Ҷадид кист?
Нигоҳе ба торих
Садриддин Айнӣ
Дар моҳи марти соли 1918 дар арки Бухоро барои ҷаллодон машғулият зиёд шуда буд. Ин машғулияти ҷаллодон аз рузи шанбе — дуюми марти ҳамон сол cap шуда буд.
Амир дар ҷавоби талабномаи катъии Колесов, ки барои талаби ислоҳот ва таслими силоҳ аз номи ҷавонбухороиён дода буд, барои кушта маҳв намудани ҷавонфикрони дар даруни Бухоро буда ва хайрхоҳони онҳо фармон дода буд.
Мувофиқи ин фармони амир, ҳар рӯз садҳо ҷавонфикрон, хайрхоҳони онон ва касоне, ки ба хайрхоҳии онон шубҳанок шудаанд, дастгир шуда дар арки амир кушта мешуданд ва ҳар шаб ҷасади он кушташудагонро аз шаҳр ба беруни дарвозаи калони Бухоро дар кӯли маълум бурда андохта, барои дастгиршавандагони фардоӣ дар арк ҷой холӣ мекарданд.
Азбаски аз 2-юми март то 5-уми март дар беруни шаҳр бо қувваҳои шӯришгар ҷанг давом дошт, амалдорони амир ва муллоён барои ба арк бурдани дастгиршудагон фурсат наёфта, бештарини онҳоро дар ҷои дастгиршудаашон зада мекуштанд, гушу бинии мурдагонро мебуриданд, чашмонашонро мекофтанд, рудаҳояшонро чок мекарданд, шикамҳошонро мекафонданд. Дар аъзои бадани баъзе дастгиршудагон, ин амалиётро дар ҳолати
зиндагии онҳо иҷро карда пас аз он мекуштанд, ки маҷруҳ бо азоб ва уқубатҳои шуниданошуда ҷон медод.
Бинобар ин, дар аввалҳои март кушташавандагон дар даруни арк маҳдуд буда машғулияти ҷаллодон хам аз ҳад зиёд набуд.
Дар он рузҳо ҷаллодон рӯзона бо куштани якчанд нафар ва шабона бо бор карда додани ҷасади онҳо аз кор фориғ шуда фароғат мекарданд.
Баъд аз 5-уми март, вақте ки отряди Колесов ба Қизилтеппа пас нишаст ва аҳволи Бухоро як дараҷа «осуда» шуд, амир фармон бароварда ҷор андохт, ки «дар кучаҳо одам кушта нашавад. Ҷадидоне, ки дастгир карда мешаванд, ба арки олӣ оварда шаванд, дар ин ҷо барои саломатии сари ҷаноби олӣ тасаддуқот карда мешаванд».
Ҷадид кист?
Ҷавоби ин савол ба хонандагони мо як дараҷа маълум бошад ҳам, ғазоталабоне, ки он вақт дар Бухоро гирд омада буданд, аз амалдорони амир ва муллоҳои калон «ҷадид кист?» гуфта мепурсиданд. Амалдорон —маҳрамони амир, козӣ, раис ва дигар муллоҳои калони Бухоро барои ҷадидро аз ғайри ҷадид ҷудо карда дастгир намуда овардан ба ғазоталабон ин гуна таъриф мекарданд:
«Ҳар касе, ки гиребони куртааш тугмадор бошад, ҷадид аст; ҳар касе, ки дар тани худ камзул дошта бошад, ҷадид аст; ҳар касе, ки камзули сиёҳ дошта бошад, бадтарини ҷадидон аст; ҳар касе, ки ришашро қадре кутоҳ карда муйлабҳояшро дарозтар гузошта бошад, ҷадид аст; ҳар касе, ки писарашро барои хонондан дар мактабҳои нав дода бошад, ё ин ки барои хондан ба Русия ва ё ба Истамбул фиристода бошад, ё ки худаш газета хонда бошад, ё ин ки бо газетахонон ошноӣ дошта бошад, албатта ҷадид аст; аммо дар ҷадид будани касоне, ки қадре забони русиро донанд ва ё ба Истамбул рафта омада бошанд, ҳеч шакку шубҳае нест; ҳар касе, ки ин гуна одамонро «ҷадид не» гӯяд, ё ин ки ба ҷадидии ин гуна одамон шак орад, бе шакку шубҳа ҷадид аст…»
Ин аст «таърифи пуррае», ки барои аз одамони дигар ҷудо карда дастгир намуда куштани «ҷадидон» дар моҳи марти соли 1918 ба ғазоталабони Бухоро мисли як дастуруламал дода шуда буд.
Садриддин Айнӣ
Қаламонлайн