Ҷоҳилият

 

 

 

Ҷоҳилият

Бахши аввал

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Оё тасаввуре, ки аз ин вожа ба зеҳнҳо меояд вақте ба кор бурда шавад, дуруст аст?

Оё ҷоҳилият фақат ба фазои ҳоким дар ҷомеаи даврони ҳазрати Паёмбар (с) ҳангоми беъсати ӯ гуфта мешавад, ки он ҳазрат онро тағйир дод ё на, фаротар аз он аст?

Ва ба сухани дигар, оё ҷоҳилият махсуси як замон ва як макони муайян аст ё на, балки як силсила вежагиҳо ва хусусиятҳо ҳаст, ки агар ин вежагиҳо ва хусусиёт дар ҳар замон ва дар ҳар макон дар ҷомеае дида шавад, он ҷомеа ҷомеаи ҷоҳилият ба шумор меравад?

Ва баҳсҳои дигаре, ки марбут ба ин мавзӯъ аст. Ин баҳсро бо баёни чанд нукта пайгирӣ мекунем:

 

Ҷоҳилият, маъное омм аст

Он чи маъмулан ба зеҳнҳо меояд вақте вожаи ҷоҳилият ба кор равад ин аст, ки ҷомеаи шибҳиҷазираи Арабистон ҳамзамон бо беъсати Паёмбар (с), як ҳолат ва вазъияти бисёр асафбор дошт аз назари фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ва сиёсӣ; одамҳо аксарият бесавод буданд, шумори босаводҳо аз адади ангуштон таҷовуз намекард, вуҷуди фарзанди духтар дар хонавода нангу ор шумурда мешуд ва ба ҳамин ҷиҳат, падароне буданд, ки вақте барояшон духтар зода шавад, зинда ба зинда гӯраш мекарданд, одамҳо ба хотири кучактарин масоил ва ҷузъитарини онҳо бо ҳам даъво ва даргир мешуданд ва ин даргириҳо мунҷар ба ҷангҳои хунин миёни онҳо мегашт ва ғайра. Ва он гоҳ замоне, ки ҳазрати Паёмбар (с) ба паёмбарӣ барангехта шуд, муҳимтарин ва асоситарин вазифаи ӯ ба унвони як паёмбар, тағйири ин вазъият буд ва ӯ тавонист. Яъне дар хилоли 23 соли нубувват ва паёмбарӣ, эшон тавонист ин вазъиятро дигаргун созад ва ё лоақал, фазоеро ба вуҷуд овард ва шогирдонеро парвариш дод, ки баъд аз реҳлати ӯ кори ӯро идома доданд ва тавонистанд фазоро аз назари фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ тағйир бидиҳанд.

Бо ба кор рафтани вожаи ҷоҳилият, ғолибан ҳамин маъно ба зеҳнҳо меояд яъне ҷоҳилият аз назари макон, махсуси ҷомеаи шибҳиҷазираи Арабистон буд ва назари замон, марбут ба даврони беъсат ва паёмбарии ҳазрати Муҳаммад (с).

Ва лозимаи ин маъно бо ин қайд ин аст, ки якчунин ҳолат ва вазъиятро марбут ба соири сарзаминҳо ва ҷомеаҳои он рӯз мисли Рум ва Форс – ки ду имперотурии бузург буданд ва дунёи он рӯз байни ин ду тақсим мешуд – надонем, гӯ ин ки онҳо ба ин эътибор, ки абарқудрат буданд, ҷоҳилӣ ба ин маъно, ки гуфта шуд набуданд, ҳам ба ҷиҳати фарҳангӣ ва ҳам иҷтимоӣ ва ҳам сиёсӣ.

