Ҳушдори коршиносон: Муҳоҷирати кории занон дар ҳоли афзоиш аст

Муҳоҷират

Ҳушдори коршиносон: Муҳоҷирати кории занон дар ҳоли афзоиш аст

Муҳоҷират

Коршиносон ҳушдор дода гуфтаанд: агарчӣ назар ба солҳои 2010, меҳоҷирати меҳнатӣ дар нӯҳмоҳаи соли ҷорӣ рӯ ба коҳиш аст, аммо саффи занон ба манзури муҳоҷирати меҳнатӣ дар ҳоли афзоиш аст.

Бар асоси ин гузориш, аз Тоҷикистон дар соли 2010, беш аз ҳафтсаду сӣ ҳазор нафар муҳоҷир будаанд, ки аз ин 79 ҳазору 632 нафарро заноон ташкил медоданд.

Ин дар ҳолест, ки дар 9 моҳи соли 2022, аз Тоҷикистон 534 ҳазору 258 нафар  ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, ки аз ин теъдод, 92 ҳазору 826 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд ва мутаассифона ин раванд ҳамчунон рӯ ба афзоиш аст.

Лозим ба ёдоварист, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни нишасти кишварҳои “Осиёи Миёна ва Русия” дар шаҳри Остона бо муроҷиат ба раиси ҷумҳури Русия, Владимир Путин гуфта буд, ҳамасола беш аз 2 миллион нафар аз Тоҷикистон ба Русия сафар мекунанд. Алатта ба гуфтаи Раҳмон, ҳамаи ин мусофирон дар Русия намемонанд ва аз Русия ба кишварҳои аврупоӣ ва соири кишварҳо мусофират ва муҳоҷирати худро идома медиҳанд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Вазъи номуносиби паноҳҷӯён дар хоки Аврупо
Ҳикояти Ардавони Одил

Матолиби пурбоздид