Ҳодисаи Карбало (9)

Таърих

Ҳодисаи Карбало (9)

 Шаҳодати бародарони Имом Ҳусайн

Тибқи нақли Табарӣ, дар рӯзи Ошуро, аз бародарони Имом Ҳусайн, ба тартиб Абӯбакр, Умар, Усмон, Ҷаъфар, Абдуллоҳ ва Аббос (Абулфазл) ба майдони набард баромаданд ва ҳар як шуҷоъона ҷангиданд ва ҷоми шаҳодат нӯшиданд.

Ба унвони намуна, Усмон ибни Алӣ меҷангид ва ин раҷазро мехонд:

إنى أنا عثمان ذو المفاخر

شیخي علي ذو الفعال الطاهر

صنو النبي ذو الرشاد السائر

ما بین کل غائب و حاضر

“Ман Усмон, соҳиби ифтихорот ҳастам.

Пирам Алӣ, соҳиби кирдори пок аст.

Ӯ бародари Паёмбар, соҳиби истиқомат ва ҳидоят аст.

Ӯ миёни ҳар ғоиб ва ҳозир (ҳузурдошта) аст.”

(Табарӣ, ба нақл аз “Маъолимул-мадрасатайн”, 3/158)

Шаҳодати ҳазрати Аббос ибни Алӣ

Яке аз бародарони Имом Ҳусайн, Аббос буд. Хоразмии Ҳанафӣ мегӯяд, Аббос марде хушпайкар ва зебое буд. Ба ӯ Қамари (моҳи) Банӣ Ҳошим низ мегуфтанд. Дар рӯзи Ошуро ӯ парчадори сипоҳи Имом Ҳусайн ба шумор мерафт.

Тибқи нақли Хоразмӣ, ӯ (Аббос) берун омад, ӯ саққо (обкаш)-и ёрони Имом Ҳусайн буд, вай ин раҷазро мехонд:

أقسمت بالله الأعز الأعظم

وبالحجون صادقا وزمزم

وبالحطیم والفنا المحرم

لیخضبن الیوم جسمي بدمي

دون الحسین ذي الفخار الأقدم

إمام أهل الفضل والکرم

“Савганд ба Худованде, ки азизтарин ва азимтарин аст!

Савганди содиқона ба кӯҳи Ҳаҷун ва Замзам!

Савганд ба Ҳатим ва Фино! (Ҳатим ва Фино, ду макони муқаддас дар Каъба ҳастанд.)

Имрӯз танам ба хун оғушта мешавад.

(Оғушта мешавад) дар ҳимояти Ҳусайн, ки соҳиби ифтихорот ва муқаддам бар ҳама аст.

Ӯ (Имом Ҳусайн) соҳиби фазилат ва бахшандагӣ аст.”

(Мақотил, 2/29-30)

Дар “Иршод” ва “Мусирул-аҳзон” ва “Луҳуф” аст, ки ташнагӣ бар Имом Ҳусайн шиддат ёфт, он гоҳ ба аспаш савор шуд ва мехост ба рӯди Фурот ояд, пешопеш Аббос буд. Сипоҳиёни Умар ибни Саъд пеши роҳашро гирифтанд.

Дар “Маноқиб” гӯяд, ки Аббос ба тарафи рӯди Фурот рафт, то обе баргирад, ки бар ӯ ҳамла карданд ва ӯ низ бар онҳо ҳуҷум овард, дар ҳоле, ки ин раҷазро мехонд:

لا أرهب الموت إذا الموت رقی

حتی أواري فی مصالیت لقا

نفسي لنفس المصطفی الطهر وقا

إني أنا العباس أغدو بالسقا

ولا أخاف الشر یوم الملتقی

“Ташвиш аз марг надорам ҳар гоҳ марг ва осори он зоҳир шавад.

То ин ки худро дар миёни шамшерҳои бараҳна андозам ва пӯшида шавам.

Ҷонам фидои Муҳаммади Мустафо (с)!

Маро Аббоси саққо мегӯянд, ки боке аз шарри душман дар рӯзи ҷанг надорам.”

Аббос душманро пароканда мекард. Яке аз сипоҳи душман, ки Зайд ибни Варқои Ҷуҳанӣ ном дошт, дар пушти дарахти хурмое камин гирифт, ӯро Ҳаким ибни Туфайл низ кӯмак мекард. Зайд ба василаи тир ба дасти рости Аббос зад. Аббос шамшерро ба дасти чапаш гирифт ва бар Зайд ҳамла кард, дар ҳоле, ки ин раҷазро мехонд:

والله إن قطعتم یمیني

إني أحامي أبدا عن دیني

وعن إمام صادق الیقین

نجل النبي الطاهر الأمین

“Ба Худо савганд, ки агар дасти ростамро буридед,

ман ҳамеша аз динам дифоъ хоҳам кард.

(Ва ҳамчунин дифоъ хоҳам кард) аз Имом, ки ростяқин аст.

Ӯ (Имом Ҳусайн) фарзанди Паёмбари поку амин аст.”

Ба ҳамин минвол меҷангид, то танаш нотавон гашт. Он гоҳ Ҳаким ибни Туфайл дар пушти дарахти хурмое камин гирифт ва ба дасти чапи Аббос зад. Он гоҳ Аббос ин раҷазро хонд:

یا نفس لا تخشی من الکفار

وأبشري برحمة الجبار

مع النبي السید المختار

قد قطعوا ببغیهم یساري

فأصلهم یا رب حر النار

“Эй нафс, аз кофирон матарс!

Ва мужда бод (бар ту) раҳмати Худованди Ҷаббор!

(Мужда бод) ҳамроҳии Паёмбар, ки хоҷаи баргузида аст!

Онҳо (душманон) ба зулми худ дасти чапамро қатъ карданд,

пас, эй Парвардигор, ҳарорати оташи ҷаҳаннамро бар онҳо бичашон!”

Он малъун яъне Ҳаким ибни Туфайл ба василаи гурзи оҳанӣ Аббосро ба қатл расонд.

(Маноқиб, 2/221-222)

Хоразмӣ мегӯяд, Ҳусайн дар ин ҳангом гуфт: Алъон камарам шикаст!..

(Мақтал, 2/39, ба нақл аз “Маолим-ул-мадрасатайн”, 3/159-160)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Эҳтизози парчами Фаластин дар Вашингтон
Фарқи мӯъмин ва мунофиқ

Матолиби пурбоздид