Ҷанг алайҳи Эрон маҳбубияти Тромпро ба қаъри торих расонд
Ахбори байналмилал
Дар ҷанг алайҳи Эрон, ризоят аз амалкарди Тромп ба манфии 18 дарсад (-18) суқут кард.
Хабаргузории Форснюз: Ҳафтаномаи Нюзвик гузориш дод, мизони маҳбубияти Тромп ба поинтарин сатҳи торихии худ расид.
Ин гузориш афзуд: Бо идомаи ҷанг алайҳи Эрон, мизони маҳбубияти Доналд Тромп, раиси ҷумҳури Амрико бори дигар зарба хӯрда ва ба поинтарин сатҳи ҷадиде расидааст.
Тасмими вай барои оғози ҷанг алайҳи Эрон, бар маҳбубияти ӯ дар миёни амрикоиҳо таъсири манфӣ гузоштааст.
Назарсанҷии ахир, ки тавассути Экономист анҷом шуд, нишон медиҳад, ки 56 дарсад аз ширкаткунандагон дар назарсанҷӣ аз амалкарди Тромп норозӣ ҳастанд.
Аз сӯи дигар, дарсади посухдиҳандагоне, ки аз амалкарди ӯ ризоят доранд, ба 37 дарсад расидааст. Ба интартиб, мизони маҳбубияти ин тоҷири сиёсатмадоршуда, ба -18 суқут кардааст.
Қаламонлайн













