Ҳушдори Эрон ба Амрико

Ҳушдори Эрон ба Амрико

Ахбори байналмилал

Дар паи тасмими Амрико дар мавзӯи эъзоми ҷангадаҳои амрикоӣ ба баҳонаи ҳифзи амнияти Халиҷи Форс, сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон ба Амрико ҳушдор дод.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон, Носири Канъонӣ дар хусуси ҳар навъ иқдом ва таҳрик дар Халиҷи Форс ҳушдор дод.

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар нишасти хабарии рузи душанбе ва дар посух ба хабарнигори Эрон Пресс дар хусуси иддаои эъзоми ҷангандаҳои Амрико ба баҳонаи ҳифзи амният ба Халиҷи Форс гуфт: Нақши Амрико дар амнияти минтақа ҳеҷ гоҳ сулҳомез набудааст.

Ин намояндаи расмии Эрон таъкид кард: Эрон ҳар гуна иқдоми ғайриқонунӣ, ки амнияти минтақаро таҳти таъсир қарор диҳад, расад мекунад ва нисбат ба ҳар гуна таҳаррук дар наздикии марзҳои худ ҳассос хоҳад буд.

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон хотирнишон кард: Амнияти минтақа мавзуи муштараки кишварҳои Халиҷи Форс аст ва ниёзманди ҳамкории дастаҷамъӣ ас, бинобар ин интизор меравад, дигар ҳамсоягон низ дар ин робита, ҳушдорҳои лозимро ба тарафи муқобил бидиҳанд.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ташрифи вазири беҳдошти Эрон ба донишгоҳи тиббии Тоҷикистон
Фарҷоми нобаҳангоми Ӯлҷабоев

Матолиби пурбоздид