Ҷанги ривоятҳо дар расона
Ҳушдор
Аз дирӯз як ҷанги тамомаёре байни озодагон ва мазлумони ҷаҳон аз як тараф ва мустабиддон ва зӯргӯён аз тарафи дигар – ки режими саҳюнистӣ дар воқеъ намояндаи онҳост – оғоз шуда, ки албатта шакли сахти он ҳанӯз шурӯъ нашуда, вале шакли нарми он дар ҷараён аст ва ба шиддат барпост.
Ва намунаи боризи шакли нарми он, ҷанги ривоятҳо дар расонаҳо бахусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла дар Фейсбук аст. Ва ин ҷанг, дар аҳаммият, камтар аз ҷанги сахт дар майдони набард нест агар нагӯям, муҳимтар аст.
Азизон барои ҷанги нарм бо саҳюнистҳо, ки аз дохили утоқҳои худ дар режими “Исроил” фаъоланд ва пушти сари ҳам матолиби кизб мунташир ва шойеъа мепарокананд, камар бибанданд ва то метавонанд онҳоро хунсо кунанд. Ман фикр мекардам, ба хатти тоҷикӣ кизб мунташир намекунанд, вале имрӯз дидам, ки ба ин хатт низ фаъоланд.
Бинобар ин, азизон ба ҷойи баҳсу ҷадал бо як мушт аҳмақ, ки ҷуз ангезаҳои мазҳабӣ надоранд, ба хунсосозии акозиби саҳюнистҳо пардозед, он мазҳабзадаҳоро канор гузоред. Аз шумо ба унвони бародари кучак, таманно мекунам, ки бо ин ҷамоати суммун букмун баҳсу ҷадал накунед ва аслан онҳоро фаромӯш кунед. Зеро ин ҷамоат намефаҳманд.
Ва талош ҳам накунед, то бифаҳмонедашон, фоида надорад. Зеро як вақт ҳаст инсон намефаҳмад ва медонад, ки намефаҳмад, ки ин хайр аст. Вале як вақт ҳаст, ки намефаҳмад ва намефаҳмад, ки намефаҳмад. Ин хеле мусибат аст. Ин ҷамоат аз ин навъанд.
Барои ин ҷамоат, дар муқобили чашмонашон ҷуз як душман, ки бояд шикасташ бидиҳанд, вуҷуд надорад. Душмани инҳо фақат ва фақат шиъа асту бас. Инҳо на ба фикри душмани саҳюнист ҳастанд ва на дағдағаи мубориза бо ин душмани инсониятро дар сар доранд, балки танҳо ҳадафашон пайкор бо шиъа аст.
Ин ҷамоат мӯътақиданд, то замоне, ки шиъа ҳаст, ҷанг бо дигар душманони ислом фоида надорад, бояд аввал шиъаро аз байн бурд. Ва далел ҳам пеши худашон ва ба гумони худашон ёфтаанд ва он амалкарди султон Салоҳиддин бо Фотимиҳост. Мӯътақиданд, шиъа бадтар аз яҳуд аст ва аз ин рӯ мӯътақиданд, ки барои аз байн бурдани шиъа, метавон ҳатто бо саҳюнист ҳамкорӣ кард. Инро ошкоро тасреҳ ҳам карда ва мекунанд.
Бале, мо мутаассифона бо якчунин ҷамоате рӯ ба рӯ ҳастем, ки албатта инҳо мусалмонанд, вале мусалмони аҳмақ ва нафаҳм, дуруст мисли Хавориҷ ва балки бадтар аз он.
Бинобар ин, аз шумо мусиррона хоҳиш мекунам, дар ин мавқеъи ҳассос ва сарнавиштсоз, хештанро андармони баҳс бо ин ҷамоати суммун букм накунед. Хоҳиш мекунам, дигар баҳс дар бораи саҳоба ва ин ки фалон саҳобӣ бо дигарӣ ин кардаву он карда ва фалон ҳамсари паёмбар чунон кардаву чунин ва ғайра накунед, ҳарчанд ин ҷамоати аблаҳ таҳрикатон кунанд. Хоҳиш мекунам, фаромӯшашон созед.
Вагарна фардои қиёмат дар пешгоҳи Худованд ба хотири ин баҳсу ҷадалҳои бефоида, ки ҷуз зарару зиён ба ислом ворид намесозад, посухгӯ хоҳед буд.
Ҳар кас муқтадояш Паёмбар (с) аст, рафтору кирдораш мисли рафтори он ҳазрат бошад, ки ҳамеша кораш эҷоди иттифоқ ва ҳамдилӣ байни дилҳо буд, на ихтилофу ифтироқ, ки сабаби сустӣ ва заъфи ҷамъияти мусалмонҳост, ки:
وَأَطِيعُوا اللَّهَ وَرَسُولَهُ وَلَا تَنَازَعُوا فَتَفْشَلُوا وَتَذْهَبَ رِيحُكُمْ ۖ وَاصْبِرُوا ۚ إِنَّ اللَّهَ مَعَ الصَّابِرِينَ
“Ва Худо ва паёмбарашро итоат кунед ва бо якдигар низоъу ихтилоф макунед, ки суст ва баддил мешавед ва қудрат ва шавкататон аз миён меравад; ва шикебоӣ варзед; зеро Худо бо шикебоён аст.” (Анҷол/46)
وَاعْتَصِمُوا بِحَبْلِ اللَّهِ جَمِيعًا وَلَا تَفَرَّقُوا ۚ وَاذْكُرُوا نِعْمَتَ اللَّهِ عَلَيْكُمْ إِذْ كُنْتُمْ أَعْدَاءً فَأَلَّفَ بَيْنَ قُلُوبِكُمْ فَأَصْبَحْتُمْ بِنِعْمَتِهِ إِخْوَانًا وَكُنْتُمْ عَلَىٰ شَفَا حُفْرَةٍ مِنَ النَّارِ فَأَنْقَذَكُمْ مِنْهَا ۗ كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ اللَّهُ لَكُمْ آيَاتِهِ لَعَلَّكُمْ تَهْتَدُونَ
“Ва ҳамагӣ ба ресмони Худо чанг занед ва пароканда ва гурӯҳ-гурӯҳ нашавед; ва неъмати Худоро бар худ ёд кунед он гоҳ, ки бо якдигар душман будед, пас миёни дилҳои шумо пайванд ва улфат барқарор кард, дар натиҷа ба раҳмат ва лутфи ӯ бо ҳам бародар шудед ва бар лаби гудоле аз оташ будед, пас шуморо аз он наҷот дод. Худо ин гуна, нишонаҳои худро барои шумо равшан месозад, то ҳидоят шавед.” (Оли Имрон/103)
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн