Ҳушдори Яман ба Исроил дар бораи ҳамла ба Рафаҳ

Ҳушдори Яман ба Исроил дар бораи ҳамла ба Рафаҳ

Ҳушдори шадидуллаҳни артиши Яман ба Исроил дар бораи ҳамла ба Рафаҳ

Ахбори байналмилал

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, зимни эъломи оғози чаҳорумин марҳилаи амалиётҳои ин кишвар барои ҳимоят аз мардуми Фаластин, таъкид кард, ки доманаи ҳамалоти Яман аз баҳри Медитарона (Миёназамин) то ҳар нуқтае хоҳад буд, ки дасти ин кишвар ба киштиҳои озими Фаластини ишғолӣ бирасад.

Сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман имрӯз (ҷумъа, 3 май) таъкид кард, ки Санъо таҳаввулоти марбут ба ҳамалоти Исроил ва Омрико ба Ғазза ва омода шудани онон барои амалиёти низомӣ дар минтақаи Рафаҳро пайгирӣ мекунад.

Ба гузориши Алмасира, Сареъ бо баёни ин ки Яман чаҳорумин марҳила аз амалиётҳои худро, ки дар ростои ҳимоят аз миллати Фаластин аст, оғоз мекунад, гуфт: “Мо оғози марҳилаи ҳамла ба ҳамаи киштиҳоеро эълом мекунем, ки ноқизи тасмими Яман барои мамнӯъияти убури киштиҳои исроилӣ ё киштиҳое аст, ки озими банодири Фаластини ишғолӣ ҳастанд.

Сареъ бо ишора ба ин ки доманаи ҳамалоти Яман аз баҳри Медитарона то ҳар нуқтае хоҳад буд, ки дасти ин кишвар ба ин киштиҳо бирасад, хотирнишон кард: “Агар Исроил амалиёти низомиро дар Рафаҳ оғоз кунад, тамоми киштиҳои мутаъаллиқ ба ширкатҳоеро муҷозот хоҳем кард, ки вориди банодири Фаластини ишғолӣ мешаванд.”

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман таъкид кард: “Ба ҳеч як аз киштиҳое, ки бо банодири Исроил дар иртибот бошанд, иҷоза нахоҳем дод аз минтақаи амалиётии мо убур кунанд; сарфи назар аз ин ки мақсади ин киштиҳо куҷо бошад.”

Яҳё Сареъ дар поён ба Исроил ҳушдор дод: “Барои омода шудан ва фароҳам кардани муқаддимоти марбути таниши густардатар ва қудратмандтар тардид нахоҳем кард, то ин ки ҳамла ба Ғазза мутаваққиф шавад ва муҳосираи миллати Фаластин ҳам дарҳам бишканад.”

Сайид Абдулмалик Ҳусӣ, раҳбари Ансоруллоҳи Яман ба тозагӣ ба амалиётҳои артиши Яман алайҳи киштиҳои исроилӣ ва киштиҳое, ки ба самти бандари Илот ҳаракат мекунанд пардохт ва гуфт, ки дар 202 рӯз, 102 киштӣ мавриди ҳадаф қарор гирифтаанд.

Сайид Абдулмалик Ҳусӣ таъкид кард: “То замони идомаи ҷанг ва муҳосира дар Ғазза, ин ҳамалот низ идома хоҳад ёфт; амалиётҳои низомии мо идома меёбад ва талош мекунем, то уқёнуси Ҳинд ин амалиётҳоро густариш диҳем.”

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки дар пайи амалиёти яманиҳо убури киштиҳои омрикоӣ аз баҳри Сурх ба мизони 80 дарсад коҳиш ёфтааст ва дар ин миён ҳазинаи бимаи киштиҳои омрикоӣ, ки бихоҳанд аз баҳри Сурх бигузаранд, дар мавоқеъе ҳатто то 50 миллион доллар низ афзоиш ёфтааст.

Ҳусӣ дар поён таъкид кард, ки бандари Илот ба шакли комил таътил шуда ва Исроил дар воридоти коло дар тангнои шадиде қарор гирифтааст.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Расонаи амрикоӣ: Арабистон фаъолони мунтақиди Исроилро боздошт мекунад
Яҳё Синвор тавофуқи оташбаси бидуни замонатро намепазирад

Матолиби пурбоздид