Ҷоҳилият – IY

Ҷоҳилият – IY

Бахши чаҳорум

“Ҳукми ҷоҳилият”

Сайидюнуси Истаравшанӣ

4) Дар ояти 50 сураи Моида мефармояд:

أَفَحُكْمَ الْجَاهِلِيَّةِ يَبْغُونَ وَمَنْ أَحْسَنُ مِنَ اللَّهِ حُكْمًا لِقَوْمٍ يُوقِنُونَ

“Оё онҳо ҳукми ҷоҳилиятро (аз ту) мехоҳанд?! Ва чӣ касе барои афроди боимон беҳтар аз Худо ҳукм мекунад?!”

Барои равшан шудани маънои “ҳукми ҷоҳилият”, бояд ба ду ояти пеш аз ин таваҷҷӯҳ ва диққат шавад, ки иборатанд аз:

а)

وَأَنْزَلْنَا إِلَيْكَ الْكِتَابَ بِالْحَقِّ مُصَدِّقًا لِمَا بَيْنَ يَدَيْهِ مِنَ الْكِتَابِ وَمُهَيْمِنًا عَلَيْهِ فَاحْكُمْ بَيْنَهُمْ بِمَا أَنْزَلَ اللَّهُ وَلَا تَتَّبِعْ أَهْوَاءَهُمْ عَمَّا جَاءَكَ مِنَ الْحَقِّ

“Ва мо ин китобро (Қуръонро) ба дурустӣ ва ростӣ ба сӯйи ту нозил кардем дар ҳоле, ки тасдиқкунандаи китобҳои пеш аз худ ва нигаҳбон ва гувоҳ бар (ҳаққонияти ҳамаи) онҳост; пас миёни онон бар тибқи он чи Худо нозил кардааст доварӣ кун ва (ба ҳангоми доварӣ) сарпечӣ аз ҳаққе, ки ба сӯйи ту омада аз ҳавоҳои нафсонии онон пайравӣ макун…” (Сураи Моида, ояти 48)

б)

وَأَنِ احْكُمْ بَيْنَهُمْ بِمَا أَنْزَلَ اللَّهُ وَلَا تَتَّبِعْ أَهْوَاءَهُمْ وَاحْذَرْهُمْ

“Ва миёни онон бар тибқи он чи Худо нозил кардааст доварӣ кун ва аз ҳавоҳои нафсонии онон пайравӣ макун ва аз онон барҳазар бош…” (Сураи Моида, ояти 49)

Баъд аз ин ки Худованд дар ин ду оят таъкид мекунад, ки Паёмбар (с) бар тибқи он чи нозил шуд ҳукм кунад ва фармон ва дастури ҳукми Худованд иҷро шавад, мефармояд:

فَإِنْ تَوَلَّوْا

“Агар мардум рӯ гардон шуданд ва ҳукми Худоро напазиранд…” – ҳукме, ки ҳақ аст ва бархоста аз ҳавои нафс нест – дар ин сурат, онон чӣ мехоҳанд?! Ҳукми ҷоҳилият мехоҳанд?

أَفَحُكْمَ الْجَاهِلِيَّةِ يَبْغُونَ وَمَنْ أَحْسَنُ مِنَ اللَّهِ حُكْمًا لِقَوْمٍ يُوقِنُونَ

“Оё онҳо ҳукми ҷоҳилиятро (аз ту) мехоҳанд?! Ва чӣ касе барои афроди боимон беҳтар аз Худо ҳукм мекунад?!”

Дар сабаби нузули ояти мавриди назар омадааст, ки: Банӣ Қурайза ва Банӣ Назир (ду қабилаи яҳуди сокин дар Мадина), Паёмбари Акрам (с)-ро дар низоъе, ки миёни онҳо рух дода буд, ҳакам ва довар қарор доданд ва он гоҳ, ки ҳазрати Паёмбар (с) ба адолат байни онҳо ҳукм кард, Банӣ Назир нохушнуд шуданд ва ҳукми Паёмбар (с)-ро напазируфтанд, сипас ин оят нозил шуд.

Яъне ин ду тарафи яҳудӣ, бо ин ки худ соҳиби китоб буданд, вале мехостанд Паёмбар (с) на бар асоси адолат ва тибқи дастури Худо, балки бар пояи ҳаво ва хоҳишҳои нафсонии онҳо – ки араби давраи ҷоҳилият чунон буданд ва реша дар ҷаҳл ва ҳавопарастии дошт – доварӣ кунад.

Хуб, бар ин асос, оят шомили ҳар касе мешавад, ки ҳукме ғайр аз ҳукми Худоро талаб кунад. Тибқи ин оят, ҳар ҳукме ба ғайр аз аҳкоми илоҳӣ, реша дар ҳаво ва хоҳишҳои нафсонӣ дорад ва аз ин рӯ ҳукми ҷоҳилият аст. Ва ба сухани дигар, “ҳукми ҷоҳилият” танҳо махсуси араби пеш аз ислом нест, балки ҳар ҳукмеро шомил мешавад, ки фурӯ фиристодашуда аз ҷониби Худо набошад.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин оят, ба тамоми ҳукмҳое, ки имрӯза дар байни башар роиҷ аст ва реша дар ваҳй надорад ва бархоста аз ҳаво ва хоҳишҳои нафсонии онҳост, “ҳукми ҷоҳилият” гуфта мешавад.

Идома дорад…

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамлаи муқовамати Лубнон ба сохтмони пулиси исроилӣ дар Криёт-Шмона
Маод – XYII

Матолиби пурбоздид