Ҷоред Кушнер: “Арабистони Саудӣ барои яҳудиҳо аз Омрико амнтар аст” 

Ҷоред Кушнер: “Арабистони Саудӣ барои яҳудиҳо аз Омрико амнтар аст” 
“Саудиҳо ҳамчунон муштоқи оддисозии робита бо Исроиланд”
Ба гузориши New York Post, Ҷоред Кушнер, домод ва мушовири аршади собиқи Дунолд Тромп ва тарроҳи оддисозии равобити Арабистони Саудӣ ва Исроил, дар изҳороте гуфт, ки Арабистони Саудӣ барои яҳудиҳо амнтар аз Омрикост ва давлатмардони саудӣ бо вуҷуди ҷанги ахир дар Исроил, ҳамчунон ба дунболи парвандаи оддисозии робита бо Исроиланд.
Кушнер, ки яҳудӣ аст ва гароишҳои саҳюнистӣ дорад ва аз изҳори он ибое ҳам надорад, дар як мусоҳибаи телевизионӣ гуфт: “Яке аз танзҳо ин аст, ки ба унвони як яҳудии омрикоӣ, дар ҳоли ҳозир дар Арабистони Саудӣ амнтар аз донишгоҳе монанди Донишгоҳи Колумбиё (дар Омрико) ҳастед.”
Кушнери 42-сола, пас аз бозгашт аз сафари ахир ба Арабистони Саудӣ; ҷойе, ки дар як конфронс суханронӣ кард, дар бораи саудиҳо гуфт: “Онҳо ба ман иҷоза доданд озодона сӯҳбат кунам.”
Ҷоред Кушнер, фарзанди як хонаводаи сарватманди яҳудии омрикоист, ки бо саудиҳо робитаи бисёр наздике дорад. Ӯ пас аз хуруҷ аз Кохи сафед дар соли 2017, як ширкати сармоягузории хусусӣ таъсис кард ва 2 миллиард доллар аз Сандуқи сармоягузории давлати Арабистони Саудӣ барои ширкати худ дарёфт кард.
Вай дар посух ба ин суол, ки оё оддисозии равобит ҳамчунон мумкин аст иттифоқ биафтад, гуфт: “Бале, ман мӯътақидам, ки онҳо моиланд бо Омрико ва Исроил ба пеш бираванд. Тавофуқи мавриди баҳс фақат мушорикат бо Исроил нест. Ин тавофуқ равобити онҳо бо Омрикоро ҳам таъмиқ мекунад.”
Кушнер афзуд: “Мо бояд дар назар дошта бошем, ки агар Омрико ба Арабистони Саудӣ наздик набошад, (саудиҳо) дар ҷиҳати дигар ба Чин хоҳанд рафт. Ва бинобар ин ман фикр мекунам, ки ин мавзӯъ дар ҳоли баҳс аст.”
New York Post
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Маънои шикаст
Чин номи Исроилро аз харитаҳои ҷаҳон ҳазф кард

Матолиби пурбоздид