Ҷанге, ки чеҳраи ҷаҳонро дигар сохт

Таҳлили хабарӣ
Ҷанге, ки чеҳраи ҷаҳонро дигар сохт
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Дар рӯзи аввали набарди Ғазза, яъне 4-у анде моҳ пеш, гуфта будам ва ба гуфтаҳоям яқин доштам ва алъон боз ҳам таъкид мекунам, ки ҷанги феълӣ сарнавиштсоз аст; ба ин маъно, ки бозанда дар ин ҷанг, воқеан бозанда аст ва аз сафҳаи рӯзгор ҳазф хоҳад шуд. Ва дақиқан ба ҳамин ҷиҳат аст, ки саҳюнистҳо, бо ин ки ҳеч пуштибон ва ҳомие дар ҷаҳон барояшон боқӣ намондааст, вале намехоҳанд ҷангро мутаваққиф кунанд. Зеро таваққуфи ҷанг дар ин ҳолат, қатъан шикасти Исроил аст, чаро ки сарони режими саҳюнистӣ бахусус Натонёҳу, ба ҳеч як аз аҳдофе, ки эълон карда буданд нарасидаанд. Яъне, на тавонистанд Ҳамосро решакан кунанд ва на тавонистанд асирони худро бозбигардонанд ва на тавонистанд раҳбарони муқовамат бахусус Яҳё Синворро аз байн бибаранд. Аз ин рӯ, ба ҳар қимате онҳо дар ҳоли идомаи ҷанг ҳастанд, то магар ба “дастоварде” бирасанд.
Бойден, раиси ҷумҳури Омрико, ду рӯз пеш гуфта буд, рӯзи душанбе таваққуфи ҷанг эълон хоҳад шуд, вале гумон намекунам Омрико битавонад саҳюнистҳоро маҷбур ба таваққуфи ҷанг кунад, саҳюнистҳо идома хоҳанд дод, ҳатто асирон ҳам алъон барояшон муҳим нестанд, бигузор бимиранд, балки барояшон асли давлати ҷаълиашон муҳим аст, ки агар алъон ҷангро мутаваққиф кунанд, ин яъне шикаст ва оғози поёни Исроил.
Бале, беш аз 30 ҳазор нафар фаластинӣ дар ин набард шаҳид гаштанд ва ҳудуди 100 ҳазор маҷрӯҳ ва Ғазза ба замин яксон шуд, бале чунин аст. Баҳои пирӯзӣ бар душмане мисли Исроил, ки ҷаҳон дар баробараш хозеъ буд, ҳамин аст. Баҳои пирӯзӣ ва ғалаба бар чунин душмане бояд чунин бошад.
Вале комилан равшан аст, ки иншоаллоҳ Фаластин ва ҳомиёни Фаластин пирӯз хоҳанд шуд, дар ин шакке нест, нишонаҳо ва алоими пирӯзӣ аз ҳамакнун намоён мешавад.
Дар ин набарди хонумонсӯз на танҳо фаластиниҳо, балки беш аз 150 нафар нерӯи Ҳизбуллоҳ низ шаҳид гаштанд. Ансоруллоҳи Яман низ шаҳид дод, ироқиҳо низ шаҳид доданд.
Ба ҳар сурат, ҷаҳони баъд аз ин набард, як ҷаҳони дигар хоҳад буд, ҷабҳабандиҳо ва саффбандиҳо комилан иваз шуда. Дар як тараф, Меҳвари Муқовимат истода ва дар тарафи дигар кишварҳои ғарбӣ ва Омрико ва дар канорашон аҳзоб ва ҳатто аҳзоби ба ном исломӣ, ки ба нафъи муқовамат мавзеъ нагирифтанд.
Қаламонлайн
Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Терури афсари Сипоҳи Эрон тавассути Исроил
Амали барқасдона алайҳи Рустами Эмомалӣ, ё садама дар таъсисоти барқии пойтахт?

Матолиби пурбоздид