ба хашм оварда, чаро аз чашмони шумо ашк меборад?

Паёмбар (с) фармуд: ҳамин ҳоло Ҷабраил (а) аз наздам рафт, ӯ ба ман гуфт: Ҳусайн дар каронаи рӯди Фурот кушта хоҳад шуд.

Алӣ ба ӯ арз кард: оё метавонам аз турбати (муште аз хоки) он макон бибӯям?!

Паёмбар (с) фармуд: бале.

Сипас, аз ҷойе муште хок бардошт ва ба ман дод, (то бибӯям), ман ҳам натавонистам худамро ба даст гирам, ашк аз чашмонам ҷорӣ шуданд.”

(Муснади Аҳмад ибни Ҳанбал, 2/119, Ашшомила)

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тангаи Ҳурмуз баста шуд
Матни Тафоҳумномаи Эрон ва Амрико

Матолиби пурбоздид