Ҷомеа чист?

Ҷомеа чист?

Силсиламабоҳиси ҷомеа ва торих

Ҷомеа чист?

Маҷмуае аз афроди инсонӣ, ки бо низомот ва сунану одоб ва қавонини хос ба якдигар пайванд хӯрда ва зиндагии дастаҷамъӣ доранд, ҷомеаро ташкил медиҳанд.

Зиндагии дастаҷамъӣ ин нест, ки гурӯҳе аз инсонҳо дар канори ҳамдигар ва дар як минтақа зиндагӣ кунанд ва аз як обу ҳаво ва як навъ маводди ғизоӣ истифода кунанд, ин ба маънои ҷомеа нест.

Зиндагии инсоние, ки иҷтимоӣ аст, ба ин маъност, ки моҳияти иҷтимоӣ дорад: аз тарафе ниёзҳо, баҳраҳо ва бархурдориҳо, корҳо ва фаъолиятҳо моҳияти иҷтимоӣ доранд ва ҷуз бо тақсими корҳо ва тақсими баҳраҳо ва тақсими рафъи ниёзмандиҳо дар дохили як силсила суннатҳо ва низомот муяссар нест, аз тарафи дигар навъе андешаҳо, идеяҳо, хулқу хуйҳо бар умум ҳукумат мекунад, ки бар онҳо ваҳдат ва ягонагӣ мебахшад ва ба таъбири дигар, ҷомеа иборат аст аз маҷмуае аз инсонҳо, ки дар ҷабри як силсила ниёзҳо ва таҳти нуфузи як силсила ақидаҳо ва идеяҳо ва ормонҳо дар якдигар идғом шудаанд ва дар як зиндагии муштарак ғутаваранд.

Идома дорад…

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Александ Дюма; дар мавриди инсон ва ҷомеа
Афзоиши норизоятии шаҳрвандони амрикоӣ аз амалкарди Бойден

Матолиби пурбоздид