Ҷиҳоди Исломӣ: Шоҳиди як рӯзи таърихӣ дар Фаластин ҳастем

Ҷиҳоди Исломӣ: Шоҳиди як рӯзи таърихӣ дар Фаластин ҳастем
Ин тоза аввали кор аст
Ба гузориши пойгоҳи “Фаластин ал-явм”, дуктур Муҳаммад ал-Ҳиндӣ, муовини дабири кулли Ҷиҳоди Исломии Фаластин гуфт, ки Фаластин имрӯз шоҳиди як рӯзи таърихӣ ва шоҳиди саҳнаҳои бесобиқае аст.
Ӯ гуфт: “Муқовамат режими ишғолгарро бо мушак дарҳам кӯбид ва даҳҳо разманда марзҳоро рад карда ва даҳҳо километр нуфуз карданд ва пас аз он бо низомиёни саҳюнист даргир шуда ва шумореро ба асорат гирифта ва ғаниматҳои ҷангии бисёре ба даст оварданд”.
Муҳаммад ал-Ҳиндӣ афзуд: “Душман дар буҳту ҳайрати бузурге ба сар мебарад ва тамоми минтақа дар шок ба сар мебаранд ва душман дар амал контролро дар мувоҷеҳа бо Ғазза аз даст додааст”.
Ӯ хитоб ба режими саҳюнистӣ гуфт: “Гунбадҳои оҳанинатон ва артише, ки “ҳеч вақт шикаст намехӯрад” ва созмонҳои амниятӣ ва нерӯи заминӣ ва паҳподҳоятон куҷо ҳастанд?!”
Вай таъкид кард: “Паёми имрӯз ин аст, ки ин ҷо сарзамини шумо нест ва ин амалиёт дарсе ба “Исроил” хоҳад дод, ки ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард. Ин тоза аввали кор аст ва мунтазири фироратон аз сарзамини мо бошед. Имрӯз як рӯзи таърихӣ аст ва муъодилот тағйир кардааст”.
Муҳаммад ал-Ҳиндӣ дар поён гуфт: “Ин паёми таърихӣ аз забони гулӯла аз сӯйи Абухолид Зайф мухобира шудааст”.
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Reuters: Ҳадди ақал 22 исроилӣ дар амалиёти “Тӯфони Ақсо” кушта шуданд
Истаравшанӣ: Оғози поёни Исроил

Матолиби пурбоздид