 

Ҷоҳилият як ҷаҳонбинӣ аст

Дар оятҳои қуръонӣ ва ривоятҳои набавӣ ва гуфтори саҳоба, бо ин ки боварҳо ва хислатҳо ва рафторҳои ҷоҳилӣ марбут ба замон ва макони хосс яъне марбут ба мардуми шибҳиҷазираи Арабистон дар замони беъсати ҳазрати Паёмбар (с) ва пеш аз он дониста шудааст, вале диққат дар ин оятҳо ва ривоятҳо ва ахбор нишон медиҳад, ки далели гирифтории онҳо ба ин боварҳо ва хислатҳо ва рафторҳо, ҷаҳонбинии хосси онҳо будааст; ҷаҳонбиние, ки ҳар кас дошта бошад, аз ӯ ногузир якчунин боварҳо ва хислатҳо ва рафторҳо сар хоҳад зад, қатъи назар аз ин ки ӯ дар шибҳиҷазираи Арабистон дар даврони пеш аз беъсати ҳазрати Паёмбар (с) зиндагӣ мекарда ва ё масалан дар Урупо дар даврони муосир.

Ва ба сухани дигар, сифати ҷоҳилият, дар воқеъ сифати боварҳо, хислатҳо ва рафторҳои араби пеш аз ислом нест, балки сифати ҷаҳонбиние аст, ки он боварҳо ва хислатҳо ва рафторҳо аз ҳар инсоне, ки якчунин ҷаҳонбиние дошта бошад ношӣ мешавад.

Аз донишмандони муосир, Тосихико Идзутсу (Toshihiko Izutsu) – забоншинос, Қуръонпажӯҳ, исломшинос ва файласуфи жопунӣ, аз ҳама бештар дар ин мавзӯъ кор карда ва пажӯҳишҳои ӯ дар ин замина қобили таваҷҷӯҳ аст. Албатта, ховаршиносоне чун Игнатс Голдисиер (Ignaz Goldziher) ва Режис Блашер (Régis Blachère) ва ҳамчунин донишмандони исломие чун Абулаъло Мавдудӣ, Сайид Қутб ва бародараш Муҳаммад Қутб ва низ дуктур Алӣ Шариатӣ дар ин мавзӯъ пажӯҳишҳои қобили таваҷҷӯҳе доштанд.

Дар қисматҳои баъдӣ, аввал яке ду намуна аз гуфтори саҳоба дар васфи ҷоҳилият хоҳам овард ва сипас бо дидгоҳи Идзутсу, Мавдудӣ, Сайид Қутб ва Муҳаммад Қутб дар ин замина ошно хоҳем шуд, иншоаллоҳ!

 

“Гумони ҷоҳилият”

Вожаи “ҷоҳилият” чаҳор бор дар сураҳои Қуръон ба кор рафтааст: дар ояти 154 сураи Оли Имрон, ояти 50 сураи Моида, ояти 33 сураи Аҳзоб ва ояти 26 сураи Фатҳ. Ва дар ҳар як аз ин чаҳор маврид, аз он накӯҳиш ва мазаммат шуда. Инак, ҳар якро ба сурати ҷудогона баррасӣ мекунем:

Дар ояти 154 сураи Оли Имрон, гурӯҳе аз ба зоҳир мусалмононро ба иллати гумони нодуруст доштанашон дар бораи Худо, ба шиддат мазаммат мекунад ва гумони онҳоро ҳамонанди гумони инсонҳои даврони ҷоҳилият медонад:

يَظُنُّونَ بِاللَّهِ غَيْرَ الْحَقِّ ظَنَّ الْجَاهِلِيَّةِ

Ва дар бораи Худо гумони ноҳақ ва нораво ҳамчун гумони ҷоҳилият мебурданд…” –

Гумони ин гурӯҳ ин буд, ки тасаввур мекарданд, чун ба ислом гаравидаанд, ҳатман бояд дар ҷанг пирӯз шаванд ва бар Худо воҷиб аст, бидуни ҳеч қайду шарте, дини худро ёрӣ кунад. Ва ин гумони ноҳақ ва ботил, гумони мушрикони ҷоҳилият буд.

