Ҷомеаи солим ва ҷомеаи бемор
Мактаби андеша
Намедонам, оё метавон бо нигоҳ ба фазои маҷозӣ, дар бораи фазои ҳақиқӣ доварӣ кард ё на, аммо агар фарзро бар ин бигирем, ки фазои маҷозӣ дар рӯзгори мо бозтобкунандаи фазои ҳақиқии ҳар ҷомеае аст – ва бештари ҷомеашиносон бар ҳамин боваранд – дар ин сурат, метавон гуфт, ҷомеаи имрӯзи Тоҷикистон ҷомеаи солиме нест, бо камоли таассуф бемор аст, аз эътидоли лозим бархӯрдор нест. Ҳам диндоронаш (бештари онҳо на ҳамаашон) дар айни беиттилоъӣ ва ё лоақал камиттилоъӣ аз ислом ва маорифи он, диндорони бисёр мутаъассиб ҳастанд, ва ҳам ба истилоҳ, бединонаш мутаъасибу ифротӣ ҳастанд. Ифротӣ ба маънои зиёдарав. Муродам аз бедин афроде ҳастанд, ки иддао доранд секулоранд, аммо мутаассифона, на дар андеша секулори воқеӣ ҳастанд ва на дар гуфтору рафтор пойбанд ба чорчӯбҳои секулоризм.
Шумо ин беморӣ ва ифротро замоне ки баҳсе ба миён ояд, ба хубӣ мушоҳида мекунед. Вақте як нафар, ки иддао дорад секулор аст (ва қатъан нест, чун аз андеша ва гуфтораш комилан ҳувайдост, ки як мутаъассиб аст, мунтаҳо мутаъассиб аз навъи бединаш) вақте ӯ матлабе дар бораи ислом ва ё ҳазрати паёмбар (с) бинависад – матлабе, ки орӣ аз мантиқу истидлол аст – ӯ ба ҷуз таҳқиру тавҳин чизи қобили таваҷҷӯҳе намеоварад. Он вақт, дар баробари матлаби ин бехирад, бо вокунишҳои аҷибу ғариб ва дар айни ҳол комилан ҷоҳилона ва таҳқиромези афроде рӯ ба рӯ мешавед, ки иддао доранд диндоранд ва мехоҳанд аз динашон ва паёмбарашон дифоъ кунанд.
Ва ба сухани дигар, бо ду сӯгирӣ ва ҷиҳатгирии комилан ифротгароёна ва ҷоҳилона рӯ ба рӯ мешавед; ду ҷиҳатгирие, ки дар моҳият бо ҳам ҳеч тафовут ва фарқе надоранд, танҳо дар зоҳир яке худро диндор мешуморад ва яке ҳам хештанро ба истилоҳ секулор. Воқеияти ин ду ҷиҳатгирӣ ҳамон ҷаҳолат, бедонишӣ ва таъассуб аст; воқеияте, ки дар дашномҳо, таҳқирҳо ва тавҳину иҳонатҳои онҳо ба якдигар, намоён мешавад.
Ва ҳамон тавр ки машҳур аст, ки: “Анносу ъала дини мулукиҳим” (Мардум дар кешу ойини ҳокимони худ ҳастанд), ин ду ҷиҳатгирӣ, дар навбати худ, мунъакискунандаи ҳолати воқеии ҳокиму ҳукуматашон аст; ҳукумате, ки ҳокимаш ва мақомоташ як мушт афроди мутаъассиб, ҷоҳил ва ифротӣ ҳастанд. Онҳо аз “секулоризм” (ки намедонанд чӣ мактабу машрабест) фақат ҳаминро фаҳмидаанд, ки дину диндор бояд аз ҷомеа рахт барбандад. Фақат ҳаминро фаҳмидаанд ва дигар ҳеч. Ин ҷамоат таҳқиру тавҳин ба намодҳои диниро “секулоризм” мепиндоранд. Онҳо имрӯз бо диндорон рафтореро пеша кардаанд, ки падарони калисо дар қуруни вусто бо донишмандон ҳамин рафторро пеша карда буданд.
Ҳамин имрӯз дидам, яке аз мудофеъони сарсахти ин ҳукумат ва ҳокимаш, дар ёддоште, бо ишора ба вокунишҳои ба истилоҳ диндорон ба ӯ дар мавриди ёваҳояш, худро ба Рӯдакӣ ва Сино ташбеҳ карда ва гуфтааст, Рӯдакиро кӯр кардед, Синоро чунину чунон кардед ва яке дигарро ба зиндон афкандед, ва имрӯз шумо, бо ман ҳамон рафторро мекунед!
Ғофил аз он ки ин муддаӣ ингор намебинад, ки ҳокиму ҳукуматаш дақиқан ҳамон рафторе, ки бо амсоли Рӯдакӣ ва Сино ва ғайра аз бузургон шудааст, бо диндорон муртакиб мешавад; ингор намебинад, ки зиндонҳои Тоҷикистон пур аз диндорон ва мухолифони сиёсии ин ҳукумат ҳастанд.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: