Ҷаҳони мудерн
Хониши ҷадид аз мудернита
Муруре бар китоби “Решаҳои илоҳиёти мудернита”, навиштаи Мойкл Олен Гилеспи
Мудернита (ё ҳамон даврони мудерн) чист ва аз куҷо оғоз шудааст? Ин мафҳум аз ҳамон оғоз муноқишаангез буд. Дидгоҳи роиҷ то кунун ба ин пурсиш ин гуна посух дода, ки мудернита қаламрави секулор аст, ки дар он, инсон ҷойи Худоро ба унвони “маркази ҳастӣ” мегирад ва мекӯшад, то бо бакоргирии илми ҷадид ва паёмади аслии он яъне текнулужӣ, ба фармонравои табиат табдил шавад.
Ҷаҳони мудерн назди аксари мутафаккирон бо унсурҳое монанди фардгароӣ, бознамоӣ (representation), кашфиёти ҷадид, озодӣ, ҳуқуқ, баробарӣ, тасоҳул, либеролизм ва давлати миллӣ фаҳмида мешавад. Ҳамчунин дар ин дидгоҳ, хостгоҳи асри мудерн ба маҳсули кори мутафаккирони қарни 18-ум бармегардад, ки фалсафаи мадрасӣ (scholasticism = схоластика)-ро канор гузоштанд ва ба илм рӯй оварданд, ва эътиқоду шӯри диниро канор заданд ва ба ҷаҳони секулор гом ниҳоданд. Аз ин манзар, асри мудерн дар фалсафаи Декорт ва Ҳобз ва илми Куперник ва Голиле реша дорад.
Аммо ба назари бархе аз мутафаккирони ҷадид, далоили бисёре барои радди ин дидгоҳ вуҷуд дорад. Китоби “Решаҳои илоҳиёти мудернита” (The Theological Origins of Modernity), навиштаи Мойкл Олен Гилеспи (Michael Allen Gillespie), ки ба тозагӣ ба форсӣ тарҷума шуда, мекӯшад, то ривоятҳои ҷадидеро дар бораи решаҳои даврони мудерн ташреҳ кунад.
Гилеспи устоди фалсафа ва улуми сиёсӣ дар Донишгоҳи Дюки Омрикост. Ҳавзаҳои тахассуси ӯ фалсафаи сиёсӣ, фалсафаи қорраи мудерн ва таърихи фалсафаи сиёсӣ аст. Ӯ ҳамчунин дар ҳавзаҳои назарияҳои сиёсӣ, идеолизми олмонӣ ва экзистентсиализм соҳибназар аст. “Ҳегел”, “Ҳойдегер”, “Бунёни таърих” ва “Ниҳилизм қабл аз Ниче”, аз ҷумлаи китобҳои ӯ ҳастанд.
Аз назари Гилеспи, дидгоҳи роиҷ мудернитаро беш аз ҳадд секулор ҷилва додааст. Ин дар ҳоле аст, ки баъд аз қуруни вусто мудернита ба дунболи ин набуд, ки динро ҳазф кунад, балки дунболи ин буд, то аз рӯйкарди дини ҷадид дар муқобили дини қаблӣ дифоъ кунад.
Дар воқеъ мудернита мехост қироат ва хонише ҷадид аз динро вориди зиндагии инсон кунад. Бар асоси ин, дар ин китоб дидгоҳҳои андешамандон ва мутафаккироне монанди Вилём Уком (William of Ockham), Эросмус (Erasmus), Лутер (Martin Luther), Декорт ва Ҳобз (Thomas Hobbes) баррасӣ шуда, то нишон диҳад, ки мудернита бештар ба унвони маҷмӯае аз талошҳо барои суратбандии як метофизик ва илоҳиёти ҷадид матраҳ будааст.
Ӯ дар пешгуфтори китоб, пешзаминаи мутолеоти ахир дар боби робитаи илоҳиёт ва мудернитаро осори бисёр таъсиргузори Ҳонс Блуменберг (Hans Blumenberg) медонад, ки рафта-рафта печидагии азими пурсиш аз решаҳои даврони мудернро ошкор карданд. Аз назари ӯ, талошҳое, ки қаблан дар паси инҳамонии мудернита бо ғалаба бар табиат ё секулор шудан буданд, рафта-рафта яксӯя ва нокофӣ ба назар мерасанд.
Нависанда дар ин китоб, фарқи асосӣ миёни он чи дар мудернита рух дода ва тафсирҳои мухталиф аз он, қоил аст. Ӯ дар ин баррасӣ, қуруни вусторо нуқтаи шурӯъи мутолеа қарор медиҳад ва мӯътақид аст, ки дар оғози мудернита талош бар ин набуда, ки дин ҳазф шавад.
Нависанда дар ин китоб, решаҳои мудернитаро бо таваҷҷӯҳ ба осори ҷадид дар илоҳиёт баррасӣ мекунад ва мекӯшад аҳаммияти ин решаҳоро дар фаҳми масоили муосире, ки акнун дар дунёи дар ҳоли ҷаҳонӣ шудан бо онҳо мувоҷеҳем, нишон диҳад. Дағдағаи аслии ӯ дар ин китоб, нақши аслии дин ва барҷаста кардани ривояти илоҳиётӣ дар шаклгирии идеяи мудернита аст.
Албатта ин назаргоҳ маъмулан ҷойе дар ривояти мудерн надорад. Дар воқеъ аз давраи равшангарӣ (ренусонс) ба ин сӯ, мудернита дар қолаби талош барои саркӯби дин намоён шуда. Ин нукта дар ҷумлаи машҳури Вултер дар бораи калисои котулик таҷассум ёфтааст: “Натиҷа чизе набуд ҷуз коҳиши бесобиқаи эътиқод ва амал ба таколифи динӣ дар нимаи дуввуми қарни 19-ум”, аммо ба гумони нависанда, мухолифат бо динро дар асри мудерн набояд шоҳиде бар ин муддао гирифт, ки зиддият бо дин аслу асоси мудернита аст.
Дар дурустии ин матлаб шакке нест, ки мудернита доиман бо шаклҳои хоссе аз омӯзаҳои динӣ (масеҳӣ) мисли ҷамоати қиддисон, таъолими мадрасӣ дар бораи қонуни табиӣ, дидгоҳи заминмарказӣ роҷеъ ба ҷаҳони табиӣ ва ғайра мубориза кардааст, аммо нависанда мехоҳад нишон диҳад, ки аз ин матлаб наметавон мухолифати мудернита бо динро дар маънои дақиқи калима натиҷа гирифт.
Бино бар истидлоли нависанда дар ин китоб, ин тасаввур иштибоҳ аст, ки мудернита реша ва ҳастаи худонобоварона, динситезона ё ҳатто лоадригароёна дорад. Ӯ баръакс мӯътақид аст, ки мудернита аз ҳамон оғоз мехост дидгоҳи тоза дар бораи дин ва ҷойгоҳи он дар зиндагии инсон бипарварад ва аз он ҳимоят кунад ва ин корро на аз сари душманӣ бо дин, балки барои ҳифзи бархе эътиқодоти динӣ анҷом дод.
Ба ақидаи нависанда, мудернитаро замоне беҳтар мефаҳмем, ки онро талоше барои ёфтани посухи метофизикӣ-илоҳиётии тоза ба масъалаи табиат ва иртибот бо Худо ва ҷаҳони табиӣ бидонем; масъалае, ки дар қуруни вусто ва дар натиҷаи набарди беамони аносури мутаноқизи худи масеҳият падид омад.
Ба гуфтаи нависандаи китоб, мудернитае, ки мо мефаҳмем ва таҷриба мекунем, маҳсули талошҳое аст, ки ҳадафашон пайрезии навъе метофизик-илоҳиёти ҷадиду мунсаҷим буд. Истидлоли нависанда ин аст, ки гарчи улуме, ки худашон маҳсули мудернита буданд, дар тӯли замон ҳастаи метофизикӣ-илоҳиётии пружаи мудернро пинҳон карданд, аммо ин ҳаста ҳаргиз аз сатҳи мудернита дур набуда ва ҳамчунон фикру амали моро ағлаб ба равишҳое, ки аз онҳо огоҳ нестем ё даркашон намекунем, ҳидоят мекунад.
Нависанда истидлол мекунад, ки талош барои хониши масоили илоҳиёт ва метофизик дар хориҷ аз чорчӯби мудернита амалан моро аз аҳаммияти мустамирри масоили илоҳиётӣ дар андешаи мудерн ғофил кардааст, ба наҳве ки бисёр душвор метавонем вазъи феълиамонро фаҳм кунем.
Ба ин тартиб, Гилеспи тақобули давраи ҳозирро мусталзими фаҳми амиқтари сарчашмаҳои динӣ ва илоҳиётӣ медонад, на ба ин далел, ки ин роҳ танҳо роҳ аст, балки ба ин далел, ки кӯмакамон мекунад, то сарчашмаҳои пинҳони шӯрҳо ва отифаҳоямон ва имконот ва хатарҳои пеши рӯи имонро бифаҳмем.
Манбаъ: Рӯзномаи Шарқ
Қаламонлайн