Ҳукумат танҳо муқассири моҷарост? Наҳзат чӣ?

Таҳлили хабарӣ

Ҳукумат танҳо муқассири моҷарост? Наҳзат чӣ?

Ёддошти Сайид Алиакбар Бурҳонов перомуни ҳодисаи террористии Маскав

Бар асоси эъломи расонаҳо, зоҳиран чанде аз террористҳои ин ҷиноят тоҷиктабор будаанд.

Дар ин бора як нигоҳе, ки таваҷҷуҳамро ҷалб кард ин буд, ки ҳукумати Тоҷикистон омили гароиши тоҷикҳо ба ДИИШ аст ва ба унвони намуна маҳдудияти фаъолияти олимони ҳақиқии исломӣ дар Тоҷикистон ва ҳамчунин баста шудани Наҳзат ва чанд омили дигар матраҳ гашт.

Ман низ ҳукумати Тоҷикистонро дахил дар амалиётҳои террористӣ медонам ва на танҳо ба хотири фароҳам кардани бистари иҷтимоии он (ҳамчун маҳдудияти олимон ва марокизи динӣ ва…), балки ҳукумати Тоҷикистонро дар барнома ва тарроҳии амалиётҳо низ шарики мустақим медонам, ки дар фурсати дигар менависам.

Аммо баҳс дар ин аст, ки чаро фикр мекунед баста шудани Наҳзат омили гароиши ҷавонон ба ДИИШ аст?

Шояд то чанде қабл ман низ инро қабул доштам, аммо вақте бештар фикр мекунам ин масъала наметавонад омили таъсиргузоре ба ҳисоб ояд.

Бояд инро бипазирем, ки ҷавони мусалмоне, ки ба гурӯҳҳои ифротие мисли ДИИШ ҷазб мегардад, сирфан барои фаҳми масоили диние мисли чигунагии хондани намозу гирифтани рӯза ва дар кул фаҳми аҳқоми фардӣ ба ин гурӯҳҳо намепайвандад, балки он ҷавон дағдағае фаротар аз инҳо дорад ва он дағдаға, соҳати иҷтимоӣ ва сиёсӣ ва ҳукмронию иҷрои аҳкоми илоҳӣ дар сатҳи ҷомеа будааст, на сирфи масоили фардӣ!

Ҳол суоле, ки матраҳ мегардад ин аст, ки Наҳзати исломӣ магар дар замони ҳузур дар Тоҷикистон махсусан солҳои ахир, барномае дар сатҳи иҷтимоъ бо нигоҳи динӣ доштааст?

Магар ёдатон нест, ки ҳатто масъалаи ҳазфи қайди “исломӣ” аз унвони ин ташкилот ба таври ҷиддӣ матраҳ шуда буд?

Оё Наҳзат посухгӯи ангезаҳои исломии ҷомеа буд? Ва дар роҳи ҷиҳатдиҳии дурусти он қадаме бардошта буд ё саъй бар он дошт, ки домони худро аз “исломийят” пок карда ва худро сирфан як ҷараёни сиёсӣ мисли бақия таъриф кунад?

Оё ин масъала фақат ба як дастовез барои мухолифат бо Раҳмонов бадал нашудааст?

Ҳатто агар аз Наҳзати замони дохили Тоҷикистон буда, чизе нагӯем, биёед Наҳзати баъди 2015-ро баррасӣ кунем:

Магар намегӯед чун Раҳмонов ҷараёни мӯътадиле мисли Наҳзат-ро маҳдуд кард ва нагузошт таорифи дурусте аз Ислом ба мардум расад, ҷавонон ба ДИИШ гаравиданд?

Хуб пас аз 2015, ки Наҳзат дар хориҷ аз Тоҷикистон буд, чӣ маҳдудияте барои ҷиҳатдиҳии динии мӯътадил дошт?

Чаро ягон кору гуфтумону баҳси диние, ки битавонад гароиши исломии ҷавононро таъдил кунад, аз Наҳзат мушоҳида намешавад?

Магар ин ҷавонони террорист дар дохили Тоҷикистон будаанд, ки Наҳзат ба онон дастрасӣ надошта бошад? Ба эътирофи аксари коршиносон, аксари ин ҷавонон дар хориҷ аз кишвар ба ДИИШ ҷазб шудаанд, чаро Наҳзат ононро ҷазб накард?

Чаро ҳувийяти динии тоҷиконро нодида гирифта худро фақат “СЕКУЛОР” муаррифӣ карданд, ҳатто афроди мансуб ба Наҳзат ҳарф аз ҳамкорӣ бо Исроил барои муқобила бо ҳукумати Раҳмонов ба миён оварданд?

Оё ҷараёне, ки ба хотири исломгаро буданаш матраҳ шуда ва акнун комилан худро Секулор медонад, метавонад ангезаҳои исломии ҷавононро посухгӯ бошад?

Ба ҷои баҳонаҷӯӣ биёед бипазирем ҳамонтавр, ки Раҳмонов бо эҷоди маҳдудияти динӣ дар савқ додани ҷавонон ба ДИИШ муқассир аст, Наҳзат ҳам бо канор гузоштани гуфтумони динӣ ва адами пардохтан ба ҳувийяти динии тоҷикон, дар гароиши ҷавонон ба ДИИШ муқассир аст!!

والسلام على من اتبع الهدى

(Ин шиор ба маънои кофир донистани Наҳзатиҳо нест, ба маънои он навиштам, ки тариқи ҳидоятро аз ҷавонон дур карданду бидуни тавҷеҳи дурусти динӣ, худро секулор дониста ба гумроҳии ҷавонон саҳм гузоштанд)

Сайид Алиакбар Бурҳонов

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Террор дар Маскав
Ҳеч тоҷике ин амали террористиро анҷом надодааст!

Матолиби пурбоздид