Ҷанги ҷаҳонӣ
Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ
Ҷанги ҷаҳонӣ чӣ гуна иттифоқ меафтад?
Оё яке аз атрофи ҷанг масалан эълон мекунад, айюҳаннос, эй мардум, инак ҷаҳони ҷаҳонӣ оғоз шуда?
На, ҳаргиз!
Балки ҷаҳон фақат чанд сол пас аз оғози он, замоне, ки мебинад кишварҳои аслӣ хусусан абарқудратҳо вориди он шудаанд, мутаваҷҷеҳ мешавад, ки ин як ҷанги ҷаҳонӣ будааст.
Албатта ҷаҳонӣ будани он ба ин ҳам нест, ки дар ҳамаи кишварҳои кӯчаку бузурги ҷаҳон бидуни истисно даргирӣ ба вуқӯъ пайвандад, на, балки кофист кишварҳои бузург дар он ҳузур дошта бошанд.
Ҳудуди 80 сол пеш вақте бо як ҳодисаи кучак дар Лаҳистон, ҷанг оғоз шуд, касе фикр намекард, ки ин ҳодиса шурӯи як ҷанги ҷаҳонӣ аст, балки фикр мешуд, ин як моҷароҷӯӣ аз ҷониби Ҳитлер ва нозиҳост ва зуд оташи он хомӯш мешавад. Аммо як сол баъд замоне, ки ҷаҳониён диданд, Ҳитлер ниме аз Урупоро ишғол кардааст, тоза фаҳмиданд, ки моҷаро бузургтар аз он будааст, ки мепиндоштаанд.
Ҳодисаи 7-октябри соли гузашта – ки инак вориди соли дуввуми он шудаем – ва ҳамлаҳои бесобиқаи саҳюнистҳои нозӣ ва нажодпараст ба Фаластин ва сипас қарор гирифтани Меҳвари Муқовимат дар канори муҷоҳидони фаластинӣ, ки дар асари он то кунун беш аз 42 ҳазор дар Ғазза ва 14 ҳазор одам дар Лубнон тавассути саҳюнистҳо шаҳид шуданд ва пуштибонии бе ҳадду марзи Омрико ва кишварҳои урупоӣ аз мутаҷовизони нажодпарасти исроилӣ, ин ҳодиса ба назари ман, оғози ҷанги ҷаҳонии севвум аст.
Ва бо ин ки аҳаде эълом накарда, ки ин ҷанг як ҷанги ҷаҳонӣ аст ва назари бештари коршиносон ин аст, ки ба ҳамин зудиҳо оташи он хомӯш мешавад, аммо воқеиятҳо аз ин ҳикоят дорад, ки ин ҷанг ҷаҳонӣ аст ва ба ин зудиҳо на танҳо оташи он хомӯш намешавад, ки ба гузашти айём шӯълаи он бештар шуда ва ҳоло ҳоло поёнёфтанӣ нест. Ва балки метавон гуфт, тоза шурӯъ шуда.
Ҳеч кас аз ҷанг хушаш намеояд магар ин ки ё девона бошад ё ин ки мисли саҳюнистҳо дарандахӯ ва аз куштани одам хусусан кӯдак лаззат бибарад. Аммо воқеияти талх ин аст, ки ҷаҳон дигар вориди ин марҳила шуда ва ман фикр мекунам, то замоне ки яке аз атроф дар ин ҷанг пирӯз ва тарафи дигар комилан шикаст нахӯрад, ин ҷанг поёнёфтанӣ нест.
Ва касе, ки ғайр аз ин фикр мекунад, ӯ ё намефаҳмад ва ё таманниёташро ба унвони таҳлили вақойеъ ироа мекунад. Бале, ин ҷанг то шикасти комили як тараф, ки банда фикр мекунам он тараф режими нажодпараст ва кӯдаккуши Исроил аст, тамом нахоҳад шуд.
Албатта, дар ин миён, шоҳиди фарозу фуруд ва резишҳои зиёде хоҳем буд. Ҳанӯз он марҳила оғоз нашуда. Хеле аз кишварҳои мусалмон ва афроде, ки фикр мекардед дурустанд, онҳо ба хотири душманӣ ва адоваташон бо Меҳвари Муқовимат, мутаассифона дар канори Исроил қарор хоҳанд гирифт. Бале шояд алъон дар канори Исроиланд, аммо аланӣ накардаанд, вале ҳоло аланӣ хоҳанд кард.
Хулоса, чӣ бихоҳем ва чӣ нахоҳем, ҷаҳон бо 7-октябри 2023 вориди марҳилаи ҷадиде шудааст, ки баъд аз он қатъан мисли пеш аз он нест.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн