Ҳушдори Эрон ба Омрико аз тариқи сафорати Суис

Ҳушдори Эрон ба Омрико аз тариқи сафорати Суис

Ҳушдори Эрон ба Омрико аз тариқи сафорати Суис (Швейтсария)

Ахбори байналмилал

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, аз тариқи сафорати Суис (Швейтсария) дар Теҳрон, ҳушдоре ба Омрико дода шуд, ки худашонро канор бикашанд ва дахолат надошта бошанд, вагарна бо посухи сахти Эрон мувоҷеҳ хоҳанд шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Сайидаббос Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон, (чаҳоршанбе) дар гуфтугӯи телевизионӣ дар бораи ҳамлаи танбеҳии мушакии сешанбешаби нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ба сарзаминҳои ишғолӣ тасреҳ кард: “Ҳар иқдоми ҷадиде тавассути режими саҳюнистӣ ё ҳомиёни ин режим бо посухи сахттари Ҷумҳурии Исломии Эрон мувоҷеҳ хоҳад шуд; ин ҳушдоре аст, ки аз дишаб дар гуфтугӯҳои телефонии банда ва чӣ дар баёнияи расмӣ ба ҳамаи тарафҳо дода шудааст.”

Вай дар посух ба ин суол, ки гуфта шуда Эрон қабл аз ҳамла ба Омрико иттилоъ додааст? – афзуд: “На, таъйид намекунам. Аввалан, табодули паём ба маънии ҳамоҳангӣ нест. Ҳеч табодули паёмӣ сурат нагирифта, вале ба сурати мантиқӣ баъд аз ҳамла лозим аст ҳушдорҳои худро ба ҳамаи тарафҳо аз ҷумла омрикоиҳо бидиҳем ва ин кор анҷом шудааст.”

 

Эҳтимоли бозгашти сабот ба минтақа

Вазири хориҷаи Эрон изофа кард: “Ҳушдоре, ки арз кардам дишаб ба сурати саҳеҳ ва дақиқ ба сафорати Суис (Швейтсария) дода шуд, ки ба омрикоиҳо мунтақил кунанд ва меҳвари аслии он ин буд, ки ин иқдоми дифоии мо буда, ки бар асоси моддаи 51-и Маншур анҷом шудааст ва ҳаққи дифоии мо буда ва амалиёти мо анҷом шуда ва қасди идома надорем, магар ин ки тарафҳои муқобил посух диҳанд.”

Ироқчӣ афзуд: “Ҳамчунин ҳушдор ба нерӯҳои омрикоӣ буд, ки худашонро канор бикашанд ва дахолат надошта бошанд, вагарна бо посухи сахти мо мувоҷеҳ хоҳанд шуд.”

Вай бо ишора ба изҳороти сардор Боқирӣ мабнӣ бар ин ки агар режими Исроил посух диҳад, посухи мо сахттар хоҳад буд ва зерсохтҳои иқтисодии онҳоро ҳадаф қарор хоҳем дод, афзуд: “Дишаб фақат аҳдофи низомӣ ва амниятии ин режим мавриди ҳамла қарор гирифтанд ва ҳеч вақт ҳамла ба манотиқи маскунӣ анҷом нашуд, баръакс исроилиҳо, ки корашон задани манотиқи маскунӣ ва куштори мардуми бедифоъ аст, мо аслан вориди ин ҳавзаҳо нашудем ва фақат ҳавзаҳои низомиро задем.”

Ироқчӣ баён кард: “Эҳтимол медиҳам дар рӯзҳои оянда шоҳиди бозгашти навъе сабот ба минтақа бошем.”

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Оятуллоҳ Хоманаӣ: Ҳузури Омрико дар ин минтақа асоси мушкил аст
Ҳизбуллоҳ: “Камин алайҳи нерӯҳои нухбаи исроилӣ, оғози роҳ буд”

Матолиби пурбоздид