Зеро бархе мушрикони ҷоҳилият, бо ин ки Худовандро холиқи ҳастӣ медонистанд, вале мӯътақид буданд, ки Худо рубубиятро яъне амри тадбир ва чархондан ва гардонидани оламро ба дасти баъзе махлуқот мисли инсон, замин ва ғайра супурдааст, ки ҳар тавр дилашон бихоҳад, мегардонанд ва тадбир мекунанд ва ҳама чиз дасти онҳост.

Ҳол, баъзе аз афроди тозамусалмоншуда дар садри ислом низ, дар бораи Худо ин гуна эътиқоди ботил ва нодуруст доштанд; онҳо гумон мекарданд, ки Худованд гӯё ба Муҳаммад (с) амри тадбири ҳастиро бахшида бошад ва дар натиҷа динаш набояд шикаст бихӯрад ва мусалмонҳо ба ҳеч тақдир ва дар ҳеч шароит набояд шикаст бихӯранд ва бар Худо воҷиб аст, ки онҳоро дар ҳар сурат ёрӣ кунад.

Дар ҳоле, ки пирӯзӣ ё шикасти паёмбар ва мусалмонон, доир мадори қонуни иллият ва сабабият дар олами ҳастӣ аст, на ин ки аз он мустасно бошад. Тибқи қонуни иллият ва сабабият, агар ту кӯшиш кардӣ, пирӯзӣ насибат мешавад, вале агар сустӣ кардӣ, ҳар ки ҳастӣ, ту шикаст мехӯрӣ.

Бад нест инҷо суханони Аллома Таботабоӣ дар тафсири ин оятро биёварам; эшон мегӯяд:

Амри нубувват ва даъват, аз ин суннати ҷория (қонуни иллият) мустасно нест ва аз ин рӯ ҳар замон, ки сабабҳои пешрафти ин дин ва ғалабаи мӯъминин фароҳам шуд, ин пешрафт ҳосил гардид монанди баъзе аз ҷангҳои Расули Худо (с) (мисли ҷанги Бадр), вале ҳар замон, ки мувофиқ набуд масалан нофармонии амри Расул ва ё сустӣ дар байни мусалмонон пайдо шуд, ғалаба ва пирӯзӣ насиби мушрикон гардид ва мӯъминон шикаст хӯрдаанд (мисли ҷанги Уҳуд). Ва ҳамчунин аст ҳол дар соири анбиё бо мардум…” (Ал-мизон, ҷ.4, с.47 ва 48)

Хуб, вожаи ҷоҳилият агар ба араби даврони пеш аз ислом гуфта шудааст, ба хотири ин гуна гумони ботил буда ва он гоҳ ҳар кас – чӣ дар даврони ҳазрати Паёмбар ва чӣ алъон – якчунин гумон ва пиндоре дар бораи Худо дошта бошад, ӯ ҳам мисли араби ҷоҳилият аст, яъне гумони ӯ гумони одамони даврони ҷоҳилият аст.

Бинобар ин, имрӯз агар касеро бибинед, ки гумон кунад, бар Худост, ки дини худашро дар ҳар сурат нусрат медиҳад, ӯ ҳеч тафовуте бо араби ҷоҳилият надоштааст.

Хуб, оё имрӯз якчунин инсонҳое нестанд? Инсонҳое, ки ҳаққоният ва ё адами ҳаққонияти дин ва мактаберо доир мадори пирӯзӣ ва шикасти он бидонанд? Мусалмононро мебинанд, ки ақибмонда ва шикастхӯрда ҳастанд, он вақт айби онро ба гардани динашон мегузоранд ва мегӯянд: дини инҳо ҳақ нест, чун агар ҳақ мебуд, ҳаргиз Худо хорашон намесохт. Яъне гумон мекунанд, бар Худо воҷиб аст гаравандагони исломро дар ҳар сурат – ҳатто он замон, ки сустӣ мекунанд – бояд ёрӣ ва нусрат диҳад.

Ин аст гумони ҷоҳилият.

Идома дорад…

Қаламонлайн

 

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Баҳси қазо ва қадар
Ҳикояти Ҷувайбар ва Зулфо

Матолиби пурбоздид