Ҳушдори Ҳамос дар баробари ҷиноёти Исроил
Ахбори ҷаҳон
Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин “Ҳамос” нисбат ба ҷиноятҳои афсоргусехтаи шаҳракнишинони ишғолгар дар Каронаи Бохтарӣ ҳушдор дод.
Бар асоси гузоришот, шаҳракнишинони исроилӣ дар Каронаи Бохтарии руди Урдун, шаби гузашта дар рустои фаластинии Ҳавора дар шимоли Каронаи Бохтарӣ ва рустоҳои атрофи он, ҳамла карда ва амлок ва худравҳои фаластиниёнро ба оташ кашидаанд.
Ин дар ҳолест, ки сухангӯи Ҳамос, Ҳозим Қосим, ҷиноятҳои террористии шаҳракнишинон ва низомиёни саҳюнист ба рустои фаластинии Ҳавораро баёнгари ҳароси онҳо дар муқобили муқовимати миллати Фаластин донист.
Parstoday
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн